Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ДУШАНБЕ — МУАРРИФИ ТАЪРИХУ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ

Аҷаб шаҳри дилороӣ Душанбе,

Хаёлам зеби дунёӣ Душанбе.

Душанбе пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон, маркази илму фарҳанг, шаҳри сулҳ, зебову дилоро, пайвандгари дилҳо, макони меҳру шафқат, маскани миллати бузурги тоҷикон мебошад. Пайдоиши номи Душанбе аз чорроҳае маншаъ мегирад, ки рӯзҳои душанбе дар он ҷо бозор ташкил мешуд, ки ин чорроҳа ботадриҷ бузург шуда, номи Душанберо гирифт.  Пас аз Инқилоби октябри соли 1924 дар Осиёи Миёна тақсимоти миллии марзӣ сурат гирифт. Санаи 14-уми октябри соли 1924 шаҳри Душанбе пойтахти Ҷумҳурии Мухтори Шўравии Сотсиалистии Тоҷикистон интихоб гардид. Ҳукумати навтаъсис соли 1925 аз Бухоро ба Душанбе кӯчонида шуд ва фаъолияти худро оғоз кард. Баъди ҷумҳурии итттифоқӣ ном гирифтани Тоҷикистон эътибори Душанбе афзуда, соли 1929 номи Сталинободро гирифта, дар соли 1961 аз сари нав номи зебои қадимааш шаҳри Душанберо мегирад. Дар замони Иттиҳоди Шўравӣ шаҳри Душанбе рушд карда, ҳамчун шаҳри саноатӣ, тиҷоративу фарҳангӣ шинохта шуд. Баъд аз соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе ба дастовадҳои бузурги ҷаҳониву минтақавӣ ноил гардида, рӯз то рӯз бузургу зебо гардидааст. Ин ҳама дастовардҳо, пеш аз ҳама хизматҳои бемисли Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.

Халқи тоҷик дар тули таърихи чандҳазорсолаи худ шаҳру пойтахтҳое бунёд кардааст, ки мавриди таваҷҷуҳи оламиён будаанд. Суннатҳои шаҳрдорӣ ва санъати меъмории онҳо, ки хусусиятҳои миллӣ ва умумибашарӣ доранд, то замони мо боқӣ мондааст. Душанбе барҳақ меросдори онҳост. Имрӯз, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақилу демократӣ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ шинохта шудааст, масъулияти шаҳрдорӣ низ ба тадриҷ меафзояд, зеро акнун Душанбе пойтахти давлати мустақилу комилҳуқуқ мебошад. Ҳамаи моро зарур аст, ки бо қадри сарвати пойтахт ва моликияти давлатӣ – об, замин, барқ, боғу дарахтзор, гулбоғу чаманҳо, роҳ, нақлиёт, муҷассамаҳои бузургон, оромгоҳ, зиёратгоҳҳо расида, дар ин шаҳри дилоро чароғи сидқу сафоро фурузон нигоҳ дорем.

Нагардам сер аз руйи Душанбе,

Нигохам меравад суйи Душанбе.

Ба максад мерасад оне ки нушид,

Гулоби синаи чуйи Душанбе.

Боиси ифтихор аст, ки пойтахти азизамон – шаҳри Душанбе ҳамчун маркази маъмурии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва оинаи миллати соҳибтамаддуни тоҷикон бо дастгириву ғамхориҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, иқдомоту ташаббусҳои Роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва заҳматҳои созандаву иқдомоти ватандӯстонаи сокинони он хеле зебову замонавӣ шуда истодааст.

Таърих гувоҳ аст, ки миллати соҳибфарҳанги тоҷик бо оинҳои деринаи шаҳрсозиву шаҳрдорӣ ва бунёди марказҳои бузурги илмиву фарҳангӣ шуҳрати оламгир ёфтааст. Аз ин ҷост, ки ҳоло шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва маркази илму фарҳанги миллати куҳанбунёди тоҷик боиси ифтихори хурду бузурги мамлакат гардида, бурду бохти он на танҳо ба сокинони пойтахт, балки ба кулли мардуми кишвар тааллуқ дорад.

Тавре, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар суханрониҳои худ таъкид мекунанд, агар мо давлати соҳибистиқлол ва озоди худро дӯст дорем, дар навбати аввал бояд пойтахти онро ободу пешрафта гардонем, барои рушди он аз тамоми имконияту захираҳои мавҷуда истифода барем ва исбот намоем, ки воқеан миллати тамаддунсозу фарҳангӣ, ободгару шаҳрсоз ва шаҳрнишину шаҳрдор ҳастем. Хушбахтона, имрӯзҳо барои дар сатҳи баланди ташкиливу омодагӣ ва сазовор истиқбол гирифтани ҷашни бузургу мубораки умумимиллиамон 33 – солагии истиқлолияти давлатӣ дар тамоми гӯшаву канори шаҳри Душанбе корҳои ободониву созандагӣ вусъати бештар пайдо карда, ҷараёни корҳо дар иншооти ҷашнӣ бомаром идома доранд.

Қобили зикр аст, ки оинаи миллатнамои тоҷик шаҳри Душанбе 100 – умин сол аст, ки пойтахти давлатдории навини тоҷикон мебошаду таҳти сарварии сардафтари даврони нав Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми пешравию дастовардҳои давлату миллати тоҷикон аз ин гаҳвораи тамаддун сарчашма мегирад.

Вақте, ки мо ҳамарӯза дар кӯчаҳои он қадам мегузорем, гулгашту хиёбонхои шукуфони он ба дили мо шодию фараҳ мебахшад. Мардуми шаҳр пайваста барои ободии шаҳр ва тозагии он кӯшиш мекунанд. Ҳар сол барои боз ҳам зеботару дилчасптар намудани кӯчаю хиёбонҳои шаҳр, дар фасли баҳорон ниҳолу дарахтони ороишӣ, гулҳои рангоранг мешинонанд.

Хулоса, шукронаи ваҳдат ва тинҷию оромӣ, ки Душанбе рӯз то рӯз симои худро дигар мекунад. Биноҳои зебои замонависохт имрӯзҳо ба ҳусни зебои шаҳр ҳусни тозае зам мекунад.

Имрӯз пойтахти давлати тоҷикон шаҳри Душанбе яке аз марказҳои муттаҳидсозандаи тоҷикону форсизабонони ҷаҳон гардидааст.

Мунаваров Беҳруз Абдулазизович

Ассистенти кафедраи “Асабшиносӣ,

ёрии паллиативӣ ва

асосҳои равоншиноси” и

МДТ Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.