Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

МАВҚЕИ ДИН ДАР ҶОМЕАИ МУОСИРИ ТОҶИКИСТОН

(Чанд андеша оид ба натиҷаҳои вохӯрии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои Миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони аҳли ҷомеа ва ходимони дин 09 Марти соли 2024)

Тавре ба ҳамаи мо маълум аст, ки санаи  9 – марти соли ҷорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар мулоқот намуда, зимни суханронии худ масъалаҳои мубрамро мавриди баррасӣ қарор доданд. Мулоқоти мазкур дар арафаи моҳи шарифи Рамазон доир гардида ба ҳамин хотир, нахуст Пешвои миллат кулли мардуми тоҷикро бо фарорасии моҳи муборак табрику таҳният намуда, иброз доштанд, ки «ҳикмати парҳезкориву рӯзадорӣ танҳо дар тарки хӯрдану ошомидан маҳдуд намегардад, балки ин моҳи муборак барои мусалмонон василаи эътиқодии муҳим ҷиҳати анҷом додани корҳои хайру савоб, амалҳои писандида, дасту забони пок доштан, гузашт кардану бахшидан, бо сабру таҳаммул будан ва дигар хислатҳои ҳамидаи инсонӣ маҳсуб мешавад».

Дар ҷараёни мулоқот бо намояндагони фаъоли ҷомеа ва ходимони дин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар оид ба ҷараёни татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» андешаронӣ карда, аз аҳли ҷомеаи мамлакат риояи қатъии муқаррароти қонунҳоро талаб намуданд.

Сипас, Пешвои миллат ба масоили мубрами давлатдории миллӣ, риояи қонуният, сарфаю сарфаҷӯи, кӯмак ба ниёзмандон дахл намуда, муҳимтарин масоили иҷтимоиро баён намуданд. Аз ҷумла, Пешвои миллат зикр намуданд: «Имрӯз мехоҳам доир ба равандҳое, ки дар ҷаҳони муосир идома доранд, аз ҷумла бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо, тафриқаву низоъҳои диниву мазҳабӣ, густариши бесобиқаи терроризму экстремизми динӣ, «сиёсати дугона» нисбат ба гурӯҳҳои ифротгарои динӣ ва монанди инҳо, ки василаи истифодаи қувваҳои гуногуни манфиатхоҳ гардидаанд, инчунин, таъсири онҳо ба ҷомеа ва давлати мо ибрози андеша намоям. Баъзе масъалаҳое ҳастанд, ки мо бояд имрӯз доир ба онҳо кушоду равшан назари худро гӯем, равандҳои номатлубро баррасӣ намоем ва пеши роҳи онҳоро гирем, ки мисли ҳодисаҳои солҳои 90-ум боз ягон фоҷиаи дигар сар назанад».

 Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки Пешвои миллат зимни суханронии худ атрофи он муфассал андеша ронданд, масъалаи мубориза бо таассубу хурофот мебошад, ки мисли заҳрпечак тамоми тору пуди ҳаёти динӣ, ахлоқу маънавиёт, махсусан урфу одатҳо, анъанаву маросимҳои динии моро бо худ печида ва фаро гирифтаанд.

 Пешвои миллат хотирнишон карданд, ки «хурофот ҷаҳолат аст ва  ҷаҳолат омили бадбахтии миллат аст!». Дар воқеъ мо худ шоҳиди онем, ки чӣ гуна хурофоту таассуб, ҷаҳолату ифротгароӣ ба сари мардуми тоҷик бадбахтии азим оварда, ҷомеаро ба ҷанги бародаркушӣ таҳрик дода буд.

  Ва ҳамин сабақи таърихиро Пешвои миллат дар назар дошта, моро огоҳ мекунанд, ки нисбат ба таассубу хурофот саҳлангору бепарво набошем, барои пешгирӣ ва аз байн бурдани онҳо якдилона, дастаҷамъона мубориза барем.

