Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ҶАВОНОН – НЕРУИ БУЗУРГ БАР ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ

Солҳои охир мо ба воситаи телевизиону радио, матбуоти даврӣ ва сомонаҳои интернетӣ бо вожаҳои терроризм ва  экстремизм бештар вомехӯрем, ки дар баробари хондану шунидани онҳо касро тарсу ваҳм ва даҳшату ҳарос фаро мегирад. Зеро ин вожаҳо аз падидаҳои номатлуби ҷомеаи башариеанд, ки ба нобудиву нестӣ бурдани ҳаёти осоиштаи мардум, фарҳангу тамаддунҳо, миллату давлатҳо, махсусан давлатҳои миллӣ ва зери шиканҷаву зулумот бурдани ҳаёти рангини инсоният аст. Экстремизм ва терроризм яке аз омилҳои даҳшатафкан ва хатарафзо дар ҷомеа буда, имрӯзҳо мардумон ва давлатҳои сйёраро ба таҳлука андохтааст. Ин падидаи номатлуб ва мудҳиш ҷони ҳазорон ҷавонро ғорат карда, таъсири манфии беандоза ба ояндаи давлату миллат ва тақдири насли оянда гузошта истодааст.

Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравиву тундравӣ аст. Ин амалу зуҳурот метавонад дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон  – дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш ба миён ояд. Террорист шахсест, ки дар анҷом додани фаъолияти террористӣ дар ҳама гуна шакл иштирок менамояд. Террористон мехоҳанд мақсаду мароми худро бо роҳи зӯроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон терроризму экстремизмро аз мушкилоти ҷиддитарини инсоният баҳогузорӣ намуда, фаъолияти муташаккилонаи ҳамаи сохторҳои давлатиро дар ин самт воситаи асосии таъмини амният, оромиву осоиштагӣ ва поянда нигоҳ доштани давлатамон арзёбӣ мекунанд: “ Терроризм ва ифротгароӣ бо ҳамлаи оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаҳои ҷиддитарини инсоният дар қарни  XXI  табдил ёфтааст. Бинобар ин, зарур аст, ки фаъолияти тамоми сохторҳои давлатию ҷамъиятиро барои таъмини боэътимоди сулҳу субот, ҳаёти осоишта ва амнияти кишварамон равона созем”.

Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм” омадааст: “ Мубориза бар зидди терроризм яке аз вазифаҳои афзалиятноки давлат буда, функцияи худро дар ин соҳа тавассути мақомоти ҳокимияти қонунгузорӣ, иҷроия ва судӣ амалӣ менамояд”. Чунонки маълум аст, рушди ояндаи ҷомеа маҳз аз ҷавонон вобаста аст. Сарвари давлатамон низ ба ҷавонони кишвар такя намуда, баҳри татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон дар ҷумҳурӣ, барои омода гардидани ҷавонон баҳри ҳимояту пуштибонӣ аз ватани маҳбуб, рушду пешрафти кишвар ва бедорию зиракии онҳо шароит ва имкониятҳои мусоид фароҳам оварда, пайваста дар баромадҳои худ қайд менамоянд:  “Ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва неруи бунёдгарона ширкат варзанд ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд”.  Ҷавонони бонангу номуси кишвар бояд доимо сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати кишварро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, ҷиҳати татбиқ ва иҷрои он, инчунин баҳри ҳифзи сулҳу субот ва амну осоиштагии кишварамон, ки дастоварди бузурги истиқлолият, неъмати гарону ноёфтанӣ ва аз ҳама дороиву сарватҳои дунё болотар буда, миллату давлати маҳбубамонро шуҳратёр гардонидааст, кӯшишҳо ба харҷ диҳанд. Мо ҳамеша шукрона аз  фазои сулҳу осоиштагии кишвар мекунем ва хушбахтем, ки дар Тоҷикистони озоди хеш бофароғат умр ба сар бурда, аз неъматҳои фаровони истиқлолияти миллӣ баҳра мебарем.

Бо дарназардошти аҳамияти бузурги масъала Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд: “Мо бояд барои ҷавонон чунин шароите муҳайё созем ва онҳоро тарзе тарбия кунем, ки фарзандони мо дар зиндагӣ роҳи дурустро интихоб намоянд, илму донишҳои муосирро аз худ кунанд, касбу ҳунарҳои замонавиро омӯзанд ва дар оянда мақоми арзандаи худро дар ҷомеа соҳиб шаванд”. Ҷавононро мебояд, ки зиракии сиёсии худро аз даст надода, барои ҳифзи сулҳу ваҳдат ва амнияти кишвари маҳбубамон ҷаҳду талош варзанд. Ҳамеша кӯшиш кунанд, то ки фирефтаи ин гуна равияҳову ҷараёнҳои номатлуби ҷомеа нагарданд. Сарвари давлатамон дар ҳамин маврид таъкид намудаанд: “Ифротгароӣ ва терроризм ватан, забон, нажод ва дин надорад ва бо ин зуҳуроти нангин омехта кардани ислом кори нодуруст аст”.

Сулаймонова Ойҷонбӣ Ғуломовна – мудири кафедраи “ Фармакогнозия ва кимиёи фарматсевтӣ” – и МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.