Масъалаҳои назарраси Паёми Пешвои миллат буданд, ки бо таваҷҷуҳи зиёд мавриди истиқбол ва ситоиши Президент қарор гирифт. Аниқтараш бо боварӣ ба ҳамаи мову Шумо кормандони соҳаи маориф, ки ба таълиму тарбияи насли наврас, ҷавонон ва ҷомеа машѓулем такя намуда, баланд бардоштани сатҳи дониши хонандагону донишҷӯёнро яке аз масъалаҳои асосӣ дар замони имрӯз барои соҳаи маориф арзёбӣ намуданд. Ин таъкид ва дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат бояд ҳар яки моро дар ҷодаи ноил шудан ба дастовардҳои боз ҳам назаррас ва баланд бардоштани сифати таҳсилот ҳавасманд ва муваззаф созад.
Ташкили олимпиада ва озмунҳои гуногун дар ҷодаи баланд шудани сифати таҳсилот, ҳавасманд шудани донишҷӯён ба донишомӯзӣ ва дарки масъулияти бештар пайдо намудани омӯзгорон нақши бузургро мебозад. Аз ин лиҳоз ҳар сол ташкил намудани чандин озмунҳо ба мақсад мувофиқ ва тақозои замон мебошад.
Иштирок дар Озмуни (олимпиадаи) ҷумҳуриявии байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ” аз руйи фанҳои математика, химия, биология, забони русӣ, забони англисӣ, забони тоҷикӣ ва таърихи халқи тоҷик.
Яке аз омилҳои кӯр-кӯрона пайравӣ намудани ҷавонон ба баъзе русум ва масъалаҳои динӣ воқиф набудан ва надонистани аҳком ва масоили ахлоқии дин мебошад. Бо назардошти масъалаи мазкур дар муассисаҳои таълимӣ бояд чорабиниҳои гуногуни тарбиявӣ доир гардида, барои пешгирии амалҳои номатлуб ва гаравиши ҷавонон ба ҳаркату равияҳои экстремистию динӣ чораҳои дахлдор андешида мешуд. Гузаронидани озмуну олимпиадаҳо ва чорабиниҳои гуногуни тарбиявӣ дар муассисаҳои таълимӣ нисбат ба солҳои пеш зиёд гардида, барои тарбияи хонандагону донишҷӯён дар руҳияи ватандустӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, ахлоқ ва гуфтори нек шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Махсусан, дар ҳар як ҷашну ид ташкил намудани чорабиниҳои фарҳангии дорои характери баланди тарбиявидошта яке аз омилҳои таъсиррасонӣ ба ахлоқу рафтори донишҷӯ мебошад ва ин омил аз ҷиҳати психологӣ ба руҳу равони ҷавонон бетаъсир намемонад.
Аҳамияти ҷиддӣ додан ба масъалаҳои бо мошини шахсӣ ба муассисаи таълимӣ наомадани донишҷӯён, бегона парасти ва напушидани сару-либоси бегонаи миллати бузурги тоҷик, истифода нашудани телефонҳои мобилӣ дар муассисаи таълимӣ ва роҳ надодан ба шабгардию дигар амалҳои номатлуб ҳар рӯз дар ҷамъомадҳои донишҷуён ва тариқи дарсҳои тарбиявӣ ва курраторӣ бояд таъкид карда шавад.
Мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки норасоиҳо дар ин самт хело зиёданд ва ягона роҳи раҳоӣ аз норасоӣ ва проблемаҳо дуруст ба роҳ мондани раванди таълиму тарбия ва масъулиятшиносӣ дар ҷодаи иҷрои дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.