Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ҲАМОИШ ТАҲТИ УНВОНИ “МО ҶАВОНОН, НАСЛИ ХУШБАХТИ ТОҶИКИСТОНЕМ” БАХШИДА БА РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН

Санаи 23 майи соли 2024, тибқи дастури директори муассиса н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода ва иҷроиши нақша – чорабиниҳои қисми тарбия дар толори фарҳангии бинои таълимии 2-юми муассиса бахшида ба “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон” ҳамоиши сиёсӣ – фарҳангӣ таҳти унвони “МО ҶАВОНОН, НАСЛИ ХУШБАХТИ ТОҶИКИСТОНЕМ” баргузор гардид.

Дар ҳамоиш директори муассиса н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода, муовини директор оид ба корҳои таълимӣ Одилзода Исмоил Ёқубҷон, муовини директор оид ба корҳои тарбиявӣ Саидова Мавҷуда Мирзошарифовна, муовини директор оид ба корҳои таълими амалӣ ва таҷрибаомӯзӣ Давлатзода Аслам Давлат, муовини директор оид ба корҳои маъмурӣ ва хоҷагидорӣ Маъмурзода Диловар Маъмур, сардорони шуъбаҳо, деканони факултет, мудирони кафедраҳо ва омӯзгорону донишҷӯёни фаъоли муассиса иштирок намуданд.

 Нахуст чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ роҳбари муассиса н.и.т. Ашуриён Ш. С.  оғоз намуда, ҳозиринро бо фарорасии Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон самимона табрик гуфта ва барояшон саломативу сарбаландӣ, муваффақиятҳои пайдарпайи касбиву эҷодӣ, бахту саодат, иқболи баланд ва тамоми хушиҳои зиндагиро таманно намуд. Мавсуф  ҷавононро умеду орзуи имрӯзу фардои меҳан, идомадиҳандаи кору пайкори гузаштагони пуршарафи миллати тоҷик ва бунёдгузорони фардои дурахшони Тоҷикистони азиз унвон намуда, муваффақияту пешравии онҳоро қадами бузурге дар роҳи таъмини пояндагии сулҳу осоиш дар мамлакат номид.

Муаллимаи азиз инчунин қайд намуданд, ки дар даврони Истиқлоли давлатӣ Ҳукумати кишвар нисбат ба ҷавонон таваҷҷуҳ ва ғамхории махсус зоҳир намуда, ба хотири дастгирии онҳо тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ мегардонад. Аз ҷумла дар ин давра ҷиҳати пешбурди сиёсати давлатии ҷавонон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои инкишофи ҳамаҷонибаи онҳо як силсила нақшаву барномаҳо қабул ва амалӣ гардонида шуда, татбиқи як қатор барномаҳои дигар идома дорад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аксарияти аҳолиро ҷавонон ташкил дода, эшон идомадиҳандаи кору пайкори насли калонсол, нерӯи созанда ва қувваи бунёдкор буда, дар маҷмӯъ ояндаи давлату миллат ба шумор мераванд.

Дар идомаи ҳамоиш аз ҷониби роҳбарияти муассиса ба омӯзгороне, ки дар дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, ҳиссагузорӣ дар пешбурди таълиму тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ободкориву созандагӣ саҳм гузоштаанд, ҳамчунин донишҷӯёни фаъоле, ки хониши аъло, рафтори намунавӣ, иштироки дар чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ, озмунҳои ҷумҳуриявӣ, олимпиадаҳои тахассусӣ ва спартакиадаҳо фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардида буданд, бо ифтихорномаву маблағҳои пулӣ дар фазои тантанавӣ, сарфароз гардонида шуданд.

Дар охир аз ҷониби ҳунармандон ва ҳаваскорони дастаи “Шифобахш”-и назди шуъбаи ташкилӣ – тарбиявӣ ва кор бо ҷавонони коллеҷ ба ҳозирин як чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ намоиш дода шуд, ки саршори таронаҳои ватандӯстона ва тараннуми ҷавониву ҷавонон буд. Ҳозирин аз ҳунару истеъдоди санъаткорон болида гардида, бо кафкӯбиҳои бардавом ҳунармандонро дастгирӣ намуданд.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.