Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ҶАБРИ УСТОД БЕҲ ЗИ МЕҲРИ ПАДАР!

Подшоҳе писар ба мактаб дод,Лавҳи симинаш бар канор ниҳод.Бар сари лавҳи ӯ навишта ба зар:«Ҷабри устод беҳ зи меҳри падар!»
На ҳама ҳам аз уҳдаи кори омӯзгорӣ мебароянд, на ҳама ҳам ба он майлу рағбат доранд, чунки муаллимӣ масъулияти баланд ва вақти зиёдро талаб мекунад. Омӯзгорро зарур аст, ки дар баробари ташвишҳои зиндагӣ доим дар ҷустуҷӯву омӯзиш бошад, усулҳои наву дастнорас ва самарабахши таълимро пайдову кашф намуда, дар ҷараёни дарс корбаст намояд, вагарна бидуни омӯзиши мунтазам ба хонандагон чизе лоиқи таҳсин ва омӯзанда додан душвор аст. Кӯдак баъди ба мактаб рафтан ба кадом соҳае, ки завқ пайдо кунад, аён аст, ки дар он соҳа муаллиме бомаҳорат дарс мегӯяд. Аз кадом дарс, ки дилгир шавад, аз ин мебарояд, ё ба ҷиҳати беэътибориву наёмадан ба таҳсил моҳияти дарсро нафаҳмидааст, ё муаллим аз уҳдаи шавқовар гузаштани дарс баромада натавонистааст.
Муаллим офтобе дон, ки метобад ба баҳру бар,Зи нури илм равшан менамояд даҳрро яксар.
Дар таҳти ин мисраъҳо мазмуни амиқе нисбати омӯзгор нуҳуфтааст. Офтобро барои гармиву рӯшанияш истиқбол мекунанд. Вақте ки субҳ тулӯъ мекунад, олам аз партави он мунаввар мегардад, худ месӯзад, то хушбахтии зиндагии дигаронро таъмин намояд. Муаллим ҳам бо нури илму дониш ба тамоми олам рӯшанӣ меафканад. Ин партави заковату маънавияти инсон аст, ки имрӯз коинотро фатҳ менамояд. Ба вуҷуд омадани технологияҳои навтарини замонавӣ, рушди воситаҳои иттилоот, кашфи тамоми нуқтаҳои Замин, баромадан ба Кайҳон ва монанди инҳо натиҷаи рушди тафаккури инсон мебошанд, ки бо такмили донишу маънавият ба даст омадааст. Пас, муаллим касе оддӣ нест, балки масъули имрӯзу ояндаи инсон мебошад.Беҳуда нест, ки дар адабиёти ниёгони мо доимо нисбати устод ҳикматҳои пурқимат гуфта шудааст ва дараҷаи ӯро хеле баланд арзёбӣ мекунанд.Дар ҳамаи давру замонҳо омӯзгор байни мардум эътибори вижае доштаву дорад. Ривоҷи тафаккур ва маънавияти насли ҷавон маҳз, ба ибтикору кӯшиши ӯ вобаста аст.Аввалин ғунчаҳои боғи ҳаётро дар руҳияи некандешӣ ба воя мерасонад. Чашми онҳоро ба сӯи оламу одам боз мекунад ва сабаби такомули шахсияти онҳо мегардад.Агар омӯзгори босаводу хушмуомила бошад ва тавонад, ки бо иҷрои нақшҳои гуногун ҳангоми дарс, ба дили шогирдон роҳ ёбад, шогирдон ӯро барои худ идеал интихоб мекунанд.Тарбияву таълим ду унсури муҳими такомули шахсият дар ҷомеа мебошад, ки аз ҳама бештар барои соҳиб шудани ҷавонон ба он омӯзгор масъул аст. Дар ҳоле ки оилаву муҳити атроф аз ин истисно нестанд. Мактабро даргоҳи маърифат донистан низ беҳуда нест, чунки аввалин хиштҳои саводу маънавият дар ҳамин ҷо гузошта мешавад Ҳақ, ки як донишманди мумтоз- даҳҳо одамони корсоз, як омӯзгори кордида-садҳо шогирдони варзидаро ба воя мерасонад.Дар ин самт, Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ чунин фармудааст:
Ҳеҷ кас аз пеши худ чизе нашуд,
Ҳеҷ оҳан ханҷари тезе нашуд.
Ҳеҷ Мавлоно нашуд Мавлои Рум ,
То муриди Шамси Табрези нашуд.
Омӯзгор ба рӯҳи инсон сару кор дорад, пас муаллим муҳандиси рӯҳи инсон аст. Олами ботинии шогирдонро пай мебарад. Аз қуллаи баланди омӯзгори касбҳои дигар фаввора мезанад. Оянда дар сафи шогирдонаш олимони баландмартаба, сохтмончиён, муҳандисон, духтурони ҳозиқ, кайҳоннавардон, қаламкашони моҳир, санъатварони воломақом ва ғайраро мебинад. Аз ин рӯ дар назди касби ибтикории омӯзгор касбҳои дигар, ҳамчун ба модари умумии худ, сари таъзим фуруд меоваранд.

Норов Меҳрон Ассистенти кафедраи фанҳои табиию риёзи МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.