Сарвари давлатамон ҳамеша аз минбарҳои баланд қайд менамоянд, ки давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт тамоми шароитҳои заруриро аз қабили таҳияи санадҳои хуқуқӣ, қабули барномаҳои давлатӣ, таъсиси боғчаҳои бачагона, кўдакистонҳо, мактаб-интернатҳо, муассисаҳои табобативу фароғатӣ, курсҳои кўтоҳмуддати омўзиши касбу ҳунар, забономузӣ, сохтмон ва таъмири мактабу китобхонаҳо, нашри адабиётҳои навини таълимӣ сол ба сол афзудани маблағгузорӣ ба ин соҳаи ҳаётан муҳимро муҳайё месозад, то ки насли наврас ва ҷавонони мо чун ниёгонамон худшиносу худогоҳ, ватандӯсту ватанпараст, ба камол расида, дар ҳаёти минбаъдаи худ ва миллату ватан саҳмгузор бошанд.
Донишманди маъруф Унсурулмаолии Кайковус дар асараш «Қобуснома» андар боби фарзанд парваридан ва оини он овардааст, ки «…бидон, эй азизи ман, ки агар Худо туро писаре диҳад аввал номи нек ба вай неҳ, ки аз ҷумлаи ҳақҳои падарон яке ин аст, баъдан ба доягони меҳрубон супор ва вақти хатна кардан суннат ба ҷой овар ва ба ҳасби тоқати хеш шодмонӣ кун ва чун бузург шавад вайро пешае биомӯзӣ…».
Дар такя ба ин гуфтаҳо чуноне дар суханронии Президенти мамлакат омада буд, ки дар ҳамаи зинаҳои таълиму тарбия ва такмили ахлоқу маънавиёт масъулияти асосӣ ба души падару модар аст, зеро падару модар дар саргаҳи ташаккули андешаву эҳсос ва рушди ҷаҳонбинии фарзанд қарор доранд, онҳо дунёро бо чашму дили волидайн дарк карда, муносибати худро ба олами атроф, қалб аз ҳама, аз дидгоҳи онҳо муайян менамоянд, ки он амри воқеӣ мебошад.
Доир ба парвариш ва одоби фарзандон дар асари «Кимиёи саодат» мутафаккири барҷаста Муҳаммад Ғаззолӣ омадааст, ки: «…фарзанд амонатест дар дасти падару модар ва дили ӯ чун об соф асту чун ҷавҳар нафис ва нақшпазир чун мум, аз ҳамаи нақшҳо холист. Чун замин пок аст ҳар тухме, ки дар он афканӣ бируяд, агар тухми хайр афканӣ босаодати дин ва дунё расад. Агар бархилофи он кунанд, бадбахт шавад ва аз ӯ корҳои ношоиста ба вуҷуд ояд, дар дунё ва қиёмат дар азоби он фарзанд падару модар низ шарик бошанд».
Нек ба ин ҳикмат назар андозем гуфтаҳои Прездендти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ёд меоянд, ки ҳангоми қабули қонуни мазкур изҳор дошта буданд, ки фарзанд меваи умри одамизод аст. То замоне, ки ҷон дар бадани инсон аст, набояд ӯ аз таълиму тарбияи фарзанд канораҷӯи кунад.
Қонуни мазкур имконият фароҳам меорад, ки насли солиму тарбиятдида ташаккул ёфта, барои ободиву пешрафт ва эътибори Тоҷикистон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ саҳмгузор бошанд. Масъулияти волидайн зиёд гардида, дар амалигардонии Қонун ҳиссагузор бошанд ва барои эҳёи арзишҳои миллӣ ва маънавиёти ҷомеа имкониятҳо фароҳам оянд. Қонун имконият фароҳам меорад, ки ҳар як аъзои ҷомеа нисбати тавлид ва тарбияи дурусти фарзанд дар назди ҷомеа, миллат, оила ва фарзанд масъулияти бештарро дарк намуда, барои иҷроиши талаботҳои он кӯшиш ба харҷ диҳанд. Хушбахтона бояд кайд кард, ки азбаски қонун дар асоси фикру андешаҳои тамоми қишрҳои ҷомеа пешниҳод гардида қабул гардид дар низоми муносибатҳои оилавӣ, раванди таълиму тарбия ва рушду инкишофи минбаъдаи Тоҷикистони азиз мусоидат менамояд.