Санаи 25 сентябри 2021 сол бо мақсади амалан татбиқ намудани гуфтаҳои дар боло зикргардида, шанбегии дастаҷамъона бо ҷалби раёсат, омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯён гузаронида шуд. Қайд кардан зарур аст, ки шанбегӣ дар тамоми биноҳои тобеи Коллеҷ гузаронида шуд. Аз ҷумла дар Бинои асосӣ воқеъ дар кӯчаи Раҳмон Набиев, Бинои таълимии №2 воқеъ дар кӯчаи Камонгарон, Бинои таълимии №3 воқеъ дар кӯчаи Неъмат Қарабоев ва Бинои хобгоҳи Коллеҷ воқеъ дар кӯчаи Фирдавсии шаҳри Душанбе. Зимни шанбегӣ гирду атроф ва дохили биноҳо рубучин, бехи дарахтон нарм, боғчаҳо аз хазон ва ҷӯйборҳои обгузар тоза карда шуданд.
Дар ҳар як биноҳо намояндагон аз Раёсат вобаста буданд, ки аз рӯи ҷараёни шанбегӣ назорат бурда, худ ҳам фаъолона дар он ширкат меварзиданд. Шанбегӣ дар як фазои шодмонӣ гузашт.