Мақолаҳо ТАШАККУЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ — ТАҚОЗОИ ЗАМОН Бо admin Охирин навсозӣ Apr 17, 2024 0 Таъмини ваҳдати миллӣ шарти муҳими бунёди давлати демократӣ, дунявӣ, ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ мебошад. Афзоиши иқтисодӣ, пешрафти иҷтимоӣ ва демократии мамлакат танҳо дар сурати мустаҳкам намудан ва маҳфуз доштани ягонагӣ ва иттиҳоди ҷомеа имконпазир аст. Барои ҳалли ин мушкилот Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол, соҳибихтиёр ва дар сатҳи байналмилалӣ эътирофшуда иродаи сиёсӣ ва тамоми захираҳои иқтисодию иҷтимоии заруриро дорад. Ҳифзи истиқлолият ва таҳкими давлатдорӣ, баробарии имконият ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, бунёди миллати зеҳнгаро ва рушди руҳияи миллӣ бояд таҳкурсии асосии ваҳдати миллӣ ва принсипҳои зиндагии ҳар яки мо гардад. Ҳамаи ин барои тараққиёти пуравҷ ва пайдарпайи мамлакат дар дурнамои наздик замина ба вуҷуд меоварад. Дар ҳама давру замон асоси пешрафти ҷомеаҳои мутамаддин риояи қонуну қоидаҳои адолатманишу инсонмеҳвар дониста мешавад. Дар ин замина баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва тавсеаи донишҳои ҳуқуқӣ аз ҷумлаи масъалаҳои муҳими ҳаёти имрӯза ба шумор рафта, давлату Ҳукумати мамлакат таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз ибтидои ташкили ҳукумати конститутсионӣ дар соли 1992 ба ин самт таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда, бо мақсади боло бурдани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқии муҳим ва барномаҳои алоҳидаро таҳияву қабул намудааст. Қабул ва татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ яке аз қадамҳои муҳимму умедбахш дар роҳи фароҳам овардани заминаҳои меъёрии ҳуқуқии ба маҷрои бонизом ва ояндадор равон кардани ҷомеа ба шумор меравад, ки таҳкурсии боэътимоди барномаҳои минбаъдаи давлатиро асос гузоштанд. Гузашта аз ин, асоси ташкиливу ҳуқуқии маҷмуи чорабиниҳои хусусияти омӯзишиву таблиғотидошта ба хотири маърифати баланди ҳуқуқии табақаҳои гуногуни аҳолӣ фароҳам омад. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ раванди ислоҳоти ҳуқуқӣ тамоми паҳлӯҳои зиндагии ҷомеаро фаро гирифт ва роҳҳову самтҳои инкишофро муйаян намуд. Нуқтаи асоситарини тадбиқи ин ислоҳот қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1994 мебошад, ки таҷассумгари бақои давлату миллат мебошад. Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон вазифаи муҳимтарини давлате маҳсуб меёбад, ки роҳи бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёдро интихоб намудааст. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28-уми декабри соли 2023 бармеоянд, фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024» аз 30 декабри соли 2023, таҳти №668 қабул гардид. Мақсад аз қабули фармони мазкур баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, мустаҳкам намудани институти ҳуқуқи инсон, муносибати эҳтиромона бо он, баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он ва таъмин намудани волоияти қонун, ташаккул додани низоми устувори рафтори ҳуқуқӣ, оштинопазирӣ нисбат ба ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ ва ногузир будани масъулияти ҳуқуқӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти тамоми субъектҳои тарғиб ва ташвиқи ҳуқуқӣ, ташкил намудани механизми самараноки ҳамкории давлат ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад. Анҷом додани тадбирҳои зикргардида арзиши олӣ будани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро таъмин намуда, ба эҳтиром ва риояи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, тақвияти рағбати шаҳрвандон ба донишҳои соҳаи ҳуқуқ, васеъ намудани дастрасии шаҳрвандон ба иттилооти ҳуқуқӣ, иштироки фаъолонаи шаҳрвандон дар фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ ва паст гардидани сатҳи ҳуқуқвайронкунӣ мусоидат менамояд. Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудааст: «Рушди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ба сатҳи дониш ва маърифати ҳуқуқии аҳолӣ вобастагии зиёд дорад». Паёмҳои ҳамасолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати бузургу раҳнамунсози фарзонамарди миллатро дар миқёси ҷумҳурӣ ва арсаи ҷаҳонӣ таҷассум менамоянд. Дар Паёми навбатӣ низ самтҳои асосии ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии кишвар муайян гардида, дастуру супоришҳои Роҳбари давлат ҳар як фарди соҳибватанро ба иҷрои ҳадафҳои созанда ҳидоят месозанд. Чуноне ки Роҳбари давлат таъкид намуданд, «Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки заминаи эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми кишварро фароҳам овардааст, яке аз дастовардҳои муҳимтарини мо мебошад. Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем». Таъкид кардан бамаврид аст, ки Конститутсия асосу манбаи ҳамаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ буда, дар амал татбиқ намудани талаботи ҳар як фаслу боб ва бандҳои алоҳидаи он бо фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бевосита алоқаманд мебошад. Мусаллам аст, ки мафҳуми «маърифати ҳуқуқӣ» тамоми соҳаҳои хоҷагии халқро фаро гирифта, ба тарбияи инсони ҳамаҷониба инкишофёфта равона карда шудааст, ки ӯ тавонад бо донишҳои замонавии азбаркардааш ҳуқуқҳои худро дар ҳама ҳолат ҳифз намояд. Барои ноил гаштан ба ин ҳадафи ватандӯстона саъю талошҳои дастаҷамъонаи ҳамаи табақаҳои аҳолӣ шарту муҳим аст. Дар робита ба ин мавзуъ, дар Паём ба рушди сармояи инсонӣ ҳамчун калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарин ҷиҳати таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа таваҷҷуҳ зоҳир гаштааст. Пешвои миллат омилҳои асосии ба рушди сармояи инсонӣ мусоидаткунандаро номбар карда, ҷиҳати омӯзондани касбҳои коргарӣ, саросар соҳибкасб гардондани аҳолии мамлакат, ҳар чӣ бештар дар дохили кишвар бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудани шаҳрвандон ва роҷеъ ба иҷрои дигар вазифаҳои муҳиму аввалиндараҷа ба роҳбарону мутасаддиёни идораю вазоратҳои дахлдор дастуру супоришҳо доданд. Пешвои миллат дар Паёми навбатӣ низ дар доираи рушди сармояи инсонӣ, бахусус ба нақши занон дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои миллию фарҳангӣ, дар ниҳоди фарзандон тарбия намудани ҳисси баланди ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстию масъулиятшиносӣ, инчунин, пешгирӣ кардани омилҳои номатлуби иҷтимоӣ баҳои баланд доданд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём изҳор доштанд, “Ҳамаи мо вазифадорем, ки дар шароити ниҳоят ҳассос ва ноорому пуртаҳаввули ҷаҳони имрӯза ва афзоиши таҳдиду хатарҳои муосир ба истиқлолу озодӣ, суботи сиёсӣ ва амнияти ҷомеаи башарӣ беш аз ҳар вақти дигар босабру таҳаммул ва муттаҳиду сарҷамъ бошем, тамоми саъю талоши худро ба хотири ҳимояи арзишҳои миллӣ, ҳифзи манфиатҳои давлату миллат, ободии Ватани азизамон ва рушди кишвари соҳибихтиёрамон равона созем”. Бо дарназардошти ин нуктаҳои муҳим ҳар яки мо намояндагони ҳокимияти судӣ назди хеш мақсад гузоштаем, ки ҷиҳати рафъи мушкилу камбудиҳо ва пешгирӣ аз ҷинояткориҳо аз ин ба баъд ҳам бештару бештар кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки дар соли маърифати ҳуқуқӣ баҳри баланд бардоштани савияи донишҳои ҳуқуқӣ ва маърифатнокии аҳолӣ саҳми арзандаи худро гузорем. Бояд гуфт, ки яке аз сабабҳои асосии содиршавии ҷиноятҳо вайрон намудани талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз тарафи шаҳрвандон мебошад. Бояд гуфт, ки донистани ҳуқуқ вазифаи ҳар як шаҳрванд аст. Шаҳрвандон бояд санадҳои меъёрии ҳуқуқиро донанд ва риоя намоянд, зеро дарки моҳияти санадҳои ҳуқуқӣ мавқеи шахсро дар ҷамъият боло мебарад. Нафаре, ки санадҳои меъёрии ҳуқиқиро медонаду аз талаботи онҳо бохабар аст ва риоя менамояд, метавонад, ҳуқуқҳои худро ҳифз намояд. Риоя, дарк ва эҳтироми қонунҳо дар моддаи 42-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври зайл омадааст: «Дар Тоҷикистон ҳар шахс вазифадор аст, ки Конститутсия ва қонунҳоро риоя кунад, ҳуқуқ, озодӣ, шаъну шарафи дигаронро эҳтиром намояд. Надонистани қонун ҷавобгариро истисно намекунад». Воқеан, дар ҷомеае, ки волоияти қонун ва тартибу низом ҳукмфармост, пешрафту тараққиёт ва густариши тамоми соҳаҳои ҳаёт низ таъмин мешавад. Бинобар ин, моро зарур аст, ки барои насли имрӯз дар самти риояи қонуният намунаи ибрат бошем ва ба он муваффақ шавем, ки бо қонун зистан ва танҳо дар доираи қонун фаъолият кардан ба меъёри ҳаёти ҳаррӯзаи ҳар як фарди ҷомеа табдил ёбад. Мунаваров Беҳруз Абдулазизович Ассистенти кафедраи “Асабшиносӣ, ёрии паллиативӣ ва асосҳои равоншиносӣ” МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” 0 Мубодила кардан