АБӮАЛӢ ИБНИ СИНО ВА НАҚШИ ОН ДАР ТИББИ ҶАҲОНӢ
Таърихи ақлонии инсоният гувоҳ аст, ки идеяи сиёсатмадорон ва мутафаккирон ҳарчанд онҳо ҳақ ҳастанд ва ё иштибоҳ мекунанд, аҳамияти бузург дошт. Зеро дар ҳамаи давру замон андеша ва амалкардҳои онон ба ҳаёти халқҳо алоқамандии зиёд дорад. Дар мавриди таваҷҷӯҳи асосии чунин сарсупурдагони таърихӣ масъалаи худшиносӣ, худсозӣ, худбарқарорнамоӣ, худфаҳмӣ, адолати иҷтимоӣ ва дигар арзишҳои умумиинсонӣ ва умумимазҳабӣ қарор гирифта буданд. Маҳз адолати иҷтимоӣ ва эҳсоси баробарҳуқуқӣ натиҷаи чунин талошҳои бепоёни инсонӣ маънидод мешаванд. Тасвири ҷомеаи боадолат ин нахустин кӯшишҳое буд, барои ба вуҷуд овардани зиндагии босаодат. Тасаввуроти нодурусти иддае одамонро оид ба назарияи адолат натиҷаи сустии дониш ва нашинохтани хештан маънидод мекарданд. Мушоҳида намудан осон аст, ки ҳисси расидан ба зиндагии хуб дар ботини ҳамаи одамон мавҷ мезанад. Орзуҳои бузургро парваридан инсонро рушд медиҳад, лекин роҳи расидан ба он тамоман чизи дигар мебошад. Аз ҷумла шахсиятҳои таърихӣ иродаи сустро ҳамеша ба ҳаёти одамон хатарнок мефаҳмиданд. Мутафаккирони тоҷик идора кардани нафси худро камоли одами дониста, пайваста таъкид мекарданд, ки ҳиссиётҳои қафобарандаро аз худ дур намудан лозим, вагарна идора карда натавонистани эҳсосот инсонро нобуд мекунад. Мавҷудияти муҳаббат дар ботини фард одамонро водор месозад, ки ба барқарорнамудани худ ва нотакрор сохтани худ гузаранд. Мӯъҷизакории ақл ва иродаро муҳаббат ба вуҷуд меорад. Таърихи инсоният чунин мисолҳои зиёдеро медонад, ки одамон барои Ватан, санъат, оила, ва ғ. аз сабаби эҳсоси муҳаббат доштанашон худфидоиҳои бузург карданд.
Аз ҷумлаи чунин адолатхони нотакрор дар таърихи фалсафаи тоҷикон Абӯалӣ Ибни Сино мебошад. Аз рӯзгор, саргузашт ва корномаи илмии ин шахсияти олами тамаддун ба шарофати зиндагиномае, ки қисмати аввали онро худаш навишта ва қисмати дувум ва такмили он ба қалами шогирди вафодораш- Абӯубайди Ҷузҷони мансуб аст, маълумоти нисбатан комил то замони мо расидааст. Ин зиндагинома бо номҳои «Таърихи аҳвол», «Рисолаи саргузашт» ва «Сира» маъруфият пайдо карда ва манбаи таҳқиқотҳои минбаъда оиди Сино гардидааст.
Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино яке аз бузургтарин нобиғаҳои ҷаҳонӣ дар ҳамаи давру замонҳо, олими забардасти тоҷик, ки дар соли 980 охири асри X ва соли 1037 аввали асри XI зиста дар соҳаҳои ниҳоят гуногуни илм, хусусан дар инкишофи фалсафа ва тибби дунё саҳми босазое гузоштааст. Вай парвардаи муҳити фарҳангии Сомониён буд. Вале кисми зиёди умри Абӯалӣ ибни Сино баъди пош хурдани давлати мутамаркази давлати Сомониён дар гирдоби ҳодисаҳои мудҳиши нимаи аввали асри XI сипарӣ гардид. Ӯ гоҳ чун табибу файласуф, баъзан ба сифати фақеҳу вазир, ҳатто замоне чун маҳбуси зиндони ҳаёт умр ба сар бурд, чун надими хоси подшоҳону маликон низ рӯзгор гузаронидааст. Аммо ӯ лаҳзае аз омӯзиш ғафлат наварзида, аз пажӯҳиш ва корҳои илмӣ фориғ набуд.