  Як нуктаи ташвишовар ин аст, ки агар чунин таассубу хурофоти «навбаромад» сари вақт пешгирӣ нашаванд, дар он сурат онҳо худ бо мурури замон ба одат ва анъана табдил ёфта, ба таъбири Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ, ҷаҳли моро  боз ҳам мураккабтар хоҳанд кард.

Яке аз нуктаи муҳиме, ки дар суханронии Президенти мамлакат ироа гардид, масъалаи зиёрати умраву Ҳаҷ аст, ки шаҳрвандони мо зимни маросими мазкур ба зиёдаравиву тақлидгариву исрофкорӣ рӯ меоранд. Воқеан, чунончи Сарвари давлат иброз намуданд «дар шароите, ки мо хонаи обод надорем, макони зистамон ба талабот ҷавобгӯ нест, фарзандонамон ба сару либос, китобу дафтар ва дигар ҷиҳози хониш эҳтиёҷ доранд, ба падару модари худ хизмат карда, дили онҳоро аз худ шод накардаем, аз вазъи наздикони худ огоҳ нестем, зиёрати мо ба талаботи дини ислом ҷавобгӯ нахоҳад буд».

Масъалаи дигаре, ки бо нуктахои боло ҳамоҳанг асту дар суханронии Сарвари давлат ироа гардид, маъракаҳои зиёди хоҷибинону хоҷиталбон аст, ки мардуми тоҷик ба он рӯ овардаанд. Воқеан, ин ҳурофоти бузургест, ки саропо исрофкорӣ аст, ҳам вақти мардум исроф мешавад ҳам маблағи зиёде масраф мешавад, ки баъзан ду ва ё се маротиба аз маблағи сафари умра бештар аст.

Аз ин хотир, пешниҳод карда шуд, ки шахсоне, ки маротибаи дуюм ва сеюм ба ҳаҷ рафтан мехоҳанд, метавонанд аз рӯи аҳкому фармудаҳои шариат амал карда, маблағи хароҷоти онро барои зиндагии шоистаи хонаводаи худ, таҳсили фарзандону наберагон, ободии диёр, бунёди корхонаву мактабҳо, роҳу пулҳо, инчунин барои кумаку дастгирии ятимону бепарасторон, маъюбону беморон ва оилаҳои камбизоат сарф намуда, аҷру савоби беандоза ба даст оранд.

Изҳор гардид, ки зоҳирпарастиву исрофкорӣ ва риоя накардани меъёру андозаҳои муайяншудаи анъана ва расму оинҳои мардумию динӣ, аз ҷумла садди роҳи баланд гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ мегардад. Бо ёдоварӣ аз фармудаҳои қуръонӣ ва ҳадисҳои набавӣ бори дигар таъкид гардид, ки исрофкоронро Худои таъоло дӯст намедорад.

 Дар ин замина, Паёмбари ислом ҳазрати Муҳаммад мефармоянд: «Касе, ки барои шуҳратталабӣ амалеро анҷом диҳад ва касе, ки аз рӯйи риё (худнамоӣ) амале анҷом диҳад, то мардум бузургаш доранд, Худованд ба сабаби изҳор намудани риёкорияш, яъне худнамоияш дар назди мардум дар рӯзи қиёмат шармсор месозад».

Супоришҳои дигар ба намояндагони ҷомеаи мамлакат оид ба таълиму тарбияи насли наврас дар роҳи хештаншиносию ватандӯстӣ, бунёди муассисаҳои муосири таълимӣ, иншооти мухталифи иҷтимоию иқтисодӣ, риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” дода шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз аҳли ҷомеаи мамлакат даъват намуданд, ки бо риояи анъанаҳои накуи аҷдодӣ ба масъалаи анҷоми тадбирҳои созандагию бунёдкорӣ, дуруст ташкил ва ба роҳ мондани маросими адои ҳаҷ ва умра иҷрои корҳои хайру савоб, дар арафаи идҳо дароз кардани дасти сахо ба эҳтиёҷмандон, ятимону камбизоатон, ғамхорӣ нисбат ба падару модар ва хоҳару бародарони хеш, таваҷҷуҳи махсус диҳанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки мо бояд дар амалӣ намудани арзишҳои миллӣ ва динии худ ҳамеша манфиати мардуми Тоҷикистонро дар мадди назар дошта, ба қадри соҳибистиқлолии давлатамон бирасем ва ин неъмати бебаҳоро ҳамчун гавҳараки чашм нигаҳбонӣ намуда, шукронаи онро ба ҷо орем.

