Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ҶАЛАСАИ НАЗОРАТИИ НАЗДИ МУОВИНИ ДИРЕКТОР ОИД БА ТАЪЛИМИ АМАЛӢ

Тибқи дастуру супоришҳои директори Муассисаи давлатии таълимии              “ Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”, номзади илмҳои тиб Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода санаи 15.04.2024 дар бинои таълимии 3- юм ҷаласаи назоратии муовини директор оид ба таълими амалӣ, номзади илмҳои тиб Давлатзода Аслам Давлат бо иштироки деканони факултетҳо, сардори бахши таҷрибаомӯзӣ ва мудирони кафедраҳо гузаронида шуд. Дар ҷаласа масъалаҳои зерин баррасӣ гардиданд:

  1. Назорати давомоти донишҷӯён.

  2. Риояи сару либоси тавсиявӣ аз тарафи омӯзгорон ва донишҷӯён.

  3. Супоридани маблағҳои шартномавии таҳсил аз ҷониби донишҷӯён.

  4. Равон сохтани хатмкунандагон ба таҷрибаомӯзии пешаздипломӣ.

  5. Назорати таҷрибаомӯзии пешаздипломӣ аз тарафи роҳбарони

     таҷрибаомӯзӣ.

6.Масъалаҳои мухталиф.

Ҷаласаро Давлатзода Аслам Давлат оғоз намуда, қайд намуд, ки имрӯзҳо яке аз масъалаҳои муҳим ин иштироки донишҷӯён дар дарсҳо мебошад. Ба деканони факултетҳо супориш дода шуд, ки ба ин масъала диққати ҷиддӣ дода шуда, гардишҳои назорати давомоти донишҷӯён гузаронида шаванд. Инчунин қайд гардид, ки ҳамарӯза дар асоси супоришҳои директори муассиса дар биноҳои таълимии коллеҷ санҷишҳои назоратии давомоти донишҷӯён аз тарафи муовинони директор гузаронида мешаванд.   Оиди масъалаи риояи сару либоси омӯзгорон ва донишҷӯён ба мудирони кафедраҳо супориш дода шуд, ки ҳамарӯза сару либоси омӯзгорон ва донишҷӯён назорат карда шавад. Махсусан таъкид гардид, ки ба масъалаи ба бар накардани либосҳои ғайримиллӣ диққати ҷиддӣ дода шавад. Қайд гардид, ки ҳамарӯза дар муассиса рейдҳои муштарак оиди риояи сару либоси тавсиявӣ гузаронида шуда истодаанд, вале боз ҳам назоратро пурзӯр намудан лозим аст. Назорати сару либоси омӯзгорон низ ҷиҳати ба бар кардани либосҳои миллӣ бояд аз мадди назар дур набошад.

Ба деканон супориш дода шуд, ки то саршавии таҷрибаомӯзии пешаздипломии хатмкунандагон оиди супоридани маблағҳои шартномавӣ барои таҳсил бо донишҷӯён корбарӣ карда шавад. Инчунин таъкид гардид, ки барои гузаштани таҷрибаомӯзии пешаздипломии хатмкунандагон рӯзҳои башумор мондааст, бинобар ин зарур аст, ки деканони факултетҳо дар якҷоягӣ бо   бахши таҷрибаомӯзӣ сари вақт рӯйхати донишҷӯён ва ҷадвали равона намудани донишҷӯёнро омода  намуда, барои тасдиқ намудан ба роҳбарият пешкаш намоянд. Аз тарафи муовини директор оид ба таълими амалӣ ба мудирони кафедраҳо ва деканони факултетҳо супориш дода шуд, ки  оиди супоридани санҷишу имтиҳонҳо то давраи оғози таҷрибаомӯзӣ назорати қатъӣ бурда шавад. Инчунин баъди равона намудани донишҷӯён ба таҷрибаомӯзӣ деканони факултетҳо бо сардори бахши таҷрибаомӯзӣ ҳамкорӣ намуда, ҳамарӯза рафти таҷрибаомӯзии донишҷӯён назорат карда шуда, ба қайд гирифта шавад.

Ҷиҳати иҷроиши дастуру супоришҳои роҳбарияти муассиса оиди пурзӯр намудани назорати ҳамарӯзаи донишҷӯён ва ҳамкорӣ намудан бо падару модарон деканони факултетҳо вазифадор гардиданд, ки рӯзҳои наздик маҷлисҳо ва вохӯриҳо бо  падару модарони донишҷӯён гузаронида шаванд. Дар фарҷоми  ҷаласа оиди ин ва дигар масъалаҳои мухталиф байни иштирокчиёни ҷаласа мубодилаи афкор сурат гирифт.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.