Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

**РУШДИ СОҲАИ ДОРУСОЗӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН**

Бо таъсири тағйирёбии иқлим, иваз шудани таркиби маҳсулоти хӯрока, афзоиши аҳолӣ ва дигар омилҳо, талабот ба доруҳо рӯз аз рӯз меафзояд. Тибқи андешаи мутахассисон, барои таъмини пурраи талаботи аҳолӣ ба дору, рушди соҳаи дорусозӣ дар мамлакат бояд заминаҳои бештар гузошта шаванд.
Соҳаи дорусозӣ дар Тоҷикистон тадриҷан рушд намуда, имрӯз дар кишвар 60 корхонаи истеҳсоли маводи дорувории ватанӣ фаъолият менамоянд. Аз ин шумор, 20 корхона дар шаҳри Душанбе, 12 дар вилояти Хатлон, 13 дар вилояти Суғд, 9 дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва 6 корхона дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷойгиранд. Дар ин корхонаҳо 560 номгӯйи маводи доруворӣ, молҳои тиббӣ ва гиёҳҳои шифобахш истеҳсол ва коркард мешаванд. Гарчанде ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳа дар соли 2022 нисбат ба соли 2021 се маротиба афзуд, имкониятҳои истифоданашуда дар ин самт ҳанӯз ҳам зиёданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 декабри соли 2022 ба вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дастур доданд, ки барои таъсиси корхонаҳои муосири истеҳсоли доруворӣ ва зиёд кардани ҳаҷми маҳсулот тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Фаъолияти самараноки фармасевтӣ дар Тоҷикистон яке аз бахшҳои муҳими тибби миллӣ мебошад. Мақсадҳои асосии он таъмини саломатии шаҳрвандон аст. Аз ин рӯ, ба рушди соҳаи дорусозӣ таваҷҷуҳи хоса дода мешавад. Рушди соҳаи дорусозӣ ва таҳкими фаъолияти фармасевтӣ дар таъмини саломатии аҳолии Тоҷикистон нақши муҳим дорад.
Бо дастгирии роҳбарияти давлату Ҳукумат, **Барномаи давлатии рушди саноати дорусозӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025** бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2020 таҳти №569 тасдиқ гардид. Мақсади ин барнома таъмини рушди устувори саноати дорусозӣ, беҳтар кардани дастрасии аҳолӣ ба доруҳо ва молҳои тиббӣ, ҷалби сармоягузорӣ, бунёди корхонаҳои нав ва ташкили ҷойҳои кории нав мебошад. Ин барнома мушкилоти ҷойдошта дар соҳаи дорусозиро фаро мегирад ва ба зиёд кардани ҳиссаи доруҳои истеҳсоли ватанӣ равона гардидааст.
Омодакунии кадрҳои босалоҳият ва бозомӯзии мутахассисон дар соҳаи дорусозӣ аз масъалаҳои муҳимтарин мебошад. Тадбирҳо дар самти тайёр кардани кадрҳои соҳаи дорусозӣ пайваста ба роҳ монда мешаванд, ки ин раванд дар партави сиёсати маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ мегардад.
**Саидов М.А.**,
омӯзгори кафедраи технологияи дорусозӣ, ташкил ва иқтисоди фарматсияи
МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.