Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ДАСТ КАШИДАН АЗ БЕГОНАПАРАСТӢ ВА ПОС ДОШТАНИ ҲУВВИЯТИ МИЛЛӢ

Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, баҳои симои миллат, рамзи асолату ҳуввият, муаррифии он дар арсаи байналмиллалӣ ва ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари  соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад. Ҳар фарди кишварро мебояд, баҳри ин ибтикорҳо саҳми арзандаи худро гузорад ва аз минбарҳои баланд ҳамчун як шахси мутафаккир суханронӣ намуда, забон, фарҳанг ва анъанаҳои тоҷиконаи моро муаррифӣ созад. Фақат мавқеи фаъолияти сиёсии ҳар як шахрванди мамлакат метавонад, бо рафтори намуна ва кирдори шоиста, тарзи дурусти фикрронӣ, инчунин лаҳни ширини худ ва як андоза огоҳ будан аз сиёсати мамлакат   тинҷию осудагиро дар ҷомеаи мо ҳифз кунад ва барои пешрафти осоиштаи кишвар замина муҳайё созад.

Ваҳдати миллӣ тавонист барои пешрафти ҷамъият ва давлати азизи мо шароити хубу мусоид фароҳам намуда, тамоми рукнҳои фаъолияти  онҳоро рушд ва инкишоф диҳад. Ва шаҳрвандони кишварро мебояд, ки аз ин оромию осоиштагӣ биболанд ва ба бегонапарастӣ роҳ надиҳанд. Ин амал ба хусус ба мафкураи ҷавонон таъсири манфӣ расонида, фикру ақидаи онҳоро нисбати ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодию фарҳангӣ дигар карда, оқибат онхоро ба роҳҳои фаъолияти ғайриқонунӣ мебарад. Вобаста ба пайдоиши ин масъалаҳо омилҳои бегонапарастӣ дар вазъи сиёсии ҷаҳони имрӯза аз замири бениҳоят паст будани малакаю дониш ва ақлонияти инсонӣ дар ҷодаи фаъолияти зиндагӣ сарчашма мегирад. Бегонапарастӣ ва бегонашавии мо аслан масъалаҳои дур шудан аз сиёсати давлат, дину фарҳанг, оила, ватану модар ва ғайраро фаҳмида метавонем ва дар чунин амали фард хиёнаткор эътироф шудани он аз назар дур нест. Зери мафҳуми бегонапарастӣ бошад, аслан дода шудан ба фикру ақидаҳои бегона ва мавриди амал қарор додани онҳоро фахмидан мумкин аст. Ин омилҳо ягон таъсири мусбӣ ба зиндагии инсон нарасонида, баръакс ӯро ба зарарҳои гуногун рӯ ба рӯ менамояд.

Чунончи Пешвои Муаззами мо Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як баромадҳояшон оиди масъалаҳои рӯзмарра яъне терроризму экстремизм, одамрабоӣ, бегонапарастӣ ва ғайра камбудиҳое, ки дар сиёсати ҷомеаи имрӯза рӯ ба ташвиш овардааст, қайд намуда ва баҳри ислоҳи ин камбудиҳо қарор ва чораҳои зарурӣ андешида, пешниҳод менамоянд.

Ба хусус қайд кардан зарур аст, ки “Либоси миллӣ нишонаи фарҳанг аст! “. Вақтҳои охир тамоюли бегонапарастӣ ва бо фарҳанги бегона майл намудани занону духтарони кишвар ташвиқи либосҳои бегона дар баъзе шаҳру ноҳияҳои мамлакат низ ба як раванди ташвишовар табдил ёфтааст. Ҳисси  бегонапарастӣ ва тақлидкорӣ  дар мавриди сару либос ва рафтору гуфтор дар байни занону духтарон метавонад ба устувории рукнҳои фархангии миллӣ таъсири манфӣ расонад. Агар иддае ба хотири тақлид ба ин тарзи либоспушӣ завқ пайдо карда бошанд баъзеҳо бо мақсади  таблиғи ақидаҳои тахминӣ ин либосро миёни занону духтарони мо паҳн карда, мехоҳанд дар кишвар боз як ҷараёни нави ифротиро ҷорӣ намоянд.

Сару либосе, ки миёни бонувони кишвар ба назар мерасад, ягон асолати милливу диннӣ надоранд. Мувофиқи маълумотҳо, халки тоҷик аз қадим либосҳои занонаи зебо доштанд ва ҳеҷ гоҳ чодарпӯшиву либосҳои сиёҳро дар бар намекарданд, мутаассифона баъзе аз занону бонувони мо зери таъсири фарҳангҳои бегона қарор гирифта, аз ойини аҷдодони худ ва тарзи либоспушии модару бибиҳояшон даст кашиданд. Ва ин беэҳтиромиро нисбати падару модар ва фарханги бою ғании миллати худ раво диданд, ки ин ҳама тақлидҳо кӯр- кӯрона таъсири бевоситаи бегонапарастӣ ва рӯ овардан ба фарҳанги бегона мебошад.

Дустмуродова Холбиби Соатовна

омӯзгори кафедраи “Забони тоҷикӣ” – и

МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.