Мақолаҳо ТАРБИЯИ ЭКОЛОГӢ ВАЗИФАИ МУҲИММИ ҶОМЕА Бо admin Охирин навсозӣ Jun 6, 2024 0 Пеш 1 то 2 саҳифа Баъдӣ (Дар ҳошияи 5 – июн – Рӯзи байналмиллалии ҳифзи муҳити зист) Ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон карда шаванд. Ин иқдом ба манфиати тамоми ҷомеа ҷиҳати баланд бардоштани дониши илмҳои табиатшиносӣ, хусусан ҳифзи экологии минтақа оварда мерасонад. Аз Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2021 Даҳсолаи охир дар тамоми дунё оид ба ҳифзи муҳити зист, махсусан баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир гардида истодааст, чунки аз он некуаҳволӣ ва саломатии одамон вобастагии қавӣ дорад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои вобаста ба ҳифзи муҳити зистро дар мадди аввали сиёсати стратегии худ қарор дода, барои беҳбудии он кӯшишҳои зиёд ва ғамхории доимӣ зоҳир менамояд. Дар замони соҳибистиқлолии кишвар якчанд санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ қабул ва мавриди амал қарор дода шуданд, ки барои таъмини амнияти экологӣ ва шароити мусоиди зиндагии мардум заминаи боэътимод фароҳам оварданд. Яке аз онҳо, Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020 мебошад, ки натиҷаҳои дилхоҳро ба бор овард. Ҳадафи барномаи мазкур ин ташаккули ҷаҳонбинии комилан васеъ аз тарзи ҳаёти нави ҷомеа, беҳтар намудани вазъи муҳити зист ва фароҳам овардани шароити мусоиди зисти аҳолии минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Айни замон дониш ва маҳорати донишҷӯён бояд бо амал мустаҳкам карда шаванд, ки ин ба ташаккулёбии малака ва таҷрибаи шахсӣ оварда мерасонад. Дар моҳияти маърифати экологии шаҳрвандони мамлакат на танҳо раванди таълим, балки экологикунонии тамоми соҳаҳои ҳаёт ва фаъолияти инсоният зарур аст, ки ин моҳияти маърифати экологии шаҳрвандонро ифода мекунад. Чанде пештар масъалаи саноатикунонии кишвар ба миён гузошта шуда буд. Ҳама дурнамоҳои дар назар дошташуда, мо омӯзгоронро муваззаф мегардонад, ки дар тайёр намудани насли ҷаҳонбинии васеъдошта ва ташаккулёфта саҳмгузор бошем. Дар шароити рушди иқтисодӣ ва саноатикунонии ҷумҳуриамон масъалаи ҳифзи муҳити зист аҳамияти бағоят калонро доро мешавад ва риояи меъёрҳои он дар навбати аввал меистанд. Вобаста ба ин, моҳияти гузаронидани омӯзиши вазъи муҳити зист, динамикаи тағйирёбии он, муайянкунии сабабу воқеаҳо ва сарчашмаҳои зиёновар ба табиат, коркард ва амалигардонии чорабиниҳо оиди беҳтарсозии ҳолати экологии муҳити атроф, самаранок истифодабарии сарват ва боигариҳои табиат, гузаронидани корҳои тарбиявӣ-эстетикӣ дар ҳамаи зинаҳои муассисаҳои таълимӣ мавқеи баландро касб мекунанд. Имрӯз пӯшида нест, ки маърифати экологии ҷомеа ҷавобгӯи замони муосир нест. Ифлосӣ ва партовҳои зиёде дар канорҳои роҳравҳо ва атрофи хонаҳои истиқоматӣ ба чашм мерасанд. Ҳодисаҳои аз меъёр зиёд буридани дарахтони сояафкану шикастани буттаҳои ороишӣ зуд-зуд рӯй медиҳанд. Биноҳои нави сохташудаистода, бо ҳамдигар хеле ҳам зич ҷойгир шудаанд. Мавқеи майдончаҳои бозикунии кӯдакон торафт танг шуда истодаанд. Аксари ошхонаҳои маишӣ дар биноҳои тангу торик ҷой дода шудаанд ва дар онҳо аз ҳавои тоза дида, бӯи на он қадар форам бисёртар ба димоғ мерасад. Норасогиҳои экологии баёншуда гувоҳи онанд, ки масъалаи солимии инсон дар навбати дуюм (минбаъда) истодааст. Замоне