УСТОД АЙНӢ ВА ЗАБОНИ АДАБИИ ТОҶИК
«Миллате, ки арзишҳои миллии хешро қадр карда наметавонад, қиммату манзалати забони миллати гайрро низ эътироф наметавонад кард.”
Эмомалӣ Раҳмон
Оре, забони тоҷикӣ чун шаҳду шакар ширину гуворо, барои мо тоҷикони рӯйи дунё азизу бебаҳо аст.
Бале, забон неъмати Парвардигор аст, ки баҳри инсон ато шудааст. Он муҳимтарин воситаи робитаи одамон буда, олами дурахшони рушду камоли ҷамъият маҳсуб меёбад. Забон-сарвату дороӣ ва таърихи бани башар ба ҳисоб рафта, бурду бохт ва муваффақияту нобасомониҳои ҳар як қавму миллат маҳз тавассути он ифода меёбад. Дар олам қавм, халқ ва миллате арзи вуҷуд надорад, ки бо ҳамдигар муомила ва робита надошта бошад. Забони тоҷикӣ яке аз қадимтарин ва шевотарин забонҳои дунё ба шумор меравад. Ин забон хушоҳангу мавзун буда, диққати бисёр адибон. мутафаккирон ва олимони ҷаҳонро ба худ ҷалб кардааст. Адибони гузаштаи мо аз Рўдакӣ то Айнӣ бо ин забон асарҳо эҷод намуда, шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардаанд.
Забон дар ҳама давру замонҳо яке аз сарчашмаҳои асосии истиқлолияти милли ва омили муҳими ташаккули миллат ба ҳисоб мерафт ва минбаъд низ ба ҳисоб хоҳад рафт. Зиёда аз 1100 сол муқаддам ба сулолаи Сомониён муяссар шуда буд, ки дар таърихи тамаддун дар қаламрави Мовароуннаҳру Хуросон бори аввал давлати мутамарказ ва миллии тоҷиконро бунёд намоянд. Ин сулола баробари истиқлолияти давлативу сиёсӣ, баҳри рушду такомули забон ва фарҳанги мардуми тоҷик хизмати. бузургеро ба анҷом расонидаанд.
Дар таърихи забони форсии адабӣ, хусусан форсии тоҷикӣ, яъне форсии Хуросону Мовароуннаҳр ҳамеша содданависӣ аз равияҳои пурзӯре буд.
Такаллуфписандиро на танҳо Рӯдакӣ, Ибни Сино, Фирдавсӣ ё Носири Хусрав нисбат додан мумкин нест, балки бисёр нависандагони дигар ҳам, аз қабили Ҷ. Балхӣ, У. Зоконй, А. Чомй ва ғ ҳама соданависиро равия кардаанд.
Устод Айнӣ таъкид намудаанд, ки сарварии ин ҷараён, яъне демократӣ кунонидану содабаёнии забонро аллома Аҳмади Дониш дар нимаи дуюми асри ХIХ ба зима доштанд.
Ба ақидаи устод Айнӣ, демократӣ кардани забон дар ин давра, яъне нимаи дуюми асри ХІХ бо ду роҳ ба амал омадааст:
-
Сода кардани забони адабӣ.
-
Аз ҳисоби забони зиндаи гуфтугӯ афзудани имкониятҳои он.