Хабарҳо ҶАВОНОН – НАСЛ ВА ҲАМСАФАРИ ИСТИҚЛОЛИЯТ Бо admin Охирин навсозӣ May 27, 2021 0 Санаи 27 майи соли 2021 дар толори маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тибии ҷумҳуриявӣ” бо иштироки Наврӯзов Ҳамза Аҳрорович – муовини сардори раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф, Саидаҳмадзода Дилором – директори Маркази омӯзишии “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон” – и Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рамазонов Эраҷ – мудири Шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеъаи МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ дар мавзӯи “Истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои он дар 30 соли истиқлолият” семинар-машварат доир гардид. Дар аввал Наврӯзов Ҳамза Аҳрорович баромад намуда, барои ташкил намудани чунин як семинар – машварат ба роҳбарият ва маъмурияти коллеҷ минатдории хешро баён намуда, аҳли толорро хуш омадед намуда, қайд намуданд: «Истиқлолият волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик аст, ки 30 сол муқаддам муҳимтарин воқеаҳои таърихии сарнавишти миллати тоҷик ба вуҷуд омад. Ин ҳодисаи фараҳбахш авали моҳи сентябри соли 1991 ба вуқӯъ пайваст ва 9-уми сентябр расман рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Аз ҳамон вақт то имрӯз ин санаи муборак барои миллати тоҷик иди муқаддас маҳсуб мешавад. Ин неъмати бузург баробари ба даст овардан, нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагию абадиятро ба мардуми бузурги тоҷик ва Тоҷикистони азиз овардааст. Даврони истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи Тоҷикистони азизу маҳбубамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгирона, созандагӣ, азму талошҳои фидоркоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонида, маъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва баландтарин зинаи бахту саодати ҳақиқии миллатро таъмин намуд. Маҳз шарафи истиқлолият ҳаст, ки шумо ҷавонон соҳиби илму маърифат гардида, Ватани хешро дар оянда ободу мегардонед. Ҳамаи сокинони Тоҷикистони азизу маҳбуб имрӯз ифтихор аз он доранд, ки бисту нӯҳ сол қабл аз ин нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, аз шарофати мустақилият соҳиби рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардидем. Пас аз як соли эълони Истиқлолият, аниқтараш моҳи ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби ноҳияи Б.Ғафуров Иҷлосияи XVI – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба арсаи сиёсат шахсиятеро овард, ки дастовардҳои минбаъдаи кишвар ба номи ӯ алоқамандии ҳамаҷониба доранд. Аз рӯзи Сарвари давлат интихоб гардидани фарзанди барӯманди халқ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми фишангҳои ҳокимият тағйирот ворид гардид. Дар даврони истиқлолият таъмини истиқлолияти эенергетикӣ, раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, амнияти озуқаворӣ, ки ҳадафи стратегии Ҳукумати мамлакат мебошанд, бо сохтмони нерӯгоҳҳои хурду калони барқи обӣ, хатҳои интиқоли қувваи барқ, тунелҳо, шоҳроҳҳову пулҳои байналмиллалии мошингард ва даҳҳо иншооти азими инфраструктураи иҷтимоӣ ва натиҷаҳои нек ба даст оварда шуданд. Дар баробари кӯшишу заҳматҳои роҳбари давлату Ҳукумат яке аз дигар объекти стратегӣ НОБ-и Роғун ба ҳисоб меравад, ки аввалин маротиба он 16-уми ноябри соли 2018 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд. Бо ташаббуси Истиқлолият ба даст овардҳои назарраси сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ расида бошем ҳам, дар марҳилаи мураккабу ҳассоси ҷаҳони муосир ба иттиҳоду ҳамрайъӣ, ваҳдати миллӣ, маърифату зиракии сиёсӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстиву ватандорӣ бештар ниёз дорем” Риштаи суханро Саидаҳмадзода Дилором давом дода, қайд намуданд: Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мегӯянд: «Солҳои охир дар ҷаҳон як силсила тамоюлоти хатарнок, аз қабили таҳдиди террроризми байналмилалӣ, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухадир, қочоқи силоҳ ва фаъолияти гурӯҳҳои ҷинояткори трансмиллӣ қувват мегиранд, ки инҳо метавонанд ба оромиву суботи минтақа ва амнияти давлатии кишварҳои алоҳида таъсири ногувор расониданд. Аз ин рӯ мо омӯзгорон ва донишҷӯёнро зарур аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, якҷоя хатари коҳиш ёфтани ин ҳаракатҳои номатлубро пешгирӣ намуда, барои пешрафти Ватани азизамон саҳми худро гузорем. Инчунин муовини директор оид ба илм ва инноватсияи коллеҷ Муминзода Ҷамахон баромад намуда, аз нооромиҳои солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ёдовар шуд. Дар охир аз аҳли толор, омӯзгорон ва донишҷӯён ба меҳмонон саволҳо пешниҳод намуда, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд. Пеш 1 то 6 саҳифа Баъдӣ 0 Мубодила кардан