Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

САБАБҲОИ ШОМИЛШАВИИ ҶАВОНОН БА СОЗМОНҲОИ ТУНДРАВ

Дар Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи хатарнокии экстремизм ва терроризм ҳамчун таҳдиде, ки камтар аз силоҳи ядроӣ нест, таъкид шудааст. Ин масъала аз ҳар як шаҳрванди равшанфикру ватандӯст талаб мекунад, ки дар тарбияи насли наврас, ки ояндаи миллату давлат аз онҳо вобаста аст, бетараф набошанд.
Солҳои охир раванди сиёсишавии ислом ва афзоиши кинаву адовати динӣ ва мазҳабӣ сабаби нооромии минтақаҳои гуногуни ҷаҳон гардидааст. Мамлакати мо низ зери хатари ин таҳдидҳо қарор дорад. Макони асосии ҷалби ҷавонон ва наврасон ба гурӯҳҳои ифротӣ сомонаҳои интернетӣ мебошанд, ки бо истифода аз онҳо ҷавононро бо ақидаҳои хатарнок ошно месозанд.
Омилҳои асосии шомилшавии ҷавонон ба созмонҳои ифротгаро ва террористӣ бемасъулиятии падару модарон нисбат ба фарзандони худ мебошад. Ин бепарвоӣ метавонад ҷавононро ба доми афроди тундрав ва ифротгаро гирифтор созад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мубориза бо ин зуҳурот Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)” аз 8 декабри соли 2003 қабул гардида, дар таҳрири нав 2 январи соли 2020 такмил дода шуд. Экстремизм ва терроризм мафҳумҳое мебошанд, ки ба ҳам зич алоқаманданд. Калимаи “терроризм” аз лотинӣ омада, маънояш “тарс ва ваҳм” мебошад. Террористон кӯшиш мекунанд, ки бо истифода аз зӯроварӣ, ғоратгарӣ, куштор ва тарсу ваҳм мақсадҳои сиёсии худро дар ҷомеа амалӣ созанд.
Ташкилотҳои экстремистӣ аксаран ба эътиқоди динии шахсон таъсир расонда, шаҳрвандон ва махсусан ҷавонони гумроҳро ба доми худ мекашанд. Имрӯзҳо ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳое ҳастанд, ки бо мақсадҳои боғаразона ва бо истифода аз рафтори тундравона кӯшиш мекунанд, ки ақидаҳои худро дар ҷомеа паҳн кунанд.
Таъкидҳои пайвастаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар бораи тарғиби ватандӯстӣ ва ҳифзу эҳтироми арзишҳои миллӣ, ҳар як шахси масъулиятнокро водор месозад, ки барои тарбияи насли ҷавон нерӯю имкониятҳои худро дареғ надорад. Мо бояд ҷавононро ба роҳи дуруст ҳидоят намуда, онҳоро дар руҳияи ватандӯстӣ, инсондӯстӣ, меҳнатдӯстӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ тарбия кунем.
Тарбияи дуруст ва солими ҷавонон, ки тоза роҳи ҳаётро пеш мегиранд, нақши муҳим дорад. Зеро дар вазъияти ҳассоси имрӯз, як қисми ҷавонон зери таъсири идеяҳои бегона қарор гирифта, ба хурофотпарастӣ, костагии эътиқод ва шомил шудан ба гурӯҳҳои ифротӣ рӯ меоранд.
Аз ин рӯ, тарбияи насли ҷавону наврас дар маркази таваҷҷуҳи Сарвари давлат ва Ҳукумат қарор дорад. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд” ва эълон гардидани соли 2017 ҳамчун “Соли ҷавонон” бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба баланд бардоштани маънавиёти ҷавонон ва рушди тарбиявии онҳо мусоидат намуд.
Мо бояд ҷавононро аз гумроҳӣ, бадахлоқӣ ва бегонапарастӣ нигоҳ дошта, онҳоро ба роҳи дуруст ҳидоят намоем. Мо бояд Ватани худро аз ҳама бештар дӯст дорем, дар ҳифзи арзишҳои миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ ҳамеша содиқона хизмат кунем.
Аминов М.Ғ.,
омӯзгори МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”,
Аълочии Маориф ва Тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.