Аз ин рӯ, Сарвари давлат таъкид намуданд, ки маҳз дар моҳи Рамазон амалҳои хайру савоб дар хаққи ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоату бесаробонмонда, ниёзмандону дармондагон вусъат дода шавад. Вобаста ба ин масоил Сарвари давлат аз Қуръони Карим оятҳо ва аз аҳодиси набавӣ низ далелҳои рӯшан оварданд ва мардумро даъват намуданд, ки ҷавҳари асосии тоату ибодатро дарк намоянд, зоҳиргароиву хурофотпарастӣ накунанд, балки ба умқу маънии ҳар як аркону аҳкоми динӣ раҳ кушоянду хислатҳои ҳамидаи инсониро дар худ такмил диҳанд.

Мавриди тазаккур аст, ки ҳамаи дастурҳои раҳнамунсози Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба анҷом додани хайру саховат, дастгирии оилаҳои камбизоат, ятимону бепарасторон, сарфаю сариштакорӣ ва танзими маъракаву маросимҳо аз беҳтарин аҳкоми тарбиявии Қуръони карим ва ҳадисҳои набавӣ гирифта шуда, мақсад аз он ҳидояти мардум ба роҳи пурсаодати зиндагӣ мебошад.

  Ончӣ гуфта шуд далели бедоршавӣ, эҳёи нерўҳои эҷодию кашшофии  миллат ва аз нав мақоми таърихии худро ҳамичун миллати тамаддунсозу истеҳсолкунандаи неъматҳои моддию маънавӣ тадриҷан соҳиб шудани тоҷикон мебошанд. Дастовардҳои бузурги Тоҷикистон дар замони Истиқлол худ аз худ ҳосил нашудаанд, балки дар натиҷаи ранҷу заҳмат, меҳнати эҷодгарона ва ободкоронаи ҳуди ҷомеаи Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Президенти мамлакат, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба даст оварда шудаанд. Бо итминони комил метавон гуфт: Мардуми шарифи Тоҷикистон, ки таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат мушкилтарин ва сахттарин имтиҳонҳо ва монеаҳоро дар роҳи бунёди давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявии миллии    худ бурдборона ва муваффақона паси сар кардаанд, минбаъхд низ барои таъмини арзишҳо ва манфиатҳои миллию давлатии Тоҷикистон дар партави ҳидоятҳои роҳбари мардумии худ муттафиқона мубориза мебаранд.   

Мардуми шарифи тоҷик, ки аҷдодаш Рӯдакиву Фирдавсӣ, Носири Хусрави Қубодиёниву Абӯалӣ ибни Сино, Мавлоно Ҷалолиддини Балхиву Шайх Саъдии Шерозӣ, Хоҷа Ҳофизи Шерозиву Камоли Хуҷандӣ, Мирзо Абдулқодири Бедилу Аҳмади Дониш, устод Айниву Турсунзодаанд, ҷангҳои шаҳрвандиро паси сар карда, бо сарварии Пешвои маҳбуби миллат дар зарфи бештар аз сӣ сол Тоҷикистонро таҷаддуди нав бахшид. Пас месазад, ки ба қадри ин ҳама нозу неъмат, ваҳдату осоиштагӣ ва ягонагиву ҳамдилӣ расид.

Ҳамин тариқ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин мулоқот ва суханронӣ намуда, муҳимтарин масоили иҷтимоиро баррасӣ намуда, дастуру супоришҳои мушаххас доданд, ки ҳар яки он аҳамияти бузурги тарбиявӣ доранд.

 

Мунаваров Беҳруз Абдулазизович

Ассистенти кафедраи “Асабшиносӣ,

ёрии паллиативӣ ва асосҳои равоншиносӣ”

МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.