Мақолаҳо НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР РАВАНДИ ТАШАККУЛЁБИИ СИЁСАТИ ХОРИҶӢ Бо admin Охирин навсозӣ Apr 25, 2024 0 Сиёсати хориҷии Тоҷикистон сиёсати «дарҳои кушод», сулҳхоҳона ва беғараз буда, дар роҳи татбиқи он давлати мо омода аст, ки бо ҳамаи кишварҳои дунё робитаҳои дӯстонароба пояи эҳтироми ҳамдигар, баробарӣ ва ҳамкориҳои судманд густариш диҳад. (Эмомалӣ Раҳмон) Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҷаҳон чун кишвари ташаббускор дар ҳалли масоили глобалӣ ва таъсиргузор дар танзими равандҳои сиёсии минтақа мешиносанд. Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон қадамҳои устувор гузошта, бо пешбурди сиёсати мантиқӣ ва пешниҳодҳои созандааш мавқеи худро истеҳком бахшид ва дар оянда низ бо қадамҳои устувортар дар паҳнои олам нақшофарӣ хоҳад кард. Замоне, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон Истиқлоли давлатӣ ба даст овард, воқеияти ҳол чунин буд, ки дар вазъи ниҳоят ҳассосу мураккаб ва печидаи сиёсӣ касе аз сиёсатмадорони вақт ҳозир набуд, ки масъулияти роҳбарии давлатро ба уҳда гирад. Аз нухбагони сиёсии вақт нафаре ҳозир набуд, ки рисолати ҳаётан муҳим, яъне раҳо кардани давлати тозаистиқлоли тоҷикон аз вартаи нестӣ ва таъмини сулҳу осоишро анҷом диҳад. Дар чунин вазъи душвор, маҳз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Пешвои ҳақиқии миллат, ки дар ҷодаи сиёсат аз миёни мардум бархостанд, бо ҷасорат, дарки масъулияти баланд ва ҳисси ватанхоҳӣ азми наҷоти Ватан, мубориза барои пойдории давлат ва таъмини ҳастии миллат карданд. Дар чунин ҳол, баробари ҳалли масъалаҳои мураккаби сиёсати дохилӣ, муаррифии ҷумҳурӣ дар арсаи байналмилалӣ ва ба даст овардани эътирофу эътимоди ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбат ба Тоҷикистон коре буд басо мушкил. Барои анҷоми ин рисолати муҳим Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 29 сентябри соли 1993 бори аввал аз минбари Созмони Милали Муттаҳид ҳадафҳои сулҳҷӯёна ва азму ниятҳои неки давлати тозаистиқлоли моро бо нақшаҳои бунёдкорона, ба ҳайси субъекти мустақили муносибатҳои байналмилалӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуданд. Дастовардҳои халқи тоҷик дар даврони истиқлолият таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёданд, вале инъикоси самти сиёсати хориҷии онҳо далел аз самаранокии дипломатияи тоҷик, талоши ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва эъмори давлати пешрафта шаҳодат медиҳад. Новобаста аз ин, мо набояд ба ин дастовардҳо иктифо намуда, барои рушди бештари кишвар, татбиқи ҳадафҳои стратегии он талош ва афзоиши нуфуз ва мақоми Тоҷикистони соҳибистиқлол дар саҳнаи ҷаҳонӣ талош намоем. Қадами дигари муҳим дар ин масир, ин бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шудани Конститутсия буд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҷаҳониён давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муаррифӣ намуда, инчунин, бунёди ҷомеаи адолатпарварро аз ҳадафҳои волои давлат муайян кард, ки ба боло рафтани эътибори байналмилалии ҷумҳурӣ замина фароҳам кард. Дар ин раванд Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати дипломатӣ», Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки дар асоси Конститутсия таҳия ва ба тасвиб расиданд, заминагузори ҳадафу вазифаҳо, хостаҳои давлат ва мардуми кишвар дар роҳандозии сиёсати хориҷӣ баҳри ҳимоя ва татбиқи манфиатҳои миллӣ гардиданд. Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари пешбарандаи сиёсати хориҷии сулҳҷӯёнаву созанда эътироф шудааст ва мо низ дар заминаи ҳамин мафҳум бо ҳамаи давлату созмонҳо ҳамкории судмандро ба роҳ мондаем. Дастёбӣ ба чунин муваффақият ҳанӯз дар ибтидои даҳаи дувуми марҳалаи соҳибистиқлолӣ, дар натиҷаи бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ шудани сиёсати хориҷии «дарҳои кушода», муяссар гардид. Бо такя ба сиёсати «дарҳои кушода» давлати мо равиши хоси дипломатияи худро дарёфт ва имрӯз, на танҳо дар ҳалли масоили минтақавӣ ва ҷаҳонӣ иштироки фаъол дорад, балки дар арсаи байналмилалӣ ба ҳайси як кишвари пешсаф ва пешбарандаи ташаббусҳои аҳамияти глобалидошта эътироф гардидааст. Зикри як нуктаи дигар низ бағоят муҳим аст, ки расидан ба истиқлоли миллӣ дар охирин даҳаи садаи бист барои миллати тоҷик на оғози давлатдорӣ, балки бозгашт ба саҳнаи сиёсати ҷаҳонист. Вале мо дар оғози замони Истиқлоли давлатӣ ниҳод ё сохтори мукаммали татбиқкунандаи сиёсати хориҷӣ надоштем. Аз ин лиҳоз, имрӯз бо итминони комил ва бо ҳисси ифтихор бояд гуфт, ки ташаккули сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳошияи он таъсис ва фаъолияти Вазорати корҳои хориҷӣ зодаи ҳақиқии даврони истиқлол ва самараи заҳматҳои хастанопазири Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри таъмини ояндаи дурахшони давлату миллати тоҷик мебошанд. Дар маҷмӯъ, таҳия ва татбиқи усуливу пайгиронаи стратегияи ҳамаҷониба асоснок ва санҷидаи байналмилалӣ бо дарназардошти ҳадафҳо ва манфиатҳои олии Ватан, ҳамчунин ҳамоҳанг сохтану омезиш додани онҳо бо ниёзҳо ва манфиатҳои глобалӣ сабабгори узви мустақил, фаъол, ташаббускор ва соҳибэҳтироми ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидани Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад. Аз ин рӯ, мардуми кишварро зарур аст, ки барои ободии кишвар, сулҳу ваҳдат, таҳкими арзишҳои динию маънавӣ ва фарҳангӣ дар атрофи Пешвои миллат муттаҳид гардида, баҳри татбиқи нақшаҳои нек – ҳифзи истиқлолият, дину оин, номуси ватандорӣ ва таъмини шароити хуб барои ояндаи миллат саҳмгузор бошем. Олимова Шафоат Эргашовна – декани факултет, МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” 0 Мубодила кардан