Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

Суханронии директори МДТ «Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ» Ашуриён Ш.С., дар ҷаласаи тантанавӣ, бахшида ба «Рӯзи дониш» 1.09.2016

Устодон ва донишҷӯёни гиромиқадр, боиси хушбахтӣ ва сарфарозии мову Шумост, ки ҷаласаи тантанавии имрӯза, бахшида ба рӯзи дониш дар арафаи яке аз ҷашнҳои муҳим барои миллати мо, ҷашни 25–умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад. Дар давоми 25 соли истиқлолият Ҷумҳурии ҷавони соҳибистиқлоли мо ба дастовардҳои хеле назаррас ноил гардид. Ба даст овардани Ваҳдати миллӣ ва сулҳу оромӣ барои рушди ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон заминаи хеле мусоид фароҳам овард. Дар давоми солҳои Истиқлолияти давлатӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба амалишавии ҳадафҳои миллии давлату ҳукумат ва халқи ҷумҳурӣ бо роҳбарии Пешвои миллат ба музафариятҳои назаррас ноил гардид. Ин ҳам бошад дастовардҳои муҳим дар ҷодаи таъмини истиқлолияти энергетикӣ бо истифодаи самарабахши нерӯи барқ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баромада, ба кишвари транзитӣ табдил ёфтан ва таъмин намудани амнияти озуқавориву дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат,паст намудани сатҳи камбизоатӣ буд. Дар ин давра мову Шумо ҳозирини гиромиқадр шоҳиди кушодашавии роҳҳои бузурги автомобилгард, нақбҳо, роҳҳои оҳан, корхонаҳои бузурги саноатӣ ва дигар иншоотҳои хизматрасонӣ гардидем. Ин ҳама неъмати Истиқлолияти давлатӣ ба шумор мераванд. Мисоли ин дастовардҳои бузург бунёди роҳи оҳани самти Душанбе,Қурғонтеппа,Кӯлоб, ки рӯзи 24-августи соли 2016 бо он нахустин қатора аз саристгоҳи роҳи оҳани пойтахт бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин аҳли зиё, намояндагони соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ва ҷавонони фаъолу ташаббускор дар ба роҳ баромад ба шумор меравад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми ҳаракат дар хатсайри роҳи оҳани Душанбе,Қурғонтеппа,Кӯлоб, изҳор дошт, ки имрӯз барои мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла сокинони заҳматқарини вилояти Хатлон рӯзи басо хотирмони таърихӣ мебошад. Зеро дар арафаи ҷашни муқаддасу мубораки миллиамон-биступанҷумин солгарди истиқлолияти давлатии Тоҷикистон яке аз нақшаҳои аз лиҳози иқтисодиву иҷтимоӣ бисёр муҳимми мо, амалӣ гардид. Санаи 4 – уми марти соли 2016 Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе маҷмааи бузурги тандурустии “Истиқлолро” дар вазъияти тантанавӣ ифтитоҳ намуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бунёду мавриди истифода қарор додани ин маркази бузургро туҳфаи арзандаи Пешвои миллат ба кормандони соҳаи тандурустӣ дар арафаи ҷашни 25 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намуд. Бо ифтитоҳи Маҷмааи нави тандурустии Истиқлол 3500 ҷойи нави корӣ барои кормандони соҳаи тандурустӣ таъсис дода шуд. Дар марказ 620 номгӯи таҷҳизоти муосири ташхису табобатии истеҳсоли кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон аз ширкатҳои бонуфузи Русия, Чин, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Япония, Олмон, Финляндия ва Чехия дастрас ва насб шудааст. Бо супоришу дастгирии бевоситаи Пешвои миллат маҷмааи тандурустии “Истиқлол” ҳамчун заминаи таълимии Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ мавриди истифода қарор хоҳад гирифт. Аллакай барои Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ аз маркази мазкур ҳуҷраҳои таълимӣ ҷудо карда шудаанд. Дар оянда дар ин маркази муосири табобаӣ машғулиятҳои амалӣ ва таҷрибаомӯзӣ ба роҳ монда мешавад, ки ин албатта боиси беҳтар гаштани сифати омодасозии мутахассисони миёнаи тиб мегардад. Дар заминаи Истиқлолияти давлатӣ Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ низ ба дастовардҳои хеле назаррас ноил гардид. Солҳои аввал баъди ба соҳибистиқлолӣ ноил гаштани ҷумҳуриамон дар Коллеҷ мутахассисон намерасиданд, заминаи моддию техникии коллеҷ заиф гашта буд. Қатъи назар аз ин, коллеҷ тавонист дар як муддати кӯтоҳ камбудиҳои ҷойдоштаро бартараф созад. