Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

Хонаи бе китоб рӯзи бе офтоб аст.

Беҳтарин ёри вафодор китоб аст, китоб,
Ёри бе заҳмату озор китоб аст, китоб.

Китоб манбаи илму дониш, сарчашмаи дарёи ақл, маҳзани фарҳанги миллӣ, пояи тамаддуни чаҳони мутамаддин, хосса оинаи ҳаёт ва калиди дари ганҷи суханҳо аст. Осори классикон низ тавассути китоб то замони мо эҳё гардида, олами тафаккури мардумро мисли субҳ равшан мекунад. Агар дақиқтар андеша ронем, китоб рафиқи ҷонии инсон аст. Дар лаҳзаи вазнинӣ, бахусус танҳоӣ китоб дар бари мост. Воқеан, дар ягон давру замон бе китоб ғизои маънавии зиндагии рангинро наметавон тассавур намуд. Ба таъбири халқ: «Хонаи бе китоб рӯзи бе офтоб аст». Хушбахтона ин анъанаи неки гузаштагон, яъне санъати китобдориву китобхонӣ ва сухансозӣ имрӯз низ дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо мавқеи шоиста дорад. Ҳар рӯз аз тариқи нашриётҳои давлативу хусусӣ садҳо китоб ба нашр расида, ҳамчун неъмати бузург ба хони маънавии мардум гузошта мешавад.

Чунин аст, ки санаи 28 – уми сентябри соли 2021 дар Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” аз ҷониби ҶДММ “Хонаи дониш” – и бахши Ҳунарҳои мардумии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе намоиш ва фурӯши китобҳои даврони истиқлол ба намоиш гузошта шуд.

Мақсад аз баргузории намоиш ҷалби бештари устодону донишҷӯён ба китобдориву китобхонӣ буда, дар самти баланд бардоштани маънавиёти муҳассилини муассиса роҳандозӣ шудааст.

Дар раванди намоиш намояндагони ҶДММ “Хонаи дониш” дар толори фарҳангии муассиса бо донишҷӯёну омӯзгорон вохӯрӣ намуда, барои бедор намудани шавқу ҳаваси китобхониву китобдорӣ ба донишҷӯён саволу ҷавоб намуда, ба ғолибон тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.

Сардори Шӯъбаи ташкилӣ – тарбиявӣ ва кор бо ҷавонон Шаҳроми Зайниддин

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.