Мақолаҳо СУХАНРОНИИ ПРЕЗДИДЕНТИ ҶУМҲУРИҲИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛИ РАҲМОН БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ДОНИШ Бо admin Охирин навсозӣ Oct 30, 2024 0 Устодону омӯзгорон, донишҷӯёну хонандагон ва ҳозирини гиромӣ! Дар даврони истиқлоли давлатӣ дар оғози соли таҳсил таҷлил намудани Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилоти низоми маорифи кишвар ба яке аз анъанаҳои неки умумимиллӣ дар Тоҷикистон табдил ёфтааст. Якуми сентябри ҳар сол садҳо ҳазор кӯдакони хушбахти замони истиқлол аввалин маротиба ба остонаи муассисаҳои таълимӣ қадам мегузоранд ва ба омӯзиши саводу дониш, одобу ахлоқ ва илму маърифат оғоз менамоянд. Дар ин лаҳзаҳои хотирмону фараҳбахш тамоми хонандагону донишҷӯён, омӯзгорон ва аҳли илму маорифи мамлакат, бахусус, 250 ҳазор кӯдаконеро, ки имрӯз дар фазои истиқлолу озодӣ, сулҳу суботи комил ва бо умеду орзуҳои зиёд ба муассисаҳои таълимӣ қадами нахустин гузоштанд, самимона табрик мегӯям.Мехоҳам махсус таъкид намоям, ки дар зарфи чанд рӯзи охир дар шаҳри Душанбе панҷ муассисаи таълимӣ, ки дар доираи сиёсати бунёдкоронаи давлату Ҳукумати мамлакат бунёд гардидаанд, ба фаъолият оғоз карданд, ки саҳми назаррас дар рушди соҳаи маорифи мамлакат мебошанд.Хотирнишон менамоям, ки ин ҳама пешрафту ободиҳо ва ғамхорӣ дар ҳаққи наслҳои наврас самараи истиқлолу озодии давлат, сулҳу оромии мамлакат ва азму иродаи созандаи сокинони пойтахт мебошад.Чун анъанаи нек бо дарси сулҳ оғоз гардидани соли таҳсил дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот барои хонандагону донишҷӯёни кишвар аҳаммияти басо муҳимми таълимиву тарбиявӣ дорад. Зеро танҳо дар сурати барқарор будани сулҳу суботи комил ва оромиву амният ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, аз ҷумла раванди таълиму тарбия ба таври муътадил идома пайдо мекунад. Яъне амалӣ гардидани ниятҳои неки ҳар як инсон ва нақшаву барномаҳои созандаи давлату ҷомеа фақат дар шароити сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ имконпазир мебошад. Аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ то имрӯз масъалаҳои мактабу маориф ва омӯзгору хонанда таҳти таваҷҷуҳу ғамхории аввалиндараҷаи Ҳукумати мамлакат қарор дошта, раванди ислоҳоти соҳаи маориф ва таҷдиду навсозӣ дар ҳама самтҳои он бомаром идома дорад. То имрӯз бо мақсади ба танзим даровардани фаъолияти соҳа садҳо санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардида, амалӣ шуда истодаанд. Дар замони соҳибистиқлолӣ маблағгузории соҳаи маориф сол ба сол зиёд карда шуда, вазъи соҳа ва кормандони муассисаҳои таълимӣ мунтазам беҳтар гардида истодааст. Саидов М.А – омӯзгори кафедраи технологияи дорусозӣ, ташкил ва иқтисоди фарматсияи МДТ Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ. 0 Мубодила кардан