Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

Сухани табрикии директори “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” Ашуриён Ш.С дар ҷаласаи тантанавӣ, бахшида ба хатми донишҷӯён дар соли 2017

Устодони муҳтарам, хатмкунандагон ва меҳмонони гиромиқадр! Боиси хушбахтӣ ва сарфарозист, ки ҷаласаи тантанавӣ оид ба хатми муҳассилини Коллеҷ ва маросими супоридани дипломҳо ва ифтихорномаҳо ба хатмкунандагон дар соли ҷорӣ ба санаҳои фархунда, аз ҷумла 20-умин солгарди Ваҳдати миллӣ ва Соли ҷавонон рост меояд. Соли ҷорӣ халқи азизи Тоҷикистон ва тамоми тоҷикони ҷаҳон 20-умин солгарди Ваҳдати миллиро тантанавор пешвоз гирифтем. Таҷлили рӯзи Ваҳдати миллӣ бо як шукӯҳу шаҳомати хосса дар шаҳри Ваҳдат, санаи 27 – уми июн бо иштироки Асосгузори

сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишварамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлил карда шуд. Қайд намудан бамаврид аст, ки тамоми дастовардҳо дар соҳаҳои гуногуни ҷумҳуриамон маҳз тавассути ба даст овардани сулҳу Ваҳдати миллӣ имконпазир гаштааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 22.12 соли 2016 ироа намуда буданд қайд намуданд, ки татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад. Аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи миллат ва давлат мебошанд.

Ҳукумати Тоҷикистон ташаббусу пешниҳодҳои созандаи ҷавононро ҳамеша дастгирӣ намуда, барои амалӣ гардидани онҳо имконият фароҳам меорад. Бо дарназардошти саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат Пешвои миллат пешниҳод намуданд, ки соли 2017 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Соли ҷавонон эълон карда шавад. Бахшида ба Соли ҷавонон дар саросари кишварамон чорабиниҳои гуногуни илмӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ ташкил ва баргузор карда шуда истодаанд. Аз ҷумла санаи 23- юми майи соли равон чорабинии идона, ки ба ифтихори Рӯзи ҷавонон дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор гардид Пешвои миллат иштирок намуда, рӯзи ҷавононро яке аз ҷашнҳои фараҳбахши Тоҷикистони соҳибистиқлол арзёбӣ намуд ва бори дигар тамоми ҷавонони кишварро барои сидқан дӯст доштани Ватан, ҳифз намудани манфиатҳои миллии он ва бо донишу маърифати замонавӣ дар арсаи байналмилалӣ ба таври шоиста муаррифӣ намудани Тоҷикистон даъват намуд ва дар ин ҷода ба онҳо пирӯзию сарбаландӣ орзӯ намуд. Аҳли омӯзгорон ва донишҷӯёни Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ низ дар чорабиниҳо, бахшида ба 20-солагии Ваҳдати миллӣ ва Соли ҷавонон фаъолона ширкат варзида истодаанд. Аз ҷумла дастовардҳои донишҷӯёни Коллеҷро соли ҷорӣ дар Олимпиадаи фаннии VIII- ум, Спартакиадаи XI-ум байни донишҷӯёни Коллеҷҳои тиббии ҷумҳурӣ, Озмуни фаннии ҷумҳуриявӣ, Мусобиқаи маҳорати варзишӣ ва ҳарбӣ-ватандӯстӣ байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намудан зарур аст. Дар озмунҳои мазкур донишҷӯёни Коллеҷ фаъолона ширкат варзида, сазовори ҷойҳои намоён гаштанд, ки ин боиси ифтихори аҳли кормандони Коллеҷ мебошад. Дар заминаи сулҳу ваҳдат ва рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ низ ба дастовардҳои зиёде ноил гаштааст, аз ҷумла айни замон Коллеҷ дорои зиёда аз 400 кабинету лабораторияҳои фаннӣ, ки аксарияти онҳо ба тарзи ҳозиразамон ҷиҳозонида шудаанд, кабинетҳои фаннии компютерӣ, марказҳои таълимӣ – истеҳсолӣ, таълимӣ табобатӣ, инчунин китобхона бо қироатхона барои 80 ҷойи нишаст мебошад. Дар соли 2017 хазинаи китобхонаи коллеҷ 50 958 ададро ташкил медиҳад, ки дар ғанигардонии он олимону омӯзгорони Коллеҷ саҳми босазо гузоштаанд. Заминаи кадрии Коллеҷ низ сол аз сол таҳким ёфта сатҳи тахассуснокии омӯзгорон низ баланд шуда истодааст. Омӯзгорон аз услубҳои муосири таълим истифода намуда, дар раванди таълим технологияи муосир васеъ мавриди истифода қарор дода шуда истодааст. Шароити муосиру замонавӣ моро водор менамояд, ки сол аз сол сифати омодасозии мутахассисонро беҳтар намоем. Имрӯзҳо хатмкардагони Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ дар ҳама муассисаҳои тандурустии ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар кору фаъолият намуда, дар нигаҳдории солимии ҷомеа саҳми арзандаи хешро гузошта истодаанд, ки ин боиси сарфарозии мо мебошад. Соли ҷорӣ Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявиро 1462 нафар мутахассисон аз рӯи 11 ихтисос хатм менамоянд. Бо беҳтаршавии шароитҳои таълим дар Коллеҷ сатҳи омодасозии мутахассисон низ сол аз сол беҳтар гашта истодааст, аз ҷумла соли ҷорӣ 52 нафар Коллеҷи тиббиро бо дипломи аъло хатм мекунанд, ки ин нисбат ба соли 2010 – ум 39,6% зиёд мебошад. Барои бо баҳои хубу аъло таҳсил намудан, интизоми намунавӣ нишон додан ва иштироки фаъолона дар чорабиниҳои ҷамъиятӣ зиёда аз 100 нафар хатмкунандагон бо ифтихорномаи Коллеҷ сарфароз гардонида мешаванд. Умедворем, ки Шумо хатмкунандагони азиз дар оянда ба фаъолияти касбӣ шурӯъ намуда дар нигаҳдории солимии ҷомеа саҳми арзандаи хешро мегузоред. Барои мушарраф гаштан дар ин ҷодаи пурифтихор ба Шумо роҳи сафед, сиҳатию саломатӣ ва бурдбориҳои беназирро таманно менамоям!

Ташаккур ба диққататон!

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.