Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ТАВАҶҶУҲИ ХОСАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МӮҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ

Паёми имсолаи Роҳбари давлат дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар дар бинои нави мақоми олии қонунгузории мамлакат – Маҷлиси Олӣ баргузор гардид.
Дар баробари дигар самтҳо, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, изҳор доштанд, ки Ҳукумати мамлакат барои таъмини фаъолияти босамари муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолӣ тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.
Тибқи иттилои пешниҳодшуда, дар соли 2025 барои соҳаи тандурустӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ 4,3 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли 2024-ум 840 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Пешвои миллат таъкид намуданд:
«Тайи чанд соли охир мо бинои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро, ки кормандони он дар шароити бисёр номусоид фаъолият мекарданд, инчунин, биноҳои ду муассисаи бузурги таҳсилоти олии тиббӣ – Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва Донишгоҳи давлатии тиббӣ дар вилояти Хатлонро бо беҳтарин шароит бунёд карда, ба истифода додем.
Инчунин, даҳҳо беморхона ва дигар муассисаҳои тиббиро, ки 70–80 сол пеш сохта шуда буданд, таҷдид, азнавсозӣ ва бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин намудем».
Дар Паём зикр гардид, ки дар давоми 33 соли соҳибистиқлолӣ, ғайр аз таъмиру таҷдиди муассисаҳои мавҷудаи соҳаи тандурустӣ, бо истифода аз ҳамаи имкониятҳо 3076 муассисаи нави тиббӣ бунёд шудааст.
Бо вуҷуди корҳои анҷомшуда, ба роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш дода шуд, ки дар ҳамкорӣ бо соҳибкорону сармоягузорон то ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ мушкилоти муассисаҳои тандурустиро пурра бартараф намоянд.
Инчунин, қайд карда шуд, ки тайёр кардани мутахассисон ва бо кадрҳои баландихтисос таъмин намудани муассисаҳои тиббӣ яке аз масъалаҳои муҳим ва афзалиятноки соҳаи тандурустӣ мебошад.
Роҳбари давлат зимни ироаи Паём таъкид карданд:
«Ман дар вохӯриҳои худ масъалаҳои норасоии мутахассисон, паст будани сифати доруворӣ ва истифодаи самараноки таҷҳизоти ҳозиразамони тиббиро борҳо таъкид кардаам».
Дар ҳамин замина, роҳбарон ва масъулони соҳа вазифадор шудаанд, ки барои ислоҳи камбудиҳо, таъмини рушди устувори соҳа ва тарбияи кадрҳои баландихтисос тадбирҳои зарурӣ андешида, хизматрасонии босифати тиббӣ ва фаъолияти муассисаҳои тиббиро таъмин намоянд.
Пешниҳод шуд, ки аз 1 сентябри соли 2025, бо мақсади беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум ва тақвияти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маоши кормандони соҳаи тандурустӣ ва муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ 20 фоиз зиёд карда шавад.
Дар маҷмӯъ, Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати тақдирсоз ва роҳнамо барои ҳар фарди худогоҳи кишвар маҳсуб ёфта, барои ояндаи дурахшони Ватани азизамон нақши муҳим дорад.
Омӯзгори кафедраи фармакология ва забони лотинӣ
Гулбекова Манила Исрорбековна

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.