Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

Спартакиадаи XI-уми донишҷӯёни коллеҷҳои тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар асоси фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22.04 соли 2017, № 302 оиди гузаронидани Спартакиадаи донишҷӯёни Коллеҷҳои тиббии ҷумҳурӣ, дар толорҳо ва майдонҳои варзишии Муассисаи ғайридавлатии таълимии Коллеҷи тиббии ш. Турсунзода Спартакиадаи XІ-уми донишҷӯёни Коллеҷҳои тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахшида ба “Соли ҷавонон” ва 20 –солагии “Ваҳдати миллӣ” баргузор гардид. Мувофиқи Нақша–чорабиниҳо барои ҷойгир намудани иштирокчиёни Спартакиада аз Коллеҷҳи тиббии шаҳру ноҳияҳои дурдаст (вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ) тадбирҳои зарурӣ андешида шуд. Донишҷӯён – иштирокчиёни Спартакиада аз вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ, ки зиёда аз 600 нафарро ташкил доданд дар хобгоҳи Муассисаи ғайридавлатии таълимии Коллеҷи тиббии ш. Турсунзода, Меҳмонхонаи “Ширкент” ва истироҳатгоҳи мавсимии “Ширкент” – КВД –и “Алюминий тоҷик” ҷойгир карда шуданд. Инчунин дар рӯзҳои баргузории Спартакиада барои 600 нафар варзишгар хӯроки яквақта ташкил карда шуд. Маросими расмии кушодашавии Спартакиада бо иштироки зиёда аз 600 нафар донишҷӯён ва 600 нафар варзишгарон дар Майдони варзишии Муассисаи ғайридавлатии таълимии Коллеҷи тиббии ш. Турсунзода бо иштироки намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ ва Ҳукумати ш. Турсунзода дар сатҳи баланд баргузор карда шуд. Аз ҷумла дар ҷараёни кушодашавӣ “Гашти тантанавӣ”- и Спартакиадаи Коллеҷҳои тиббӣ баргузор гардид. Чорабинии мазкур дар Васоити ахбори умум инъикос карда шуд. Мусобиқаҳои варзишӣ тибқи Низомномаи Спартакиада, ки аз тарафи Кумитаи тадорукотӣ таҳия гардида буд сурат гирифтанд. Дар таърихи 03.05 соли 2017 тибқи Низомнома қуракашии мусобиқаҳо бо иштироки намояндагони Коллеҷҳо ва доварони мусобиқа баргузор гашта, ҷадвали тақвимии баргузории мусобиқа тартиб дода шуданд. Тибқи Низомнома мусобиқаҳои варзишӣ аз рӯи намудҳои зерин баргузор гардид: Волейбол (писарон ва духтарон), Баскетбол (писарон ва духтарон), Тенниси рӯи мизӣ (духтарон ва писарон) ва Футболи хурд (писарон).
Натиҷаи мусобиқаҳои варзишӣ аз рӯи намудҳо чунин аст:

Волейбол (писарон)
1.Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб – ҷойи аввал;
2.Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд – ҷойи дуюм;
3.Коллеҷи тиббии (ғайридавлатии) ноҳияи Рӯдакӣ– ҷойи сеюм.

Волейбол (духтарон)
1.Коллеҷи тиббии шаҳри Истаравшан– ҷойи аввал;
2.Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб – ҷойи дуюм;
3.Коллеҷи тиббии Хуҷанд– ҷойи сеюм.

Баскетбол (писарон)
1.Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ-ҷойи аввал;
2.Коллеҷи тиббии ш. Қурғонтеппа– ҷойи дуюм;
3.Коллеҷи тиббии ғайридавлатии ш.Гулистон– ҷойи сеюм.

Баскетбол (духтарон)
1.Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд -ҷойи аввал;
2.Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ – ҷойи дуюм;
3.Коллеҷи тиббии шаҳри Қурғонтеппа – ҷойи сеюм.

Тенниси рӯимизӣ (писарон)
1.Коллеҷи тиббии н. Бобоҷон Ғафуров -ҷойи аввал;
2.Коллеҷи тиббии ш.Хуҷанд– ҷойи дуюм;
3. Коллеҷи тиббии (ғайридавлатии) ноҳияи Рӯдакӣ– ҷойи сеюм.

Тенниси рӯйимизӣ (духтарон)
1.Коллеҷи тиббии н. Бобоҷон Ғафуров -ҷойи аввал;
2. Коллеҷи тиббии н. Бобоҷон Ғафуров -ҷойи дуюм
3.Коллеҷи тиббии шаҳри Конибодом– ҷойи сеюм.

Футболи хурд (писарон)
1.Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб -ҷойи аввал;
2. Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ №1– ҷойи дуюм;
3.Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ №2 – ҷойи сеюм.

Мутобиқи ҷамъбасти натиҷаи мусобиқаҳо дар ҳисоби даставӣ ҷойи 1 – ум насиби Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб гардид. Ба ғолиби Спартакиада Кубоки Сайёр, ки барои сазовор гардидани дастаҳо дар ҳисоби даставӣ омода карда шуда буд, тӯҳфа карда шуд. Дар рӯзи пӯшидашавии Спартакиада ғолибон бо дипломҳо, ифтихорномаҳо, ҷомҳо, медалҳо ва тӯҳфаҳои хотиравии таъсисшудаи Кумитаи тадорукоти Спартакиада, Кумитаи иттифоқҳои касабаи кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд. Дар Спартакиади мазкур бори аввал Кубоки Сайёри Ғолиби мутлақи мусобиқаҳои варзишӣ таъсис дода шуд. Бояд қайд намуд, ки мусобиқаҳои варзишӣ нисбат ба солҳои гузашта хубтару шавқовар ва бонизом баргузор шуданд. Хулоса: Спартакиадаи XІ донишҷӯёни Коллеҷҳои тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд сурат гирифт. Гузаронидани Спартакиада барои мустаҳкам гардидани ваҳдат ва дӯстӣ, солимӣ ва дур шудан аз рафторҳои номатлуб дар байни ҷавонон зарур шуморида мешавад.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.