Мақолаҳо ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ХАТАР БА АҲЛИ БАШАР Бо admin Охирин навсозӣ Oct 31, 2024 0 Мо бояд ҳамеша дар назар дошта бошем, ки терроризм ва террористро ба худӣ ва бегона, ашаддӣ ва ислоҳгаро ё хубу бад ҷудо кардан мумкин нест. Баръакс, тавре, ки ман борҳо таъкид намуда будам, террорист Ватан, дин мазҳаб ва миллат надорад. Эмомалӣ Раҳмон Терроризм ва экстремизм – зуҳуроти номатлуби замони муосир ба шумор рафта, мубориза бар зидди он қарзи ҳар як инсони комил мебошад. Терроризму экстремизм ва ифротгароӣ ҳамчун вабои аср бо амалҳою ҳодисаҳои номатлуб ба оромию амнияти сайёра ва пойдории давлатҳо таҳдиду хатарҳо эҷод карда, амну осоиш ва ваҳдати халқу миллатҳоро аз байн мебаранд. Ҳол он ки ҳеҷ як шакли ҷомеа бидуни таъмини амнияти пурраи иҷтимоӣ рушду такомул нахоҳад кард. Экстремизм ва терроризм мафҳумҳоеанд, ки дар ҳаёти имрӯза вирди забони ҳамаанд. Истилоҳи “терроризм” аз калимаи “terror” маншаъ гирифта маънои “тарс ва ваҳм” ро дорад. Яъне террористон мехоҳанд, ки мақсаду мароми худро бо роҳи зӯроварӣ, куштор ва тарсу ваҳм амалӣ намоянд. Қайд кардан ба маврид аст, ки Тоҷикистони сохибистиқлол солҳои навадуми асри гузашта ба рӯйдодҳои фоҷиабори муқовимат ба терроризм ва экстремизм рӯ ба рӯ шуд ва талафоти калони ҷониву молӣ дод. Хавфнок будани терроризм дар он ифода меёбад, ки асоси онро ҷиноятҳо оиди дар атрофи он ба вуҷуд овардани тарсу воҳима, заиф сохтани фаъолияти иҷтимоии шаҳрвандон, кори муътадили мақомоти давлатию идоракунӣ ва бо ҳамин ноил шудан ба мақсадҳои зидди ҷамъиятии худ ташкил медиҳад. Раванди ҷаҳонишавӣ ҷомеаи Тоҷикистонро низ фаро гирифтааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои як қатор созмонҳои зиддитеррористӣ буда, аз рӯзҳои аввали давлатдорӣ ин гуна ҷиноятҳоро маҳкум намуда, сиёсати ҳуқуқии ҷиноятии худро ба роҳ мондааст. Дар тафсири Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳи мақсадҳои он чунин омадааст: “Мақсади ибтидоии терроризм халалдор намудани амнияти ҷамъиятӣ, тарсонидани одамон, ба воҳима ва таҳлука овардани аҳолӣ буда, тавассути он фишор овардан ба мақомоти давлатист. Чунин ҳаракатҳо мақсади ниҳоии ҷинояткорон дар маҷбур сохтани мақомоти давлатӣ барои қабули қарорҳои ғайриҳуқуқӣ мебошад, ки ба манфиати онҳост ва ё бо мақсади резонидани обрӯ ва манзалати мақомоти давлатист”. Падидаи номатлуби терроризму ифротгароӣ ба хатари бесобиқаи ҷаҳонӣ табдил ёфта, оқибатҳои фоҷиабору харобиовари ҷамъиятиву сиёсӣ ва маънавиро ба бор овардааст. Тибқи маълумотҳо дар зарфи солҳои охир зиёда аз сад мамлакати дунё ҳадафи амалҳои харобкоронаи террористон қарор гирифта, бар асари ҳамлаҳои террористӣ садҳо ҳазор нафар аҳолии осоишта ба ҳалокат расида, миллионҳо нафар макону манзили зисташонро тарк кардаанд. Дар замони имрӯза терроризм дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ дорад ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо воқеан таҳдид эҷод менамояд. Сарфи назар аз тадбирҳои солҳои охир андешидашуда дар бахши мубориза бо терроризм, таҳдиди амалҳои нави террористӣ на фақат аз байн нарафтааст, балки афзоиш ёфтааст. Дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон фаъолшавии созмонҳои террористӣ ва ташкилоту созмонҳо инчунин маблағгузории онҳо ба мушоҳида мерасад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин изҳор доштанд: «Миллате, ки тафаккури миллӣ, таъриху адабиёт, забон, расму оин ва арзишҳои фарҳангиашро аз даст медиҳад, истиқлолияти худро пуштибонӣ карда наметавонад. Миллате, ки хотираи таърихиашро пос намедорад, хоҳу нохоҳ тафаккураш ғуломона гашта, истиқлолияти миллиашро аз даст медиҳад. Ҳифз накардани таърихи миллат ба инкори гузашта бурда мерасонад». Албатта, кишварҳои дунё дар танҳоӣ наметавонанд бо ин вабои аср мубориза баранд. Баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Муқовимат ба терроризм ва ифротгароии хушунатомез» (3 – 4 уми майи соли 2018) дар шаҳри Душанбе фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро фароҳам овард ва аз тамоми кишварҳо тақозо карда шуд, ки дар ҷодаи мубориза ва решакан намудани падидаи терроризму экстремизм ва ифротгароӣ ва таъмини суботу амнияти сартосарӣ тавассути андешидани иқдомҳои муштарак ҳамкориҳоро тақвият бахшанд. Мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб на бо роҳи низомӣ, балки танҳо тариқи муколамаи сиёсӣ муборизаҳои дастаҷаъмона имконпазир аст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон дар баробари таҳлили тамоми соҳаҳои ҳаётан муҳими кишвар ба вазъи имрӯзаи ҷаҳон таваҷҷуҳ зоҳир карда, иброз доштанд: “Солҳои охир терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст. Имрӯз мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ ва экстремизм ба хотири ҳифзи манфиатҳои миллӣ, сохти конститутсионӣ ва истиқлолияти кишвар вазифаи муқаддастарини тамоми мақомоти давлатӣ ва ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад”. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи дигар кишваҳои ҷаҳон бо ин зуҳуроти номатлуб мубориза бурда, талош мекунад, то ки аз пайомади ногувори ин гуна амалҳо пешгирӣ намояд. Мо ҷавонон ҳамчун неруи пешбаранда ва созандаи имрӯзу фардои Тоҷикистони азиз бо ҳисси баланди миллӣ пояҳои давлатдории миллиамонро чун гавҳари ноёб нигоҳ дорем. Мо ҷавонон шукронаи онро кунем, ки дар фазои ободу озод ва орому осуда зиндагӣ менамоем. Бояд ҳар як шаҳрванд, ҳар як фарди ҷомеа барои ҳифзи истиқлолият ва якпорчагии кишвар талош варзад. Зеро ояндаи халқу миллати тоҷикро бе давлати миллии тоҷикон тасаввур кардан ғайриимкон аст. Қандова Рушанна омӯзгори МДТ Коллеҷи тиббии Ҷумҳуриявӣ 0 Мубодила кардан