Мақолаҳо КОРРУПСИЯ ҲАМЧУН ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ Бо admin Охирин навсозӣ Oct 17, 2024 0 Дар ҷаҳони муосир дар қатори дигар зуҳуроти хавфнок, аз қабили терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, инчунин масъалаи дигари мубрам ва доғи рӯз ин фасод ё худ коррупсия мебошад. Коррупсия яке аз зуҳуроти хавфноки ҷомеа буда, дар миқёси ҷаҳонӣ ҳамчун ҷинояти вазнин ва яке аз унсурҳои таҳдидкунанда ба амнияти миллӣ ва халалдоркунандаи рушди босуботи иҷтимоию иқтисодии давлат эътироф гаштааст, ки он ба пешрафти иқтисодиёт халал расонида, бунёди ҷомеаи демократиро заиф месозад ва ба рушди демократия таъсири манфӣ мегузорад. Вазифаҳои асосии пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия аз таъмини ҳимояи ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои қонунии инсон ва шаҳрванд, ҷамъияту давлат аз коррупсия, амали сохтани асосҳои меъёрии ҳуқуқии пешгирӣ, ошкор ва барҳам додани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, васеъ намудани татбиқи чораҳои пешгирикунанда дар самти мувоқимат ба коррупсия ва ҳамкорӣ бо сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ иборат мебошад. Омузгори кафедраи технологияи дорусозӣ ташкил ва иқтисоди фарматсия: Эргашева З.М. 0 Мубодила кардан