Мақолаҳо 25-МАЙ РӮЗИ ҶАҲОНИ ФУТБОЛ Бо admin Охирин навсозӣ May 23, 2024 0 Пас аз ба даст овардани истиқлоли кишвар, Федератсияи футболи Тоҷикистон 25-уми декабри соли 1991 ҳамчун ташкилоти ҷамъиятии «Федератсияи футболи Тоҷикистон» (ФФТ) дубора эҳё гардонида шуд. Соли 1994 бошад, ба сифати намояндаи давлати мустақил ба узвияти Федератсияи Байналмилалии Ассотсиатсияҳои Футбол (FIFA) ва Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) пазируфта шуд. Дар даҳсолаи аввал (1992-2001) ФФТ давраи душвори ташаккулро аз сар гузаронд. Ташкили чемпионати дохилӣ низоми мураттаб надошт, вале касбияти бозигарон баландтар буд, зеро ҳамаи онҳо шогирдони мактаби футболи давраи шӯравӣ буданд. Аз ин рӯ, дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқоти интихобии қаҳрамонии ҷаҳон ва Осиё рақобатпазиртар буд ва имкон дошт, ки ба марҳилаи ниҳоии ин мусобиқаҳо роҳ ёбад, аммо бо сабабҳои гуногун ин имкониятҳо аз даст раҳо шуданд. Даҳсолаи нави (2012-2022) таърихи футболи тоҷик навгониҳои зиёди хушбинкунандаро ба бор овард. Ислоҳоти футболи тоҷик дар солҳои охир нишон медиҳад, ки футболи ватанӣ дар як муддати кӯтоҳ дигаргуниҳои равшану намоёнро паси сар карда, ба марҳилаи нави рушд ворид шудааст. Бо ибтикори бевоситаи раиси ФФТ мӯҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кишвар садҳо барномаву нақшаҳои ҷолиб барои рушду беҳбуди футбол амалӣ гардонида шуданд.Сохтмони майдонҳои футбол ва варзишгоҳҳои мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ оғоз гардид. Лигаҳои мувофиқи футболи Тоҷикистон таъсис ёфта, мактаби доварони ҷавон ба фаъолият шуруъ кард. Бошгоҳҳои футболи ватанӣ дар раддабандии AFC ба натиҷаҳои назаррас ноил шуданд. Барои баланд бардоштани савияи касбии тамоми мутахассисони соҳа, аз ҷумла доварон, мураббиён, маъмурон, маркетологҳо курсу семинарҳои зиёди байналмилаливу дохилӣ ташкил карда шуданд. Ин чорабиниҳоро дастурдиҳандагони ботаҷрибаи FIFA ва AFC роҳбарӣ намуданд. Дар замони истиқлолият футболбозони тоҷик дар арсаи байналмилали низ баромад намуда, тими футболи тоҷикро муаррифи намуданд. Дар мусобиқаи 48-уми байналмилалии “Ҷоми Шоҳ-2022” («King’s Cup 2022») дар Тайланд иштирок намуда, бо пирӯзӣ ба ватан баргашт. Тоҷикистон дар ин мусобиқаи бонуфузи байналмилалӣ бар тими миллии Тринидад ва Тобаго, ки соли 2006 иштирокчии Ҷоми ҷаҳонии футбол буд ва тими миллии Малайзия ғалабаи таърихиро ба даст овард. Мунтахаби ҷавонони то 19-солаи Тоҷикистон дар чемпионатҳои Осиё дар соли 2016 ва 2018 то марҳилаи 1/4 ниҳоӣ баромад. Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар чемпионати Осиё дар соли 2018 ба бозии ниҳоӣ роҳ ёфта, соҳиби медалҳои нуқра, мақоми дуюм ва роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон-2019 ба Бразилия шуд. Дар соли ҷорӣ футболбозони тими миллӣ дар мусобиқаи Ҷоми Осиё – 2023 фаъолона иштирок намуда маҳорату малакаи волои худро ба ҷаҳониён муаррифӣ карданд. Онҳо то даври чорякниҳоии ин мусобиқа расиданд, ки ин барои мардуми тоҷик боиси як ифтихору сарбаландӣ мебошад. Расидан ба даври чорякниҳои дар аввалин иштирок дар Ҷоми Осиё -2023 ин худ барои тими мунтахаби Тоҷикистон як қаҳрамонӣ мебошад. Бо роҳ наёфтан ба даври ниманиҳоӣ ҳангомаи футболи тоҷик ба охир нахоҳад расид. Аз ҳама муҳимаш он аст, ки руҳияти футболбозони мо қавӣ ва шикастнопазир мебошад. Бо ҳамин, дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба қатори ҳашт дастаи беҳтарини Ҷоми Осиё -2023 дохил гардид. Ин дастовардҳои тими миллии Тоҷикистон дар саҳифаҳои таърихи миллату давлат бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд. Маҳз бо ҳамин бозиҳои ҷолибу шавқовар ва нишондодҳои хуб, футболи тоҷик ба марҳилаи нави рушди худ оғоз мекунад. Мо умедворем,ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар оянда, дар мусобиқаҳои дохилӣ ва хориҷи фаъолона иштирок карда муаррифгари давлату миллати тоҷик хоҳанд шуд. Тоҷикистон ба шарофати роҳи дурусти рушд дар футболи Осиё обрӯю эътибори калон пайдо кардааст. Имрӯз Тоҷикистонро аллакай ҳамчун як кишвари устувори футболӣ мешиносанд. Ҳоло барои ҳамаи роҳбарону мутахассисони футбол аз ҳама муҳим он аст, ки ҳамон суръати тараққиётеро, ки онро аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ Президенти Федератсия муайян кардааст, нигоҳ дорад. Новобаста ба ҳама дастовардҳо, дар мо мавзуҳои ҳалталаб ҳоло зиёданд. Футбол танҳо бозӣ нест, ин пеш аз ҳама як мактаби хуби тарбияи ҷавонон, бедор кардани ҳисси ватандӯстиву ифтихори миллӣ, имкони пайдо кардани мавқеи худ дар зиндагӣ, яъне лоиҳаи бузурги иҷтимоӣ, фарҳангӣ, маърифатӣ ва иқтисодӣ мебошад. Мо бояд онро бо тамоми қувва ва восита дастгирӣ кунем. Ёдовар мешавем, ки 7 май Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаро дар бораи эълон намудани Рӯзи ҷаҳонии футбол, ки аз ҷониби Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ пешниҳод гардида буд, қабул намуд.Бозии футбол яке аз роҳҳои беҳтарини беҳдошти саломатӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим, инчунин муҳимтарин василаи муттаҳидсозии халқу миллатҳои гуногун мебошад. Дар робита ба ин Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ 9 феврали соли 2024 бори нахуст ба Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод намуданд, ки нақши муҳими футбол дар сатҳи ҷаҳонӣ дарк ва пазируфта шуда, бо қабули қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии СММ расман Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон гардад. Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаро оид ба эълон намудани Рӯзи ҷаҳонии футбол, ки ба ҷуз аз Тоҷикистон ду давлати дигар, аз ҷумла Баҳрайн ва Либия низ онро дастгирӣ кардаанд, қабул намуд.Дар қатънома аҳамияти дар руҳияи сулҳ, ҳамфикрӣ, ҳамкории байналхалқӣ, дӯстӣ, таҳаммулпазирӣ ва бе ҳеҷ гуна табъиз гузаронидани чорабиниҳои бузурги варзишӣ таъкид шудааст. Ҳамин тариқ, ҷомеаи ҷаҳонӣ ташаббуси Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалиро дар бораи Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон намудани 25 май якдилона пазируфт. Ин ҳама дастовардҳои футболи тоҷик самараи истиқлолият, кӯшишу талошҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомали мебошад. Хоҷаев Фаррух Исмоилович Ассистенти кафедраи”Тарбияи ҷисмонӣ” МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” 0 Мубодила кардан