Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ТОҶИКИСТОН, МУЛКИ МАРДОНИ БАОР

Кишвари азизамон Тоҷикистон дар меҳвари худ табиати зебо, куҳҳои сарбафалаккашида, кулу дарёҳои обаш шаффоф, ҳавои соф, шахсиятҳои тамадунсоз ва наслҳои ояндадорро соҳиб аст. Баъд аз соҳибистиқлол гардидани кишвари азизамон ба роҳбари давлат муяссар гардид,ки Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибтамаддун ва сулҳофар бо такя ва дастгирии ҷавонон ба кишварҳои дигар муаррифи намоянд. Ҳанӯз соли 1992 бо дарназардошти аҳамият ва зарурати ташаккули сиёсати ҷавонон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» қабул гардид. Қабул гардидани ин санади муҳим ҳамчун заминаи ҳуқуқӣ дар тарбияи ҷавонон шароити мусоид фароҳам овард.

Консепсия миллии сиёсати давлатии ҷавонон Стратегияи сиёсати давлати ҷавонон то соли 2030,Барномаи давлати тарбияи ватандўстии ҷавонони Тоҷикистон,Барномаи рушди саломатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайра амалӣ гардида истодааст. Имрўз нақши пурэҷози дастони ҷавонони созанда ва бунёдкор дар ҳамаи ҷабҳаҳои хоҷагии халқи ватанамон назаррас аст, ки аҳамият ва нишонаҳои возеҳи он таваҷҷуҳи хоссаи давлатро нисбат ба табақаи наврасону ҷавонон зиёд намуд. Ҳоло беш аз 40 ҳазор нафар ҷавонони соҳибистъдоду лаёқатманди тоҷик дар хориҷи кишвар аз ҳисоби давлат таҳсил карда истодаанд.

Ободкориву созандагии ҷавононро сари ҳар қадам ва дар ҳар соҳа дида,аз фараҳу шоди лабрез мешавем.Иштироки ҷавонон дар мустаҳкам намудани пояҳои истиқлолияти давлатӣ,ҷараёини демократикунонии ҷомеа хеле назаррас аст.Мо ба ояндаи неки ҷавонони саодатманд,созандагону диловарони  Ватан боварӣ дорем ва ба кору фаъолияти ҷавонони росткору шоиставу ватанхоњ,эҷодкору бунёдкор,далеру шўҷоу муҳофизони ватан ифтихор менамоем.

Ҳамасола бо шарофати сиёсати хирадмандонаи роҳбари давлат дар кишвари хуршедию пур аз меҳру вафои мо – Тоҷикистони азиз рӯзи 23-юми май рӯзи ҷавонон бо шукуҳ таҷлил мегардад.  Умуман, саҳми ҷавонон гузашта аз ин дар ҳифзи ин дастовардҳои миллат бисёр муҳим аст. Он ҷасорат ва нерумандие, ки дар симои ҷавонон мушоҳида менамоем, ба назар аён аст, ки дар тамоми самтҳои ҳаёти ҷомеа бештар ҷавонон имрӯз ҳастанд, инчунин ҷавонон ояндаи миллатанд. Дар симои ҷавонон эҳсоси наҷиби ватандорӣ, пайрави аз сиёсати давлат ва дарки масъулият дар кору амалҳояшон дида мешавад.

Ғамхории роҳбари давлат нисбат ба ҷавонон зиёд аст. Нахустин вохурие, ки роҳбари давлат бо ҷавонон карда буданд, соли 1993 буд, ки худ нишони боварӣ ва ғамхории Пешвои миллат ба ҷавонони кишвар буд. Ҳамин як вохӯрии самии роҳбари давлат бо ҷавонон саҳифаи наверо дар ҳаёту фаъолияти кишвар гузошт.  Ташаббуси дигаре, ки нақши ҷавоноро боло бурд, аз ҷониби Сарвари давлат соли 2017 эълон гаштани “Соли ҷавонон” муаррифӣ гардид.

Дар маҷмӯъ, саҳми Пешвои миллат нисбат ба ояндаи ҷавонон дар ҳар вохуриҳо ва паёмҳояшон беназир буда, баҳри ҷавонон дар ҳама самтҳои фаъолияти ҳаёти ҷомеъа шароитҳои заруриро муҳаё намудаанд. Қайд намудан ба маврид аст, ки ҷавонони тоҷик бо азми иродаи қавӣ ва ҷасорат бо пуштибонӣ аз дастовардҳои Истиқлол дар таҳкиму ояндаи миллат бештар камари ҳиммат мебанданд.

Азимова М.А. омўзгори кафедраи “Фармакогнозия ва кимиёи фарматсевтӣ”- и МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.