Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

Иштирок дар озмуни ҷумҳуриявӣ байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ

Дар асоси фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8.02 соли 2017, № 337 санаҳои 24-25 – уми майи соли 2017 дар Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор озмуни ҷумҳуриявӣ байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ баргузор гардид. Озмуни мазкур доир ба фанҳои таърихи халқи тоҷик, биология, химия, математика, забони русӣ, забони англисӣ ва забони тоҷикӣ шуда гузашт. Дар озмун донишҷӯёни МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” фаъолона ширкат варзида, сазовори ҷойҳои намоён гаштанд, аз ҷумла аз фанни биология донишҷӯи бахши аввали факултаи “Кори момодоягӣ” Бобиева Шукрона Тоировна ҷойи 1 (якум), донишҷӯи бахши аввали ҳамин факулта Раҳимова Руё Рухсатовна ҷойи 3 (сеюм) ва донишҷӯи бахши 1 – уми факултаи “Кори фарматсевтӣ” Искандарзодаи Зайналобиддин ҷойи ифтихориро соҳиб гаштанд.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.