Муҳтарам омӯзгорон, донишҷӯён ва ҳамватанони азиз!
Ҳамаи шуморо ба муносибати иди шарифи Қурбон табрику муборакбод менамоем. Дар ин рӯзи саиду муборак, ба шумо мардуми азизи кишвар ва ҳамчунин ба кулли мусулмонони рӯи олам, тани сиҳату хонаи обод ва сари баланду дили шодро таманно дорем.
Иди Қурбон таҷассумкунандаи арзишҳои фарҳанги инсондӯстиву инсонпарварӣ буда, бахусус силаву навозиши ятимону бепарасторон, аёдату табрики хешу ақрабо, беморону пиронсолон, зиёрати марқад ва поси хотири гузаштагон, изҳори ҳамдардӣ кардан ба азодорон ва муҳимтар аз ҳама, хайру эҳсон намудан ба дармондагону ниёзмандон ва шахсони камбизоат аз фазилатҳои неки он маҳсуб меёбанд.
Ҳаминаст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд кардаанд, ки воқеан, дин, аз ҷумла дини ислом рукни таркибии таърихи башарият буда беҳтарин ормонҳои ҳаёти инсониятро таблиғ мекунад ва ҷавҳари равобиту пайванди байни одамонро сайқал мебахшад.
Ба ибораи дигар, фарҳанги исломӣ саршор аз ғояҳои олии инсондӯстӣ, талқингари меҳру шафқат ба ҳамдигар, хайру эҳсон, муомилаву муоширати неку бародарона, ахлоқи ҳамида ва илму маърифат мебошад.
Имрӯз сиёсати давлати соҳибихтиёри Тоҷикистон дар соҳаи дин дар асоси муқаррароти Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ татбиқ гардида, масъалаҳои муҳими муносибати давлату динро танзим менамояд.Фарҳанги бузурги исломӣ волотарин арзишҳои маънавӣ ва ҳаётиро, аз қабили омӯзиши илму маърифат, покизагиву накӯкорӣ, меҳнати ҳалол, дӯстиву рафоқат, созандагиву бунёдкорӣ ва таҳаммулгароиро талқин мекунад ва аҳли ҷомеаро ҳамеша барои иҷрои чунин амалҳои нек ҳидоят менамояд.
Аз ин лиҳоз, бо итминони комил гуфта метавонем, ки мардуми шарифи ватанамон саҳми арзандаи хешро дар тарбияи ахлоқии ҷавонону наврасон, ба роҳи дуруст раҳнамоӣ намудани онҳо, инчунин дар корҳои созандагӣ ва бунёдкорӣ дареғ нахоҳанд дошт. Имрӯз сиёсати пешгирифтаи давлат барои ҳар як фарди ҷомеа имконият фароҳам овардааст, ки ба хотири рӯз ба рӯз беҳтар сохтани зиндагии худ ва рушду ободии Ватани азизамон бо заҳмати бунёдкорона машғул шуда, дар пешрафт ва таъмини осудагии он саҳми муносиби худро гузорад.
Бо таманнои амалишавии ин нияту орзуҳои нек ҳамаи Шумо ва кулли мардуми диёрро ба муносибати Иди Саъиди Қурбон самимона табрику муборакбод гуфта, бароятон сулҳу ваҳдат, хушҳолии рӯзгор, барори кору комёбиҳои беназир ва файзу баракатро таманно менамоям.
Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони азиз!
Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода – директори Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”