Мақолаҳо ТОҶИКИСТОН ВА ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ОН Бо admin Охирин навсозӣ Jun 18, 2024 0 (Дар ҳошияи 5 июн – Рӯзи байналмилалии муҳити зист) Ҳамасола, 5 июн дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи муҳити зист бо шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта мешавад. Ба ин муносибат аз ҷониби масъулони вазорату идораҳо, аз ҷумла мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, Кумитаи ҳифзи муҳити зист, чорабиниҳои гуногун гузаронда мешаванд. Зеро сол то сол масъалаи тағйирёбии иқлим аз ҳисоби ифлосшавии муҳити зист доғтар мегардад. Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист бо номи «Муроҷиатномаи Ментовӣ» аз ҷониби Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид ба имзо расида, соли 1971 бо мувофиқаи ходимони зиёди илму фарҳанги як қатор аз кишварҳои ҷаҳон роҳандозӣ карда шуд. Соли 1972 доир ба муайян гардидани 5 июн ҳамун Рӯзи умумичаҳонии муҳити зист қарори дахлдор қабул гардид. Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист дар тамоми мамлакатҳои ҷаҳон бо омодагиҳои зиёд; тантанаҳои таблиғотию маърифатӣ ташкил гардида, ба ин васила мардум аз ҳолати муҳити атроф ва хатарҳои зиёновари экологӣ дар кишвари худ ва ҷаҳон огоҳӣ пайдо менамоянд ва баҳри бартараф намудани чунин мушкилиҳо талош меварзанд. Дар ин роҳ Тоҷикистон зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадамҳои устувори самарабахш гузоштааст. Бо ҳамовози ба мавқегириҳои хирадмандонаи Тоҷикистон кишварҳои дигари олам ва ташкилотҳои байналмилалӣ низ барои мусоидату дастгирии ташаббусҳои кишвари мо саҳми муносиб мегузоранд. Чунки талошҳои кишвари мо аз ҷула бобати роҳндозӣ намудани Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028 ба беҳбудии муҳити зист ва ҳаёти башарият равона шуда, раванди тағйирёбии иқлимро пешгирӣ менамояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз замони ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ дар пешниҳоду баррасии масъалаҳои глобалӣ дар ҷаҳон ҳамчун кишвари ташаббускор шинохта шуда, пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе ба маркази баргузории ҳамоишҳои бузурги байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист табдил ёфтааст. Ин ҳама шаҳодати сиёсати башардӯстона ва табиатдӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Масъалаи дигаре, ки имрӯз моро ба ташвиш овардааст, ин паст будани маърифти экологии қисми шаҳрвандони мо, махсусан аз байни ҷавонону наврасон мебошад, ки нисбати ҳифз муҳити зист, истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ, тоза нигоҳ доштани муҳити зист бетарафӣ зоҳир менамоянд. Ҳукумати мамлакат баҳри амалӣ намудани қонунҳои ҷории соҳавӣ доир ба баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ корҳои муайянеро ба анҷом мерасонад, вале вазъи мураккаби рушди бемайлони истеҳсолот ва ҷамъшавии зиёди партовҳо мушкилиҳои зиёдеро эҷод мекунанд. Ҳалли ин масъала фаъолияти дурусти ҳамарӯзаи мо сокинони кишварро талаб менамояд. Ба табиат оқилона муносибат кардан ва чун гавҳараки чашм муҳофизат намудани сарватҳои он вазифаи муқаддастарини ҳар фарди худогоҳу дурандеш аст. Барои ташаккули одоб ва маърифати экологии аҳолӣ лозим аст, ки тамоми роҳу усулҳои муҳими тарбиявиро ҷустуҷӯ карда, татбиқи амалии онҳоро дар таълиму тарбияи насли нав самаранок истифода барем. Мо ба ояндаи дурахшони ҷавонони имрӯзи Ватан боварии комил дорем. Умедворем, онҳо пуштибону муҳофизи сарватҳои қиматбаҳои табиати кишвари худ мегарданд, баҳри наслҳои оянда табиатро ҳифз менамоянд, боигарию зебоиашро боз ҳам зиёд мегардонанд. Қурбонова Ф.М. – ассистенти кафедраи “Фанҳои тиббӣ – биологӣ” – и МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” 0 Мубодила кардан