Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

РУШДИ ПСИХИКИИ РАВАНДҲОИ МАЪРИФАТИИ НАВРАСОН

Мазмуни мафҳуми «таълим» дар синни наврасӣ хеле васеъ мешавад, чунки дар ин синну сол  азхудкунии дониш аз қолаби барномаи таълимӣ мактабӣ берун баромада барои мустақилона азхудкунии дониш муносибати шуурона, эҷодӣ ва мақсаднок зарур аст. Дар ин синну сол хонандагон маҳорат ва малакаҳои мустақилона донишомӯзӣ пайдо мекунанд. Наврасон ба соҳаҳои гуногуни илм, техника, санъат, варзиш ҳавас пайдо мекунанд. Вале баъзе наврасон дар як вақт ба як чанд соҳаи илм майлу рағбат зоҳир мекунанд. Аз ин рӯ дар рафти таълим протсесси маърифатӣ ва қобилияти фикрии хонандагонро инкишоф додан зарур аст. Наврасон ба мазмуни як қатор мафҳумҳои илмӣ сарфаҳм мераванд, онҳоро ба ҳаёт ва муҳити атроф муқоиса карда, алоқа ва муносибати байни онҳоро муаян мекунанд ва хулосаҳои зарурӣ мебароранд.

Идрок – яке аз протсессҳои маърифатии инсон ба шумор меравад. Предмету ҳодисаҳое, ки ба узвҳои ҳиссии инсон ба таври яклухт таъсир мерасонанд идрок номида мешавад. Ҷараёни таълимро бе идроку мушоҳида тасаввур кардан мумкин нест.

Дар ҷараёни таълим қобилияти идроки мураккаби таҳлилию таркибии предмету ҳодисаҳо инкишоф меёбад. Идроки наврасон бомақсадона, бошуурона ва системаноку пурмазмун мешавад. Наврасон на танҳо хусусиятҳоиғайримуҳими предмету ҳодисаҳоро ба таври сатҳӣ идрок мекунанд, балки ҷиҳатҳои муҳими предмету ашёҳо, алоқаю муносибати дохилии онҳоро ҳам идрок мекунанд. Вале дар ҳолати суст будани шавқу ҳавас предмету ашёҳо ва материалҳои таълимиро рӯякӣ дарк мекунанд.

Дар ин синну сол  идроки  масофа, фазо, вақту ҳаракат дар наврасон ботартиб ва идорашаванда мегардад.

Диққат – протсесси алоҳидаи психикӣ набуда, балки вай тарафи муайяни фаъолияти психикии инсон аст, ки ҷоришавии дигар протсессҳои психикӣ ба он вобаста аст.

Ба ягони объекти муаёян нигаронидан ва мутамарказонидани фаъолияти психикии инсон ва аз дигар таъсиркунандаҳо дуршавии он диққат номида мешавад.

Диққат дар синни наврасӣ ботартибона ва идорашаванда мешавад. Аз як тараф диққати ихтиёрӣ ташаккул  меёбад ва аз тарафи дигар, дар натиҷаи фаъолияти пуравҷу хурӯши ҳаёти наврасон ва зудтаѓйирёбии имконоти психикию маънавии онҳо, фарогирии ҳиссиётҳо ва фаъолгардии онҳо ба парешондиққатии наврас сабаб мешавад.

Хотир – Образҳои ашё, предмет ва ҳодисаҳои ҳақиқати реалӣ, ки дар асоси эҳсос ва идрок кардан пайдо мешаванд, бе нишона ва бе осоре нобуд намегарданд. Онҳо то ин ё дараҷае ба хотир гирифта мешаванд, нақш мебанданд, мустаҳкам мегарданд ва дар шароити муносиб аз нав ба хотир оварда мешаванд.

Чуноне ки психологи рус А.В. Петровский мегуяд: «Хотир ин бахотиргирӣ, дархотирнигоҳдорӣ ва минбаъд аз ҷониби фард

азнавҳосилкунии таҷрибаи он мебошад».

Протсессҳои хотир монанди ҳодисаҳои дигари психикӣ бо ҳамаи хусусиятҳои шахс, ки дар зери таъсири ҳаёт ва фаъолияти одам ташаккул меёбанд, алоқаи ҷудонашавада доранд. То кадом дараҷа тез ва ё суст бахотиргирифтан ва азнавбахотировардан, чй тавр ба осонӣ ва ё бе душворӣ аз нав ҳосилкардан ва ё шинохтани ҳамаи онҳо ба дараҷаи муайян ба талабот ва шавқу ҳаваси худи шахс, майлу хоҳиш ва одатҳои вай, муносибати ӯ нисбат ба предметҳои ҳодисаҳо, умуман, ба ҳамаи хусусиятҳои фарқкунандаи худи шахс вобастагӣ доранд.

Образҳои предмету ҳодисаҳо, ки дар асоси процесси эҳсосу идрок ба амал меоянд, дар хотири инсон нигоҳ дошта мешавад ва дар вақти зарурат аз навҳосил карда мешаванд, ҳамчун тасаввуротҳои хотир башумор мераванд ва асоси донишҳои мо ва фаъолияти фикриро ташкил медиҳанд. Ҳар гуна амалҳои фаъолият ва хусусан амали фикрӣ ба образҳои пешина иҷро карда мешаванд ва реалӣ мегарданд. Доир ба ин психологӣ барҷастаи рус Петровский А.В. чунин менависад: «ҳеҷ гуна амали актуалӣ берун аз протсессҳои хотир тасаввурнашаванда аст, бигузор он амали ниҳоят соддаи психикӣ бошад ҳам»

Гурӯҳи дигари тадқиқотҳо (Грановская Р.М., Ляудис В.Я., Лурия А.Р. ва ғ.)  нишон медиҳанд, ки бахотиргирии материали таълимӣ ба мақсаду маром, шавқу ҳавас ва умуман ба равияи хонанда вобаста аст. Яъне, агар хонанда нисбати материали таълимӣ шавқу ҳавас зоҳир кунад ва мақсаду мароми ӯ гардад, он гоҳ мазмуни материал бо муваффақият ба хотир гирифта мешавад.

Тафаккур- протсесси олитарини маърифатиест, ки тавассути он инсон дар бораи хусусиятҳои муҳими предмету ҳодиаҳои олами  материалӣ ва алоқаи байни онҳо маълумоти мушаххас мегирад. Дар синну соли миёнаи  мактабӣ қобилияти  фикронии инсон нисбатан мураккаб мешавад. Барои аз худ кардани асосҳои илм ба наврас лозим аст, ки миқдори зиёди донишҳоро азхуд намояд. Дар рафти таълим наврасон алоқаю муносибат ва вобастагии таносуби байни предмету ашёҳоро муайян мекунад. Онҳо бо ин восита сабабу оқибати воқеъаҳоро таҳлилу таркиб, муқоиса ва ҷамъбаст мекунанд. Дар вақти фикрронӣ ба иҷрои амалҳои фикрӣ наврасон аз шаклҳои тафакур истифода мебаранд ва барои шарҳу эзоҳи масъалаҳо кӯшиш мекунанд. Аз ин рӯ, барои шуурона омӯхтани фаъолияти таълимӣ лозим аст, ки дар наврасон тафаккури фаъол, мустақил ва абстрактӣ инкишоф дода шавад.

Раҳмонов Бахтиёр Саторович – ассистенти кафедраи “Асабшиносӣ,
ёрии паллиативӣ ва асосҳои равоншиносӣ”-и МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.