Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “ТАБИБОНИ ҶАВОН”

Бо мақсади иҷрои Қарори Маҷлиси Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ аз 30 апрели соли 2021, №7 “Дар бораи гузоронидани маъракаи ҳисоботӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ” ва барқияи электронии Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб санаи 29 июни соли 2021, дар ташкилоти ибтидоии “Табибони ҷавон” Маҷлиси ҳисоботӣ бо иштироки Файзуллозода З.Ф. – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва Ашуриён Ш.С. – раиси ташкилоти ибтидоии “Табибони ҷавон” баргузор гардид.

Тибқи рӯзномаи Маҷлис сараввал гузориши раиси ташкилоти ибтидоӣ “Дар бораи ҷамъбасти фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ аз июни соли 2020 то июни соли 2021 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда” шунида шуд.

Сипас, тибқи тартиби рӯзномаи Маҷлис аз ҷониби аъзои ҳизб қарорҳои дахлдор “Дар бораи ба роҳбарӣ гирифтан ва дар амал татбиқ намудани қарорҳои Маҷлиси Раёсати КИМ ҲХДТ ва Раёсати Маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе”, “Дар бораи рафти татбиқи қарор ва нақша-чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи таҳлили фаъолияти ташкилкилоти ибтидоӣ дар самти корҳои таблиғотӣ ва иттилоотӣ” қабул гардиданд.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.