Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

КОНСТИТУТСИЯ АРЗИШМАНДТАРИН ДАСТОВАРДИ МАРДУМ ВА ДАВЛАТИ ТОҶИКОН

«Конститутсия маҳсули андешаи миллӣ ва арзишҳои бунёдии халқи кишвар мебошад, зеро ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз маҳз ба шарофати андешаву ҳувияти миллӣ, таҳаммулгароӣ ва ҷасорату матонати сиёсии мардуми дорои маърифати баланди ҳуқуқӣ қабул гардида, барои устувории пояҳои давлати мустақил мусоидат намуд»
Эмомалӣ Раҳмон
Конститутсияи кишвар, ки таҷассумгари орзуву ормони озодандешӣ ва ғояҳои ҷовидонаи мардуми мо мебошад, барои пойдории ҳокимияти конститутсионӣ, таҳкими рукнҳои давлатдорӣ, ноил гардидан ба пешравиҳои азими сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, ба вуҷуд овардани асосҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва муҳайё намудани фазои мусоид барои ташаккули озодонаи ҳар фард заминаи мустаҳкам ва боэътимоди ҳуқуқӣ гузошт.
Яке аз дастовардҳои бузурги даврони Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки соли 1994 сурат гирифтааст, ки дар таърихи начандон тӯлонии истиқлол роҳи эъмори давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва ягонаву дунявиро дар сатҳи қонуни олии мамлакат интихоб намудани халқи тамаддунсози тоҷик нишонаи барҷастаи хирад ва суннатҳои таҳаммулгарои он мебошад.
Акнун дар Конститутсия низ чун тағйиротҳои ҷомеа тағйиротҳои куллӣ ба вуҷуд омад. Албатта, сабаби ба вуҷуд омадани ин рӯйдоди бузурги таърихӣ тақозои замон, пешравии ҷомеа ва соҳибистиқлолии кишвари азизамон Тоҷикистон гардид.
Конститутсия асосан шиносномаи давлату миллат ҳисобида мешавад, зеро дар он номи давлат, сохти давлатдорӣ ва сохтори он нишон дода мешавад. Дар он асоси низоми ҳуқуқии давлат муайян мегардад. Он ҳамеша қонуни асосии давлат ҳисобида шуда, сарчашмаи ҳамаи қонунҳо мегардад. Он барои ҳама баробар дониста мешавад.
Бо шарофати қабули Конститутсияи Тоҷикистон чун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмиллалӣ, халқи Тоҷикистонро чун мардуми бунёдкор, сулҳпарвар ва фарҳангӣ шинохтанд. Ин санади муқаддас ва тақдирсоз чун чароғи фурӯзон роҳи рушди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва мардуми онро барои садсолаҳо мунаввар мекунад.
Бо шарофати Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омодасозӣ ва қабули Конститутсияи давраи нав ба амал омад. Дар натиҷа 6 ноябри соли 1994 ин Конститутсия ба тариқи райъпурсии умумихалқӣ аз ҷониби аксарияти кулли мардум пазируфта шуд ва ин рӯзи таърихӣ дар Тоҷикистон рӯзи Конститутсия муқаррар гардид.
Таърих гувоҳ аст, ки ин санадҳои муҳим раванди ташаккули афкори сиёсиву ҳуқуқӣ ва фалсафии инсониятро дар давраи муайян танзим намуда, дар худ андеша ва ғояҳои инсондӯстона ва амалу рафтори бо қонун танзимшударо таҷассум мекунанд ва баромадан аз доираи муқаррароти онҳо ё нодида гирифтани онҳо сабаби сар задани низоъҳои мухталиф ва фалаҷ гардидани низоми ҳокимияти сиёсӣ мегардад.
Мо имрӯз шоҳиди ҳол ҳастем, ки дар баъзе кишварҳои ҷаҳон бинобар сарфи назар гардидани меъёрҳои Конститутсия ва қонунгузорӣ ва риоя накардани онҳо давлату ҷомеа ба хатарҳои вазнин ва мушкилоти сангин рӯбарӯ гашта, гирифтори ихтилофҳои мафкуравию мазҳабӣ ва бархӯрди манфиатҳои сиёсиву иқтисодӣ гардида, ҳатто хатари парокандагӣ ва тақсимшавии давлатҳоро ба миён овардааст.
Мо бояд ҳаргиз фаромӯш накунем ва ба ҷавонони имрӯза низ талқин намоем, ки аз оғози солҳои 90-ум халқи Тоҷикистон бо сабаби поймол гардидани меъёрҳои ҳуқуқӣ, хусусан меъёрҳои конститутсионӣ оқибатҳои даҳшатноку фоҷиабори мухолифати мусаллаҳона ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро бо чашми худ дид ва ин моҷаро давлати моро қариб ба вартаи нобудшавӣ оварда расонид.
Конститутсия тавонист ифодагари манфиатҳои халқи тоҷикони дохилӣ, омоли меҳнаткашонро инъикос намояд, тоҷиконро дар арсаи олам муаррифӣ бисозад. Конститутсия барои сулҳу салоҳ ва ваҳдати комил – расидани тоҷикон нақши муҳим бозид. Ин ҳуҷҷати тақдирсоз аз ҷониби коршиносони байналхалқӣ дар шумори панҷ Конститутсияи беҳтарину мардумитарин давлатҳои узви Созмони Амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо номбар гардид.
Албатта, дар таҳия ва омодасозии Конститутсияи даврони истиқлоли Тоҷикистон нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят зиёд аст. Инак Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 30-сола мегардад ва мардум бо камоли ифтихор 6 ноябрро ҳамчун рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола қайд менамоянд.
Боиси ифтихор аст, ки Конститутсияи кишвар дастгиру роҳнамои мардуми тоҷик гардид, вазифаи ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ аз он иборат аст, ки Конститутсияро эҳтиром намояд. Бигзор, Конститутсияи давлати демократии мо, ҳамеша қутбнамо ва ифодагари манфиатҳои волои халқи дорои таърихи бою рангинамон, манбаи асосии ҳуқуқии ҳокимияти давлатӣ, пешбарандаи ғояву арзишҳои миллии мардуми шарифи Тоҷикистон ва амаликунандаи умеду ормонҳои чандинасраи ниёгонамон бошад.
Мудири кафедраи фармакология ва забони лотинӣ Хоҷаева З.Г.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.