Баъди ноил шудан ба истиқлолияти давлатӣ ҳаёти халқи тоҷик маҷрои тозае ба худ гирифта, андешаи миллӣ бар пояи асолат таърихӣ ва арзишҳои анъанавӣ рушди фарогир ёфт. Барои ташаккули дурусти худшиносии динӣ зарур аст, ки меъроси динӣ, аз ҷумла меъроси фиқҳӣ ва каломи Имоми Аъзам метавонад намунаи равшани гуфтугӯи динӣ ва тамаддунҳоро арзёбӣ кунад. Бешубҳа арзишҳои динӣ дар ташаккул ва инкишофи худшиносии миллӣ аҳамияти зиёд дорад. Аз ҷумла поягузори мазҳаби ҳанафӣ Имоми Аъзам намунаи баланди инсондӯстиро дар зиндагӣ ва таълимоти худ нишон додааст. Кофист, ки муносибати ӯро бо яҳудии ҳамсояаш мисол биёрем. Яҳуд аз муносибати ғамхорона то ҳадде зери таъсир қарор гирифт, ки кеши Абуҳанифаро қабул кард. Муносибати худ ва таҳаммулпазирӣ аз ояти Қуръони Карим аз ҷумла ояти 2-и сураи Моида, ояти 83-и сураи Бақара, ояти 86-и сураи Ниссо, ояти 41-и сураи Юнус ва ғайра сар мезанад. Мавқеи Ислом нисбати пайравони дигар динҳо дар асоси усули таҳаммулпазирӣ ташаккул ёфтааст. Аз ин ҷо шиносонидани назари воқеии Ислом, хусусан, мазҳаби Абуҳанифа ҳамчун иқдоме барои таҳкими муколамаи Ислом бо дигар дину тамаддунҳо хизмат мекунад. Уммати мусулмон дорои меъроси бузург ва арзишманди фарҳангӣ мебошад. Таърихан фарҳанги умумиисломӣ бо ҳифзи асолати динӣ ва ҷавҳари тавҳидӣ дар худ беҳтарин самараҳои фарҳангии қавму халқҳои мухталифро таҷассум намудааст. Ва умати Ислом, ки аз миллатҳои гуногун иборат аст. Ҳар кадом ба дини Ислом бо такя бар ҳифзи ҳуввияти фарҳангии худ даромадааст. Уммати мусулмон бар асоси ягонагии динӣ ва гуногунрангии фарҳангӣ ташаккул ёфтааст. Ислом бо такя бар асли тавҳид ба масъалаи худшиносӣ ва худсозии миллатҳои мусулмон маҷрои ягона бахшидааст.
Худои мутаъол дар сураи Ал-Ҳуҷарот мефармояд: “Эй мардум, ба дурустӣ, ки Шуморо аз марду зан офаридем ва Шуморо халқҳо ва қабилаҳо сохтем, бо якдигар шиносо шавед”.
Воқеан халқи тоҷик дар шинохти ҷавҳар ва ҳақиқати ин дини бузурги тавҳидӣ ва шикасти таассуби қавмӣ дар назди Худои мутаъол метавонад аз парҳезгортаринҳо дониста шавад.
Бинобар ин пешгӯиҳои Расули акрам низ чи дар ҳаққи саҳобагон ва чи тобеъин бар ҳақ мебошанд. Дар ҳадиси саҳеҳ ба ривоят Имом Бухорӣ ва Имом Муслим аз Абуҳарайра омадааст: “ Агар илм ба осмон ба ситораи Сурайё овезон бошад, марде аз мардони форс (ба ривояти дигар мардоне аз эшон- ва ба Салмони форсӣ, ки дар он маҷлис ҳузур дошт ишора карданд) онро ба Замин меоваранд”. Имом Ҷалолуддини Суютӣ яке аз соҳибони “Тафсири Ҷалолайн” дар китоби худ “Табайизи-с-саҳифа би манокиби-ул-имом Абуҳанифа” мегӯянд, ки ин ҳадис дар ҳаққи Имоми Аъзам аст, зеро ҳеҷ касе ҳамтои Абуҳанифа дар мақоми илм набуд ва яке аз чунин шахсиятҳои беназир фақеҳи муҷтаҳид Имоми Аъзам – Нуъмон ибни Собит ибни Марзбон мебошад.
Дар айни замон набояд фаромуш кард, ки Тоҷикистон давлати дунявӣ аст. Ин рукни давлатдории миллӣ ҳисоб мешаванд. Дин кори хусусии ҳар як шаҳрванд ва инсон буда, аз эътиқоди озоди ҳар кас бар меояд. Диёнати шахс маҷбурӣ ва тахмилӣ буда наметавонад. Ба дин дохил шудан ва аз дин хориҷ гаштан ба иродаи худи шахс вобаста буда, ихтиёрӣ аст.
Бояд зикр кард, ки Қуръони Карим низ дар масъалаи интихоби дин ихтиёрдории шахсро рукни асосии муносибати банда ба Худо ҳисоб мекунад. Худои таъоло дар ояти 256-уми сураи “Ал-Бақара” мефармояд: “Ло икроха фи-д-дини” яъне дар дин маҷбуркунӣ нест. Дар инҷо низ озодӣ бандаи асоси аст. Худо ғанию бениёз аст ва маҷбур кардани шахс ба дин ва ё маҷбуран монондани шахс дар дин эҳтиёҷ надорад.