Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

Паёми табрикотии директори Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” ба муносибати 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Омӯзгорон ва донишҷӯёни гиромиқадр, ҳамватанони азиз!

Имрӯз дар саросари ҷумҳурии азизамон 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Воқеан ҳам, Рӯзи Истиқлолият идест барои ҳар як фарди ватандӯст, ки барояш фаҳмишҳои ифтихор аз кишвар, хоҳиши кор кардан барои шукуфоии он, муҳаббат ба замини худ, оила, хешовандон ва дӯстон арзишманд аст.

Ин ид барҳақ рамзи озодӣ ва қудрати давлати мо дониста мешавад. Аз замони ба даст овардани истиқлолият, мардуми мо таърихи бузурги Тоҷикистонро бо дастовардҳои нав ва дигаргуниҳои бомуваффақ идома доданд, дар тӯли солҳои истиқлолият мо ба эътирофи ҷаҳонӣ ва пешрафти бузург ноил гаштем.

Мардуми шарафманди мо хусусан аз афзоиш ёфтани нақш ва нуфузи Тоҷикистон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ шод аст. Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2018-2028 ҳамчун даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” эълон гаштан ва қабули Қатъномаи он дар Созмони милали муттаҳид  бо ҷонибдории 177 кишвари аъзои ин созмон бешубҳа мисоли равшани ин гуфтаҳост.

Рӯзи Истиқлолият дар зеҳни мо як ҷузъи ҷудонашавандаи давлатдории мардуми шарафманди тоҷик сабт гардид, ки онро мардуми мо зери роҳбарӣ ва роҳнамоии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат мустаҳкам ва бунёд мекунанд. Дар ин рӯз мо якҷоя бо ҳамаи ҳамватанон худро бо сарнавишти Тоҷикистон, ки  ҳамеша намунаи кишвари осоиштаи ҳамзистии миллатҳои гуногун, ҳамсоягии нек ва меҳмоннавозӣ буд, ягона ҳис мекунем.

Дар баромади худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти кишвар зикр карданд: “Дар зарфи 30 соли сипаришуда барои расидан ба ин лаҳзаҳои пурнишот мо ҳама якҷо таҳдиду хатарҳои зиёд ва мушкилоти ниҳоят сахту сангинро паси сар кардем”. Аз ин лиҳоз мо бо Шумо одамони хушбахт ҳастем, зеро тӯли 30 сол аст, ки дар кишвари озоду мустақиле зиндагӣ мекунем, ки бо аъмоли ниёгони бузурги худ шӯҳрат ёфта, дар тӯли асрҳо орзуи давлати шукуфони мустақили демократӣ доштанд. Имрӯз мо кори онҳоро идома медиҳем ва вазифаи мо ҳифзи таърих ва истиқлолияти кишвар, иштироки фаъолона дар сохтмони давлати пешрафта мебошад, ки дар он ҳамаи мо зиндагии бароҳат ва осоишта дорем. Муҳим аст, ки якдигарро эҳтиром кунем, ҳама мушкилотро якҷоя паси сар кунем ва муваффақият ба даст орем.

Дар тӯли солҳои истиқлолият таҳти роҳбарии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон дар ҳама соҳаҳо ислоҳоти назаррас ва ҳамаҷониба анҷом дод. Дарачаи зиндагонии аҳолӣ хеле баланд шуд, дар мамлакат кори бузурги бунёдкорӣ бурда мешавад.  Зимни суханронии худ Пешвои миллат дар ҷаласаи ботантана ба муносибати 30 – солагии истиқлоли давлатӣ қайд намуданд, ки: “Маҳз татбиқи ҳадафҳои зикршуда ва амалӣ гардонидани афзалиятҳои пешбинигардида имкон дод, ки дар 20 соли охир суръати миёнаи солонаи рушди иқтисодии кишвар дар сатҳи 7,5 фоиз таъмин гардида, даромади буҷети давлатӣ аз 252 миллион сомонии соли 2000-ум то 27,6 миллиард сомонӣ дар соли 2021 афзоиш дода шавад. Ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ дар ин давра аз 289 сомонӣ то 9 ҳазор сомонӣ расида, беш аз 30 баробар зиёд гардид”. Ҳамзамон Пешвои муаззами миллат дар муроҷиати худ таъкид сохтанд, ки ин нишондиҳандаҳо бо дарназардошти талаботи замони муосир ҳоло ҳам конеъкунанда нестанд. Мо бояд шукргузор аз он бошем, ки чунин як Роҳбари азизу ғамхор ва Пешвои ҳақиқӣ дорем.

Рӯзи Истиқлолият, ки ба мо ҳисси ҳувияти миллӣ, шараф ва ифтихор, ихтиёр бар сарнавишти кишвар, ифтихор аз арзишҳо, урфу одат ва анъанаҳои миллиро баргардонд, дар таърих абадӣ боқӣ хоҳад монд ва бо ҳарфҳои заррин дар солномаи Ватани мо сабт хоҳад шуд.

Дар ин рӯзи дурахшон ва шодмонӣ, ба шумо саломатӣ, хушбахтӣ, сулҳ ва ҳамдигарфаҳмиро таманно дорам! Бигзор ҳар як рӯзи ҳаёти шумо пур аз шодӣ, гармӣ ва дастовардҳои нав барои беҳбудии Ватанамон – Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад!

Директори МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ

АШУРИЁН ШАҲЛО САЙФУЛЛОЗОДА

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.