Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ПАЙДОИШИ РАДИОӢ

Пайдоиши радио аз корҳои физики англис Майкл Фарадей ва Чеймс Максвелл ибтидо мегирад. Мавҷҳои электоромагнитии радио диапазонро аввалин маротиба олими олмонӣ Генрих Гертс солхои 1886-1889 кашф  карда буд. Олими рус Александр Попов аз таҷрибаи Генрих Гертс истифода бурда,  7-уми майи соли 1895-ум дар шуъбаи физикаи Ҷамъияти физикаю химияи рус кори радиостансияи кабулкунандаро намоиш дод. Ӯ соли 1896-ум дар масофаи 250 метр бе сим радиосигнал фиристод, баҳори соли 1897-ум дурии радиоалоқаро ба 600 метр расонид. Тирамоҳи ҳамон сол ба 5 километр ва нимаи соли 1901-ум радиоалоқаро ба 150 километр расонид.

Нахустин гуфторҳои радиои солҳои 1919-ум дар радио лабараторияи Нижний Новгород ба таври санҷишӣ шунавонида шуд. Дар Маскав аз соли 1924-ум сар карда барномаҳои радио ҳамарӯза садо медод.

Баъд аз 35 соли ихтирои радио дар Тоҷикистон 10 апрели соли 1930  радио ба фаъолият оғоз кард. Он замон радио дар мавҷҳои миёна кор карда, аз соати 7-и субҳ то 22-и шаб барнома пахш менамуд.

Бояд гуфт, ки пас аз ба вуҷуд омадани мавҷҳои радиои дастгоҳи мавҷ қабулкунак ё радиоприёмник ба вуҷуд омад. Дар аввал дастгоҳҳо хеле калонҳанҷм буданд. Мардум дар хонаҳои худ мегузоштанду барномаҳоро гуш мекарданд. Имруз бо баробари пеш рафтани техналогия дастгоҳҳои радиоӣ низ хурдҳаҷм шудаанд. Дар бозору мағозаҳо дастгоҳҳои хурди родиоӣ ҳаст, ки тариқи он метавон аз хабарҳо огоҳ шуд. Ҳатто аз телефонҳо ҳам метавон барномаҳои ин ё он радиоро гуш кард.

Ҳангоми харидорӣ кардани дастгоҳҳои радио бояд ба баъзе ҷиҳатҳо таваҷҷӯх намоед, масалан,  бояд ба тамғаи дастгоҳ этибор диҳед. Агар тамға надошта бошад, ин моли қалбакӣ аст ва дастгоҳ зуд вайрон мешавад. Дастгоҳи босифатро зуд пай бурдан мумкин аст. Он тамғаи истеҳсол дорад, тугмачаҳои пахшаш мустаҳкаманду намуди зоҳириаш низ аз дигар дастгоҳҳои пастсифат фарқ мекунад. Агар таҷҳизот аз мӯхлати кафолати додашуда зудтар вайрон шуда метавонед, ба фурӯшандаи радио дастгоҳро баред ва маблағи худро гиред, ё ба дигар дастгоҳи родио иваз намоед.  Бо ин амал Шумо ҳукуқҳои истеъмолкунандагии худро ҳимоя менамоед.

Ба андешаи муҳаққион радиои тоҷик марҳилаҳои гуногунро паси сар кард, ки ҳар як давра хусусияти хос дорад:

– давраи аввал ба солҳои шуравӣ рост меояд.

– давраи дуюмро метавон ба солҳои истиқлолият нисбат дод.

Дар радиои давраи соҳибистиқлолӣ, ҳарчанд анъанаҳои фаъолияти касбӣ идома ёфтанд, аммо он аз чанд ҷиҳат аз марҳилаҳои қаблӣ фарқ мекунад. Ин фарқро, пеш аз ҳама, ба дигаргун шудани низоми пахши барномаҳои радиоӣ ва рангоранг гардидани мақом ва дараҷаи мазмуну муҳтавои гуфторҳо фаҳмидан мумкин аст.

Баъдан, ба шарофати сулҳу истиқлол ва демократисозии ҷомеа дар низоми радиоҳои муосири тоҷик: формати расмӣ, омехта, хусусӣ, шаҳрӣ, вилоятӣ, ноҳиявӣ, тиҷоратӣ-фароғатӣ ва амсоли ин ташкил ёфт. Вале Радиои «Тоҷикистон» ба сифати аввалин радиои ватанӣ то имрўз фаъолияти худро чунин вусъат бахшидааст:

а) шуъбаи хориҷӣ (1949), шуъбаи шаҳрӣ (солҳои 1960-ум) (қаблан фаъолият доштанд ва бо рўҳияи талаби замон тағйири ном карданд. Ба мисоли “Барномаи дуюм”, барномаи «Фурўғи Ориёно» (1993)) ва ғайра;

б) радиоҳое, ки дар замони истиқлол таъсис ёфтанд, чун «Садои Душанбе», «Овози тоҷик», «Фарҳанг»;

Баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ дар фазои иттилоотии  мамлакат тағйироти куллӣ ба амал омад, зеро дар баробари дигар васоити ахбори омма радио низ рушд карда, теъдоди радиоҳои давлатӣ ва мустақил зиёд гардид.

Дар ҳақиқат радио дар замони муосир яке аз воситаҳои расонидани иттилоот  ба ҷомеа эътироф гардида, дар инъикоси воқеоти рӯзгор, таҳкими асолати миллӣ, рушди давлатдорӣ, тавсеаи ҷаҳонбинии мардум, пойдории адолат ва дӯстию рафоқат нақши муассир дорад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Конститутсия, ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор кафолат дода шудааст. Дар баробари ин аз 14 ноябри соли 1996 инҷониб Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ» амал мекунад, ки тамоми самтҳои ташкилию ҳуқуқӣ ва фаъолияти телевизион ва радиошунавониро ба танзим медарорад.

Радио дар таъмини  фазои иттилоотии Тоҷикистон саҳми назаррас дошта, мақсади аслии он ғанӣ гардонидани фазои иттилоотии Тоҷикистон бо ахбори ҷолибу созанда ва таъмини фароғату баланд бардоштани маънавиёти мардум мебошад. Бояд  иброз дошт, ки мавқеи радиоро на телевизион ва на интернет танг карда наметавонад, зеро радио ҳамқадами замон буда, мақому мартабаи худро аз даст намедиҳад».

 

Гулматов Аъзамхон Холмпатович – ассистенти     кафедраи

“Технологияи иттилоотӣ, ташхис ва табобати нурӣ”

дар МДТ “Коллеҷи тиббии Ҷумҳуриявӣ”

Шарипова Фариза Ибрагимовна – ассистенти     кафедраи

“Технологияи иттилоотӣ, ташхис ва табобати нурӣ”

дар МДТ “Коллеҷи тиббии Ҷумҳуриявӣ”

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.