Хабарҳо Табрикоти директори МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” бахшида ба рӯзи дониш. Бо admin Охирин навсозӣ Sep 1, 2021 0 Омӯзгорон ва донишҷӯёни мӯҳтарам! Ҳамаи Шуморо ба муносибати Рӯзи дониш, ки таҷассумгари аввалин рӯзи соли таҳсили нав ба шумор меравад табрику муборакбод намуда, ба донишҷӯён комёбӣ дар таҳсил ва ба омӯзгорон дар таълиму тарбияи насли наврас муваффақиятҳои беназирро таманно дорам. Соҳаи илм ва маориф барои давлат ва ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз самтҳои афзалиятнок ва муҳими рушд ба шумор меравад. Пешвои муаззами миллат дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси олӣ ироа намуданд: “Аз соли 1991 то ба имрӯз дар мамлакат 3020 иншооти соҳаи маориф бо зиёда аз 1 миллиону 300 ҳазор ҷойи нишаст сохта, ба истифода супорида шудаанд”. Яъне ин собитгари он аст, ки давлату ҳукумат бо сарварии Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф эътибори аввалиндараҷа дода, барои рушди ин самт ва тайёр намудани мутахассисони баландихтисос ҳамаҷониба мусоидат менамоянд. Бо дарназардошти нақши бузурги илму маърифат Ҳукумати мамлакат дар даврони истиқлолият масъалаи рушди илму маорифро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ эълон кардааст. Умуман барои халқи мафҳуми сулҳ аҳамияти калон дорад, зеро мардуми тоҷик бо айби як идда ашхоси хоину зархарид, ки мехостанд дар Тоҷикистон як давлати исломӣ бунёд карда, мазҳаб ва фарҳанги бегонаро ба сари мардуми мо бор кунанд, сабабгори саршавии як ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ шуда, хисороти зиёди моддиву маънавиро паси сар намуданд. Маҳз ба ҳамин хотир, ҳар сол дар кишвари мо соли хониш дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бо дарси сулҳ оғоз мегардад, ки онро бевосита Пешвои муаззами миллат мегузаронанд. Мафҳуми дониш барои халқи мо аз замонҳои қадим то имрӯз як ҷузъи муҳимтарини маънавиёт ба ҳисоб меравад. Бузургони гузаштаамон донишро чароғи ақл ва ҷавшани ҷисм донистаанд. Ба қавли шоири бузург: Дониш андар дил чароғи равшан аст, В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст. Албатта, дар шароити кунунӣ, ки ҷараёни ҷаҳонишавӣ тамоми дунёро фаро гирифтааст, ҷавшани аслӣ бар тани инсонҳо ин дониш мебошад. Маҳз бо захираҳои зеҳнӣ метавон як давлати поянда ва устуворро бунёд кард. Ҳамин аст, ки Пешвои миллат, Президенти кишвар дар яке аз баромадҳои худ қайд карданд: “Ҳукумати мамлакат дар роҳи татбиқи нақшаҳои стратегии худ ҳамеша ба омӯзгорон ва умуман, ба кормандони соҳаи илму маориф такя менамояд, зеро онҳо дар ҳифзу нигаҳдошти дастовардҳои истиқлолият ва рушди минбаъдаи кишвар нақши пурарзиш доранд.” Таҷлили ботантанаи аввалин рӯзи соли таҳсил махсусан барои волидон ва донишҷӯёни курси аввал, ки бо заҳмати ҳақиқӣ ва дониши баланди худ сазовори унвони пуршарафи донишҷӯ гашта, ба ин даргоҳи илму маърифат қадам мегузоранд, аҳамияти хос дорад. Аз ин рӯ ба донишҷӯёни курси аввал муроҷиат карда гуфтаниам, ки Шумо ҷавонони хушбахтед, зеро дар даврони Истиқлол ба камол расида, бо ақлу заковати худ ба интихоби касби корманди миёнаи тиб иқдом намудед. Бовари дошта бошед, ки касби интихобнамудаи Шумо дар нигоҳдории солимии аҳолии кишварамон аҳамияти аввалиндараҷа дошта, доимо дар хизмат аст. Бори дигар барои ҳамагии Шумо соли аввали таҳсил, Рӯзи дониш муборак бошад. Директори МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” АШУРИЁН ШАҲЛО САЙФУЛЛОЗОДА 0 Мубодила кардан