фаро расидааст, ки аз пайи ислоҳи ин гуна камбудиҳо ва падидаҳои номатлуб шавем. Принсипи бефосилаи тарбия ва маърифати экологӣ аз зарурати мутобиқшавии инсон ба муҳити зисти доимо тағйирёбанда сарчашма мегирад. Тарбияи экологӣ якчанд вазифаро талаб менамояд: пеш аз ҳама шахсро бояд чунон тарбия намуд, ки вобастагии инсону ҷамъият ва табиатро дарк намояд, нисбат ба ҳолату вазъи муҳити атрофаш масъулияти ҷиддиро ҳис кунад. Ҷабҳаҳои тарбияи экологӣ он вақт ба ҳадаф мерасад, ки бефосила бошад, аз синни томактабӣ шурӯъ шуда, дар донишкадаву донишгоҳҳо давом кунад. Барои баланд бардоштани савияи донишу маърифати экологии ҷавонон, ноил шудан ба рушди устувор дар системаи маърифати экологии ҷаҳонӣ аз таҷриба, усул ва шаклҳои гуногун истифода мекунанд, ки дар ин самт ба фаъолияти амалӣ-таҳқиқотӣ такя намудан зарур ва ба манфиати умум хоҳад буд. Шакл ва усулҳои маърифати экологӣ ба монанди мактаби экологӣ, театри экологӣ, бозию ҷашнҳои экологӣ, лагери экологӣ, туризми экологӣ, коргоҳи эҷодӣ, ҷамъияти илмии муҳассилин, маҳфилҳои экологӣ, мубоҳисаҳо, истифодаи технологияи муосири иттилоотӣ, осорхонаи экологӣ, иқдому намоишҳо ва ғайраҳо корбаст мешаванд. Дар кадом давру замон ва шароити ҷамъиятие, ки набошад, бе тарбияи экологӣ инсони комил вуҷуд дошта наметавонад. Чунки тарбия пояи давлату давлатдорӣ, маданиятшиносӣ ва инсону инсонгарӣ ба ҳисоб меравад. Маърифати инсонӣ, ақлу заковати инсон, мақоми ӯ дар ҷамъият низ ба тарбияи экологӣ вобаста аст. Тарбияи экологӣ ин мероси асосӣ аст, барои ҷамъияти имрӯза. Тарбия дар ҳар як давру замон руҳи одамонро инъикос менамояд. Чунки ба ҳаёти моддӣ, сиёсӣ ва маънавии сохти ҷамъият алоқаи ногусастанӣ дорад. Барои ҳамин ҳам баробари тағйир ёфтани шароити моддӣ, сиёсӣ ва маънавии ҷамъият мазмун, мундариҷа, мақсад, вазифа ва роҳу воситаҳои тарбия ҳам тағйир меёбад. Барои ҷомеаи имрӯза насле зарур аст, ки қарори мустақилона қабул карда тавонад, ташаббус ва эҷодкор бошад, барои амали иҷро мекардааш ҳисси баланди масъулиятшиносӣ дошта бошад. Тарбияи чунин насл ба зиммаи мо педагогҳо, омӯзгорон вогузор шудааст ва моро зарур аст, ки ин масъулияти баландро ӯҳдабароёна иҷро намоем. Дар навбати аввал машғули баландбардории савияи дониш ва касби хеш бошем, усулҳои нав ба нави фаъоли таълиму тарбияро ҷустуҷӯ намоем ва аз таҷрибаи кории бой ва пешқадами дигарон истифода намоем. Барои фаъолияти эҷодии донишҷӯён шароити мусоид муҳайё намуда, технологияи педагогии ҳозиразамонро дар таълими фанҳои табиатшиносӣ дар амалия тадбиқ кунем. Дар ботини ҳар як донишҷӯ завқи устувори азхудкунии донишҳои экологиро бедор намоем. Бо ин иқдом метавонем, дар таълиму тарбияи экологӣ ва ташаккули маърифати экологии онҳо саҳми босазое гузорем. Хулоса, ташкили тарбияи самараноки экологии шаҳрвандон имконият фароҳам меорад, ки инсон муҳити зисташро ҳимоя кунад, тозаву озода нигоҳ дорад, сарватҳои онро афзун гардонад. Худ дар он сиҳату саломат умр ба сар барад ва муҳити зисти аз ҷиҳати экологӣ тозаро ба наслҳои оянда боқӣ гузорад. Тарбияи экологӣ ва ҳифзи муҳити зист, пеш аз ҳама ҳимояи насли ояндаи миллатро дар назар дорад. Шарифхонзода Ш.Ш., Муқимова С.А. – омӯзгорони кафедраи “Фанҳои тиббӣ – биологӣ” – и МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” 0 Мубодила кардан