Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ДОНИШҶӮЁНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ КАСБӢ БАХШИДА БА 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Санаи 20-21-уми майи соли 2021 бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ» Озмуни ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ аз фанҳои таълимӣ баргузор гардид, ки дар он 333 нафар донишҷӯ аз 73 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии ҷумҳурӣ ширкат варзиданд.
Озмуни мазкур аз рӯйи фанҳои забон ва адабиёти тоҷик, забон ва адабиёти рус, забони англисӣ, биология, химия ва  информатика гузаронида шуд.
Дар маҷлисгоҳи муассисаи мазкур бо иштироки муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон – Қодирзода Диловар Баҳриддин, Ҳокимхон Вализода – сардори раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, Юсуфӣ Саломуддин Ҷаббор – сардори раёсати таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ, сиёсати кадрҳо ва илми Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода – директори Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ», масъулини дастгоҳи марказии Вазорати маориф ва илм, омӯзгорону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва намояндагони ВАО ҷаласаи ифтитоҳии озмун доир гашт.
Кори ҷаласаро директори МДТ «Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ» Шаҳло Ашуриён ифтитоҳ намуда, иштирокчиёни озмун, омӯзгорон ва тамоми ҷамъомадагонро ба Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ хайрамақдам гуфта, иброз доштанд, ки барои роҳбарият, омӯзгорон, донишҷӯён ва умуман, тамоми намояндагони муассисаи таълимии мазкур боиси ифтихор аст, ки тибқи нақшаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни имсолаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии кишвар дар Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ  гузаронида мешавад ва ба тамоми иштирокчиёни озмун комёбиву муваффақиятҳо таманно намуданд.
Дар идома Диловар Қодирзода қайд намуд, ки ташкил ва гузаронидани озмуни мазкур аз як тараф арҷгузорӣ ва истиқболи ҷашни дарпешистодаи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, аз ҷониби дигар дарёфт ва муаррифии беҳтарин донишҷӯёни донишманду боистеъдод ва намунавии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии мамлакат маҳсуб меёбад. Дар идомаи суханронии худ муовини вазири маориф таъкид карданд, ки масъулин ҷараёни баргузории озмунро таҳти назорати ҷиддӣ гиранд, то беҳтаринҳо сазовори ҷой ва ҷоизаву туҳфаҳои хотиравии озмун гарданд ва ба иштирокчиёни озмун комёбиҳо таманно намуданд.
Сипас, Ҳокимхон Вализода ҳозиринро бо шартҳо ва дар маҷмӯъ, бо муҳтавои барномаи озмун ба таври мухтасар шинос намуд. Ӯ иброз дошт, ки пас аз анҷоми олимпиада бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми кишвар иштирокчиёни озмун, махсусан нафароне, ки аз минтақаҳои дурдасти  мамлакат омадаанд, бо мақсади истироҳату фароғат ва огоҳӣ пайдо кардан аз таъриху тамаддун ва фарҳанги миллати тоҷик ба тамошои мавзеъҳои фарҳангӣ, сайёҳӣ ва таърихии пойтахт сафарбар карда мешаванд.
Баъд аз маросими ифтитоҳӣ, кори озмун дар синфхонаҳои Коллеҷ оғоз ёфт ва рафти баргузории он аз тарафи нозирон ба таври ҷиддӣ назорат бурда мешуд.
Озмун аз рӯйи ҳамаи фанҳо соати 10:05 оғоз шуда, то соати 12:05 идома ёфта, дар асоси санҷиш ва баҳогузории ҳайати доварони озмун, ки иборат аз устодони соҳибтахассус ва ботаҷрибаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ буд, натиҷагирӣ карда шуд.
Рӯзи 21-уми май дар толори маҷлисгоҳи МДТ «Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ» маросими ҷамъбасти Озмуни ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ аз фанҳои таълимӣ ва ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмуни мазкур доир гардид.
Ҳокимхон Вализода – сардори раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии  Вазорати маориф ва илм қабл аз оғози маросими ҷамъбасти озмун ва ҷоизасупорӣ ба ғолибон қайд намуд, ки доварони озмун заҳмату талошҳои ҳар нафар иштирокчиро ба назар гирифта, ба натиҷаи кори онҳо баҳои воқеъбинона доданд.
Ҳамин тариқ, аз шумораи умумии 333 нафар иштирокчӣ 14 нафар ҷойҳои якум, дуюм, сеюмро ба даст оварда, соҳиби Диплом ва медалу туҳфаҳои Кумитаи тадорукоти озмун гардиданд. Ҳамзамон, ба 34 нафар иштирокчӣ барои иштироки фаъолона дар даври ҷумҳуриявии озмун “Ифтихорнома”-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуданд.
Аз рӯйи баҳогузории ҷамъбасти умумӣ, бо ҷойи якум дастаи МДТ «Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ» бо ба даст овардани 4 ҷойи ифтихорӣ (биология ҷойи 1, забони англисӣ ҷойи 1, химия ҷойи 2, забони русӣ ҷойи 2), бо ҷойи дуюм дастаи Коллеҷи тиббии ғайридавлатии шаҳри Бохтар (Даво) бо ба даст овардани 2 ҷойи ифтихорӣ (химия ҷойи 1, забони русӣ ҷойи 1) ва бо ҷойи сеюм дастаи Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо ба даст овардани 2 ҷойи ифтихорӣ сарфароз гардонида шуда, ба роҳбарияти ин муассисаҳо сипоснома ва туҳфаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.