Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ХОСИЯТҲОИ ШИФОБАХШИИ РАСТАНИИ ҚОҚУ – ОДУВАНЧИК (TARAXACUM)

Растании бисёрсолаи алафӣ буда ба оилаи мураккабгулҳо мансуб мебошад. То 30 – 40см қад мешавад.Гулаш зард баргҳояш поябарг навдаҳояш ковок ширадор , бебарг, мешавад. Ҳамчун ашёи хоми доругӣ дар тиб реша ва баргҳои растаниро мавриди истифода қарор медиҳанд. Дар моҳҳои март – июн гул  мекунанд.Аз ҷумла решаҳоро дар аввали баҳор ва ёнки тирамоҳ ҳангоми хазон шудани  растанӣ  ҷамъоварӣ мекунанд. Муайян шудааст, ки дар баргу гули қоқу моддаҳои тираксантин, флавоксантин, флавоноид , лютемин , витаминхои А, В2,  холлин, кислотахои органикӣ сапонинҳо, полисахариди инулин( то24% ), намакхои минералӣ, фосфор 350мг% ва бисёр моддаҳои дигар мавчуд аст. Дар таркиби решааш бошад  моддахои бетамирин, бета-стигмастерин, тараксал, тараксантин, флавоксантин, аспиригин, састерол, кислотахои органикӣ ва то 15% сафеда чой аст. Аз растанӣ  ҳамчун маводи доругӣ  дамоба ,ҷӯшоба , афшура,  маҷмуадоруҳо мавриди истифода қарор дорад. Хосиятҳои шифоии растанӣ иштиҳоовар, тозакунандаи ҷигар, берункунандаи заҳр аз хун мебошад.

Аз табибони қадим  омадааст,  ки агар шираи шири қоқуро бо шири занон омехта онро ба чашм чаконанд хирагии чашмро нест карда реши онро шифо мебахшад.

Агар шираашро бо сода омехта ба шукуфаҳо молед, шифо мебахшад.

Обҷӯши баргу решаи хушкашро барои муолиҷаи касалиҳои меъда, дарди шикам, санги гурдаву масона, талхадон, роҳи талха,  тарбод, бавосир ва доғҳои руй, ҳангоми косташавии фаъолияти чинсии занон ва мардон, диабети қанд  истифода мебаранд.

 Решаи танаи қоқуро барои  кушодани иштиҳо ва беҳтар гардонидани ҳазми хӯрок истифода мебаранд. Инчунин дар тибби халқӣ қоқуро ба сифати доруи зардаю исҳол истифода мебаранд.

Тарзи истифода:

Обҷӯши решаи қоқу; 1 қошуқи калон решаи хушку майдакардаи онро дар зарфи сирдор андохта, ба болояш 200мл оби ҷӯшомада рехта дар оташи паст 20 дақиқа ҷӯшонида , 2 соат дам дода полонида, 1/2 стакани дар як рӯз 3 маротиба 20 дақиқа пеш аз хӯрок истеъмол мекунанд.

Омӯзгори кафедраи “Фармакология ва забони лотинӣ ” и

МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”

Носирова Ш.М

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.