Хабарҳо Покизагӣ – шиори мост! Бо admin Охирин навсозӣ Sep 18, 2021 0 Имрӯз бо мақсади тарғиби одоби шаҳрнишинӣ, густариши корҳои ободонӣ ва баланд бардоштани маърифати шаҳрдории донишҷуён дар Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” шанбегӣ, бо ҷалби раёсат, омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯён гузаронида шуд. Қайд кардан ба маврид аст, ки покизагӣ яке аз шиори асосии кормандону донишҷӯёни Муассиса ва умуман тамоми кормандони соҳаи тандурустӣ ба шумор меравад. Аз ин рӯ дар биноҳои таълимӣ ва хобгоҳи Коллеҷ шанбегиҳо бо ҷалби омӯзгорону донишҷӯён мунтазам гузаронида мешавад. Дар ҷараёни шанбегӣ омӯзгорон ва ҳам донишҷӯён бо як масъулияти хос ва ҳисси баланди ватандӯстӣ баҳри симои зебо ғасб намудани биноҳои таълимӣ ва дар ин ҳошия ободу зебо намудани шаҳри азизамон Душанбе, гирду атрофи биноҳоро рубучин, ҷӯйборҳои обравро тоза намуданд. Пеш 1 то 11 саҳифа Баъдӣ 0 Мубодила кардан