Абӯалӣ илми тибро аз Абумансур Ҳасан Камарии Бухороӣ, ки табиби дарбори Нӯҳ ибни Мансур буд, омӯхт. Аслан омӯзиши илми тибро ӯ дар 12-солагӣ шурӯъ карда буд, вале ба маслиҳати Абусахли Масеҳи аз идомаи таҳсил худдорӣ намуда, чанде таваққуф намуд. Ба ҳамин тариқ, Абӯалӣ дар 16-солагӣ чун як табиби ҳозиқ дар тамоми Бухоро шинохта шуд. Абуалӣ шахси ниҳоят пуркор, ҷидди ва меҳнатдӯст буд. Нафақат ақли расо ва қобилияти баландаш боиси пешрафти илмӣ ва маънавии ӯ мешуд, балки кӯшиши амиқ, сабру тоқат ва ҷаҳду талошҳояш низ воситае буд, ки пирӯзӣ ва комёбиҳои маънавии ӯро таъмин мекард.
Абӯалӣ дар ҷаҳон аз пурмаҳсултарин олимон ва адибон эътироф гаштааст. Фаъолияти эҷодии вай аз солҳои 996-997 шурӯъ шуда, расо 40 сол давом кардааст. Ӯ осори насриву назмиашро ҳам ба арабӣ ва ҳам ба тоҷикӣ эҷод кардааст. Сабаби бисёре аз асарҳои худро ба забони арабӣ навиштани Абӯалӣ он аст, ки забони арабӣ дар он замон ҳамчун забони илму маданият шинохта шуда буд. Ҳамчунин китобҳои зиёди илмию ахлоқии юнонӣ, ибронӣ, ҳиндӣ ва паҳлавӣ ба забони арабӣ тарҷума шуда, истилоҳоте, ки мафҳумҳои илмиро ифода мекарданд, дар ин забон устувор гардида буданд. Забони арабӣ барои ҳамаи донишмандони асрҳои X-XI фаҳмо буда, дарси мадрасаҳо ба ин забон мегузашт. Осори Абӯалӣ ниҳоят зиёд аст. Аз рӯйи тадқиқ ва ҳисоби донишманди машҳури эронӣ Саид Нафисӣ (1896-1966) миқдори асарҳои Абӯалӣ, ки алҳол маълум шудааст, ба 456 мерасад. Дар китобхонаҳои давлатӣ ва шахсии олам 162 асари ӯ нигоҳ дошта мешавад. Аз ҷумла 23 асари вай бо забони модариаш, яъне тоҷикӣ эҷод шудааст. Ҳамчунин як миқдор шеърҳои тоҷикии Абӯалӣ низ ба замони мо расидаанд. Асарҳои Абӯалӣ аз ҷихати ҳаҷм хеле гуногун буда, аз рисолаҳои мухтасар то асарҳои чандинҷилда иборат мебошад. Асари «Китобулинсоф», ки аз байн рафтааст, дар 20 ҷилд, «Алҳосил вал маҳсул» дар 20 ҷилд, «Китобушшифо» дар 18 ҷилд, «Лисонулараб» дар 10 ҷилд, «Ал-Қонун» дар 5 китоб, «Наҷот» дар 3 ҷилд эҷод шудаанд. Кулли ин осор, ки зикрашон рафт, дар инкишоф ва такомили улуми мавҷуда нақши сазовор гузошта, то кунун ба арзиши бузурги таърихӣ, маданӣ ва илмӣ моликанд. Тамоми асарҳои ӯро метавон ба 4 гуруҳ тақсим кард:
Асарҳои доир ба ҳикмат, фалсафа ва ахлоқ ва мантиқ.
-
Асарҳо оид ба тиб.
-
Асарҳо доир ба илмҳои дақиқ.
-
Асарҳо роҷеъ ба забону адабиёт ва санъат.