Мақолаҳо КОНСТИТУТСИЯ- ҚОНУНИ ДАВЛАТ! Бо admin Охирин навсозӣ Oct 30, 2024 0 Конститутсия — қонуни асосии Тоҷикистон, ки таърихи 6 ноябри соли 1994 дар раъйпурсии умумӣ қабул карда шуда 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 бо тариқи раъйпурсии умумӣ ба он тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст. Конститутсия чун шиносномаи миллату давлат Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо номи давлати соҳибихтиёру демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва ягона ба расмият даровард ва ба ҷаҳониён муаррифӣ кард. Вай ҳамчун давлати иҷтимоӣ барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меоварад. Қобили зикр аст, ки тавассути раъйи мардум қабул шудани қонуни асосии мо дар миқёси кишварҳои баъдишӯравӣ низ яке аз таҷрибаҳои аввалин ба шумор меравад. Раъйи мардум ба тарафдории давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ яъне интихоби тақдири ояндаи ободу осудаи кишвар зарбаи ҷонкоҳ ба нерӯҳои радикаливу террористӣ – тарафдорони бунёди давлати исломӣ ва хоҷаҳои хориҷии онҳо гардид. Гузашти солҳо собит намуд, ки роҳи пешгирифтаи мардуми соҳибфарҳангу тамаддунсози тоҷик ҷиҳати бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ, ки дар Конститутсияи давлати соҳибихтиёри тоҷикон дарҷ шудааст, ягона роҳи дуруст ва таҷассумкунандаи манфиатҳои миллӣ, таконбахши рушди бонизоми давлат ва таъминсозандаи зиндагии орому босуботи ҷомеа мебошад. Дар натиҷаи фаъолияти шабонарӯзии Ҳукумати мамлакат ва пешвои муазамми миллат, пуштибонии мардуми Тоҷикистон ва дар асоси ин меъёри конститутсионӣ дар як давраи нисбатан кӯтоҳи таърихӣ сохти конститутсионӣ барқарор гардид ва дар кишвар сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, амният ва тартиботи ҳуқуқиву ҷамъиятӣ таъмин карда шуд. Мардуми пуршарафи тоҷик соли ҷорӣ 30-юмин солгарди қабули ин санади олии меъёрӣ-ҳуқуқиро, ки ҳамчун бахтномаи миллат шинохта шудааст, ҷашн мегиранд. Алланазаров Ф.Ф. – ассистенти кафедраи ҷарроҳия. 0 Мубодила кардан