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ дар коллеҷ дар ин давра 1 бинои нави таълимии замонавӣ ва майдончаи варзишӣ сохта ба истифода дода шуда, биноҳои мавҷудбуда ва хобгоҳи донишҷӯён пурра аз таъмири хушсифат бароварда шуданд. Айни замон коллеҷ дорои зиёда аз 400 кабинету лабораторияҳои фаннӣ, ки аксарияти онҳо ба тарзи ҳозиразамон ҷиҳозонида шудаанд, кабинетҳои фаннии компютерӣ, марказҳои таълимӣ – истеҳсолӣ, таълимӣ табобатӣ, инчунин китобхона бо қироатхона барои 80 ҷойи нишаст мебошад. Айни ҳол сохтмони бинои таълимии замонавии коллеҷ давом дорад ва аллакай 6 ошёнаи он ба итмом расонида шудааст. Дар соли 2016 хазинаи китобхонаи коллеҷ 43 532 ададро ташкил медиҳад, ки ин нишондод нисбати соли 2005 ба 63% афзӯдааст. Дар ғанигардонии фонди китобхона олимону омӯзгорони коллеҷ саҳми босазо гузоштаанд. Албатта бо шукргузорӣ аз истиқлолият ва ваҳдати миллӣ мо гуфта метавонем, ки ин дастовардҳо ба мо имкон додаанд, ки шароити таълим ва сатҳу сифати омодасозии мутахассисон дар коллеҷи тиббӣ сол аз сол беҳтар карда шавад ва донишҷӯён аз ин шароити хуб бояд самаранок истифода намоянд. Ҳоло Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” калонтарин таълимгоҳи миёнаи тиббӣ дар Ҷумҳурӣ ба шумор рафта дар он зиёда аз 5 000 донишҷӯён таҳсил менамоянд. Имрӯзҳо хатмкардагони Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ дар ҳама муассисаҳои тандурустии ҷумҳурӣ ва берун аз он кору фаъолият намуда, дар нигаҳдории солимии ҷомеа саҳми арзандаи хешро гузошта истодаанд, ки ин боиси сарфарозии мо мебошад. Ҳукумати Ҷумҳурӣ рушди соҳаҳои маориф ва тандурустиро яке аз ҳадафҳои стратегии худ мешуморад. Ин аст, ки тули 25 соли истиқлолияти давлатӣ соҳаҳои мазкур ру ба инкишоф ниҳодаанд. Маблағгузории Ҳукумат ба ин соҳаҳо сол аз сол афзӯда истодааст. Кушодашавии муассисаҳои зиёди соҳаи маориф ва тандурустӣ боиси зиёд гардидани ҷойҳои корӣ ва ташаккули соҳа гардидааст. Соли ҷорӣ музди меҳнати кормандони муассисаҳои тандурустӣ 20 фоиз, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, аз ҷумла хона – интернатҳо барои пиронсолону маъюбон, шуъбаҳои кумаки иҷтимоӣ дар хона ва истироҳатгоҳу осоишгоҳҳо барои собиқадорони ҷангу меҳнат ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда 25 фоиз зиёд карда шуд. Дар баробари ин, стипендияи донишҷуён ва дигар намудҳои стипендия 30 фоиз, инчунин музди меҳнати ҳадди ақал 60 фоиз зиёд шуда, андозаи он аз 250 сомонӣ то ба 400 сомонӣ баробар карда шуд. Ҳукумати Ҷумҳурӣ маблағгузории соҳаи тандурустиро сол аз сол зиёд карда, соли ҷорӣ ҳиссаҷудокуниро ба ин соҳа ба 1 миллиарду 300 миллион расонид, ки ин рақам нисбат ба соли 2005 — 14 баробар зиёд мебошад. Бо қаноатмандӣ метавон гуфт, ки имрӯз мутахассисони соҳаи тиб бо истифода аз имкониятҳои муҳайёкардаи Ҳукумат корро дар баъзе самтҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ ба роҳ мондаанд. Дар натиҷа имрӯз барои ташхис ва табобат ба кишварҳои хориҷӣ рафтани шаҳрвандони мо хеле кам шудааст. Ҳукумати мамлакат масъалаҳоеро, ки ба сиёсати давлатии ҷавонон алоқаманд мебошад, дар маркази диққати худ қарор медиҳад ва барои дастгирии иқдомоти бунёдкоронаи ҷавонони кишвари соҳибистиқлоламон тамоми чораҳои заруриро амалӣ мегардонад. Пешвои миллат дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин иброз доштанд: Мо бо ҷавонони созандаи худ ифтихор мекунем, чунки ҷавонони даврони соҳибистиқлолии Ватанамон имрӯз бо нангу номуси миллӣ, ташаббусҳои шоиста ва эҳсоси баланди ватандорӣ дар рушди Тоҷикистони азиз ҳиссаи арзишманд мегузоранд ва ба Модар — Ватани худ содиқона хизмат мекунанд. Варзиш қосиди сулҳ аст. Машғул гаштан ба варзиш насли ҷавонро аз зуҳуроти номатлуб, ба монанди нашъамандиву нашъаҷаллобӣ, амалҳои қонуншиканӣ, шомил гардидан ба гурӯҳҳои экстремистию ифротгаро ва ғайра эмин медорад. Бо ин мақсад Ҳукумати Ҷумҳурӣ дар зери дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишварамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи варзиш диққати махсус медиҳад. Дар доираи иҷрои нақшаи чорабиниҳо оид ба рушди варзиш дар Ҷумҳурӣ дар қаламрави кишвар зиёда то ҳол аз 2500 иншооти варзишӣ бунёд гардиданд. Ин аст, ки солҳои охир варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ сазовори ҷойҳои намоён гашта шаъну шарафи Тоҷикистонро дар миқёси ҷаҳонӣ баланд мебардоранд. Боиси хушбахтию сарфарозии ҳамаи мо тоҷикон аст, ки яке аз варзишгари шуҳратманди тоҷик Дилшод Назаров ҷоизадори медали тилоии Бозиҳои ХХХI – тобистонаи олимпии Рио-де-Жанейро-2016 дар бахши гурзандозӣ гардид. Баъди бозгашт санаи 26 – уми август Дилшод Назаровро дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе шаҳрвандону мухлисонаш бо як шаҳомати беназир истиқбол намуданд. Ин тӯҳфаи беҳтарини Дилшод Назаров ба мардуми кишвар, бахшида ба 25 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Дилшод Назаров дар сӯҳбатҳояш бо хабарнигорон иброз дошт, ки Медали олимпӣ дастоварди кулли мардуми шарифи Тоҷик ба шумор меравад. Дилшод Назаров ба тамоми дунё бори дигар исбот намуд, ки тоҷикон насли Рустами достонанд ва ба чунин пирӯзиҳо қодиранд. Аз ин дастоварди Дилшод Назаров ҳамаи ҷавонон нерӯманд гашта бо боварии комил баҳри дастовардҳо дар зиндагӣ кӯшиш хоҳанд намуд. Шоми 26 – уми август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон варзишгари номдори мамлакат Дилшод Назаровро, ки баъди иштирок ва ба даст овардани медали тилоии Бозиҳои ХХХI – тобистонаи олимпии Рио-де- Жанейро -2016 дар бахши гурзандозӣ ба Душанбе омад, ба ҳузур пазируфтанд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар Дилшод Назаровро барои дастоварди олии варзишӣ самимона табрик гуфта барои хизматҳои бузургаш дар муарифии бештари давлату миллати тоҷик ва баланд бардоштани шарафи варзишии мамлакат дар арсаи байналмилалӣ изҳори сипосу минатдорӣ намуданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки ба медали тиллоии мусобиқоти ҷаҳонӣ ноил шудани Дилшод Назаров дар таърихи соҳибистиқлолии мамлакат руйдоди фараҳбахшу беназир буда Тоҷикистонро машҳури ҷаҳон гардонид ва Парчами миллии давлати тозаистиқлоро партавафшону мардуми шарафманди ин сарзаминро боз ҳам ифтихорманду сарбаланд кард. Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 августи соли 2016 Дилшод Назаров барои саҳми намоён дар рушди варзиш ва дастоварди бузурги варзишӣ дар Бозиҳои ХХХI – тобистонаи олимпии Рио-де- Жанейро -2016 бо мукофоти давлатӣ Ордени Шараф дараҷаи I сарфароз гардонида шуд. Ин мукофоти давлатиро дар вазъияти тантанавӣ Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Дилшод Назаров тақдим намуданд. Меҳмонон, омӯзгорон ва донишҷӯёни гиромиқадр иҷозат фармоед ҳамаи Шуморо ба 25 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рӯзи дониш табрику таҳният намуда ба Шумоён рӯзи неку саломатӣ, хушбахтӣ ва бурдбориҳои беназирро таманно намоям.

Ташаккур ба диққататон!

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.