Хабарҳо ҲАМОИШИ ИДОНА ДАР КАФЕДРАИ “ФАРМАКОГНОЗИЯ ВА КИМИЁИ ФАРМАТСЕВТӢ”-И МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ” ТАҲТИ УНВОНИ “ИДИ ЗАФАР МУБОРАК!” Бо admin Охирин навсозӣ May 9, 2024 0 Дар асоси дастуру супоришҳои директори муассиса, номзади илмҳои тиб Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода, муовини директор оид ба тарбия Саидова Мавҷуда Мирзошарифовна ва нақшаи чорабиниҳои кафедра ҷиҳати гузаронидани чорабиниҳои тарбиявӣ бахшида ба 79- умин солгарди Рӯзи Ғалаба бар Германияи фашистӣ санаи 08.05.2024 дар кафедраи “Фармакогнозия ва кимиёи фарматсевтӣ” бо иштироки донишҷӯёни факултети “Кори фарматсевтӣ” ҳамоиши идона таҳти унвони “Иди Зафар муборак!” гузаронида шуд. Дар ҳамоиши идона омӯзгорони кафедраҳои бинои таълимии 3- юм иштирок намуданд. Ҳамоиши идона бо қироати Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Барномаи ҳамоиши идона аз намоиши наворҳои видеоӣ оиди қаҳрамониҳо ва ҷонфидоиҳои халқҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, аз ҷумла тоҷикон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ғалаба бар фашизм, “Дақиқаи хомӯшӣ”, “Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст” иборат буд. Инчунин аз тарафи донишҷӯён саҳнаи тарбиявӣ, қироати шеърҳо дар васфи Ватан, қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, сулҳ, Тоҷикистон, дӯстии халқҳо ва рақсу таронаҳои дилошӯб пешкаш гардиданд. Аз фурсати муносиб истифода бурда, ҳамаи собиқадорони ҷангу меҳнат ва ҳамватанони азизро бо Рӯзи Ғалаба табрику таҳният гуфта, ба ҳамагон осмони софу беғубор, умри дароз ва саломатии бардавому хушиҳои зиндагиро таманно дорем. Рӯзи Ғалаба муборак бошад! Пеш 1 то 17 саҳифа Баъдӣ 0 Мубодила кардан