Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ШАНБЕГИИ ДАСТАҶАМЪОНАИ КОРМАНДОНУ ДОНИШҶӮЁНИ МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ”

Бахшида ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии  Истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  имрӯзҳо тадбирҳои  ободонию зебоинигорӣ  дар сартосари кишвар бо маром идома доранд. Ба муносибати ҷашнҳои дар пешиситода ва бо мақсади тозаю озодона нигоҳ доштани муҳити зист, сабзу хуррамгардонии гирду атроф, дилфиребу назаррабо намудани саҳни Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ, масъалаи тозаю озода нигоҳ доштани гирду атрофи  Коллеҷ ва сарсабзу хуррам гардонидани саҳни таълимгоҳ зери таваҷҷӯҳи хосаи директори муассисаи таълимӣ карор дорад.

Тибқи нақша – чорабиниҳои коллеҷ имрӯз 29.05.2021с. дар бинои асосӣ ва дар бинои дуюми коллеҷ шанбегии дастаҷамъона доир гардид.

Дар рафти шанбегӣ омӯзгорон фаъолона иштирок намуда, бехи дарахтонро нарм карда, ҷӯйборҳоро тоза намуда, гулу гулбуттаҳои ороиширо аз ҳар гуна алафҳои хушку бегона тоза намуданд.

Инчунин кӯчаи Камонгарон 3, ки бино дар онҷо воқеъ аст ду тарафи роҳи мошингард, гулҳои ороишӣ шинонида, тоза рубу чин карда шуд.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.