Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ТАШКИЛ ВА БАРГУЗОР НАМУДАНИ ҶАЛАСАИ ВОЛИДАЙН БО ДОНИШҶӮЁНИ БАХШИ АВВАЛИ ФАКУЛТЕТҲОИ КОРИ ТАБОБАТӢ, КОРИ ФАРМАТСЕВТӢ (ШУЪБАИ РӮЗОНА ВА ШАБОНА), КОРИ ДАНДОНСОЗӢ ВА КОРИ ТАБОБАТИ ДАНДОН

Бузургони илму адаб дар осорашон инсонро ба накукорӣ, касби хулқу атвори нек, рӯзгори солим, ҷавонмардӣ даъват кар¬даанд. Воқеан, инсонро ахлоқи наку ҳусн мебахшад ва соҳиби иззату обрӯ мегардонад. Шахси боодобу бомаърифат ҳеҷ гоҳ бадиро ба дигарон раво намебинад. Аз ин хотир, имрӯз низ дар ҷомеаи мо баҳри рушди маънавии шаҳрвандон, бахусус наврасону ҷавонон, кӯшишҳо ба харҷ дода мешавад.
Тавре Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд: “Мо, хусусан, бояд ба масъалаи таълиму тарбияи фарзандон ¬эътибори ҷиддӣ диҳем ва онҳоро тавре ба камол расонем, ки боиси ифтихори падару модарони хеш гарданд, эҳтироми калонсолонро ба ҷо оранд, соҳибихтисос шаванд ва ба Ватани аҷдодии хеш содиқона хизмат намоянд”.
Бо ҳамин мақсад, санаи 28 сентябри соли 2024 ҷиҳати иҷроиши нақшаи тасдиқгардида аз тарафи директори муассиса н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода, оиди вохурӣ бо волидайни донишҷӯёни бахши аввали факултетҳо, дар толори бинои таълимии 2-юми муассиса ҷаласаи волидайн бо донишҷӯёни бахши аввали факултетҳои кори табобатӣ, кори фарматсевтӣ (шуъбаи рӯзона ва шабона), кори дандонсозӣ ва кори табобати дандон доир гардид.
Дар ҷаласа муовини директор оид ба корҳои таълими амалӣ ва таҷрибаомӯзӣ Давлатзода А. Д., сардори шуъбаи ташкилӣ-тарбиявӣ ва кор бо ҷавонони коллеҷ Шаҳроми Зайниддин, Раиси Шӯрои занон ва духтарони Муассиса Ҳасанова З. Ш., деканони факултетҳои зикргардида, сарпарастони гурӯҳҳо ва ҷамъи васеъи волидайн иштирок ва бобати дуруст ба роҳ мондани тарбияи донишҷӯён суханронӣ намуданд.
Ҷаласаро Давлатзода А. Д. оғоз намуда, қадами волидайнро ба Муассиса шодбош гуфта доир ба масоили тарбия дар роҳи ватандустиву меҳанпарастӣ, тарбияи дурусти насли наврас суханронӣ намуданд. Ҳамчунин иброз намуданд, ки яке аз самтҳои асосии корҳои идеологӣ ва тарбиявӣ дар Муассиса ба донишҷӯён тавзеҳ намудан ва фаҳмонидани сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ба хотири беҳтар шудани дониши ҳуқуқӣ ва фарҳанги сиёсии донишҷӯён мунтазам вохӯриҳои донишҷӯён бо намояндагони вазорату идораҳо, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, фаъолони сиёсиву фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегарданд. Ташаккули шахсияти мутахассисони оянда тавассути ташкили тадбирҳои дорои хусусияти ватандӯстӣ, иҷтимоӣ-ҳуқуқӣ, зебоидӯстӣ ва маърифатнокӣ роҳандозӣ ва таъмин гардонида мешавад.
Баъдан Шаҳроми Зайниддин бобати нуқтаҳои меҳварии мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони илму маориф, риояи Дастурамали либосҳои тавсиявӣ, назорати ҳаррӯзаи онҳо аз тарафи волидайн, нагаравидани фарзандонашон ба гурӯҳҳои ифротгароӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз суханронӣ намуданд.
Ҳамчунин дар ҷаласа Шаҳроми Зайниддин бобати тағйиру иловаҳо ба ҚҶТ “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” (аз 20 июни соли 2024, таҳти №2049) ва ҚҶТ “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷиистон” (аз 20 июни соли 2024, таҳти №2048), инчунин бобати аз эътибор соқит донистани ҚҶТ “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва ҚҶТ “Дар бораи масъулияти падару дар таълиму тарбияи фарзанд” ва ҚҶТ “Дар бораи танзими анъана ва чашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” маърӯза намуда, қайд намуданд, ки тибқи қонуни навтаҳриршуда,волидайн ӯҳдадор аст, ки барои саломатӣ, инкишофи ҷисмонӣ, маънавӣ ва ахлоқии фарзанди худ ғамхорӣ намоянд; фарзандонро дар рӯҳияи эҳтиром ба Ватан, арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ тарбия намоянд; аз ҷониби фарзанд ҷойгир ва паҳн намудани ахбори ғайриахлоқиро тавассути телефонҳои мобилӣ ва воситаҳои электронӣ пешгирӣ ва манъ намоянд; ба фарзанди ноболиғ тамошои филмҳои ғайриахлоқӣ, фаҳш ва хусусияти зӯроварӣ, экстремистӣ, террористидоштаро манъ намуда, аз тамошои ин гуна филмҳо худдорӣ намоянд…”. Дар ин замина, ба мушоҳида мерасад, ки на ҳама падару модарон ин вазифаю уҳдадориҳои хешро ба ҷо меоранд. Имрӯз шояд ангуштшумор бошанд наврасону ҷавононе, ки аз телефони мобилӣ истифода набаранд.
Дар фарҷоми ҷаласа аз тарафи волидайн якчанд пешниҳодҳо пешкаш гардид, ки мавриди барассӣ қарор гирифтанд. Инчунин волидайни донишҷӯён барои шароити хуби таҳсил дар муассиса, ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти муассиса миннатдории самими худро иброз доштанд.
Бояд қайд намуд, ки Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” баҳри тайёр намудани мутахассисони миёнаи тибб тамоми шароитро муҳаё намуда, баҳри саломативу тандурустии ҳар фарди ҷомеа саҳмгузор мебошад.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.