Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

Мулоқот бо раиси кумитаи Кор бо ҷавонон ва варзиши назди ҳукумати ҷумҳурии тоҷикистон

МУЛОҚОТИ СУДМАНД

Санаи 19 декабри соли 2017 бахшида ба Соли ҷавонон дар Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” вохӯрӣ бо раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Р.А. бо устодону донишҷӯёни муассисаи таълимӣ баргузор гардид.

Мақсад аз баргузории ин ҳамоиш пеш аз ҳама татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон бедор кардани ҳисси миллӣ ва саҳми ҷавонон дар ҳаёти сиёсию иқтисодии мамлакат, боло гузоштани арзишҳои миллӣ ва ғамхориҳои падаронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин табақаи ҷомеа мебошад. Сараввал маҷлисро муовини директор оид ба таълим Азизов З.А. оғоз намуда, меҳмононро бо аҳли нишаст шинос намуда, суханро ба Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода А.Р. доданд. Абдуллозода А.Р. зимни суханронии худ вобаста ба талошҳои пайвастаи Роҳбари давлат баҳри мутахассиси баландихтисос гардидани донишҷӯён ва унвонҷӯёни соҳаи тиб ва баҳри фароҳам овардани илмомӯзии донишҷӯёну унвонҷӯён қайд кард. Ҳамзамон, гуфта шуд, ки давлат ва ҳукумати кишвар баҳри илмомӯзии ҷавонон тамоми имкониятҳои хешро истифода намуда истодааст. Таъсиси Донишгоҳи тиббӣ дар ноҳияи Данғара намунаи олии таваҷҷӯҳи Пешвои миллат нисбат ба соҳаи тиб мебошад, зикр намуд Аҳтам Абдуллозода. Дар охир муҳассилини муассиса ба раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш суолу дархостҳои хешро пешниҳод намуда, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд. Ҳамзамон, як қатор омӯзгорону донишҷӯёни муассиса барои мусоидат дар татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон ва тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиш, иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ, бахшида ба “Соли ҷавонон” бо сипосномаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш аз ҷониби раиси Кумита сарфароз гардонида шуданд. Ҳамчунин дар ҷамъомад пешниҳод карда шуд, ки минбаъд низ чорабиниҳои гуногуни илмӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ байни донишҷӯёни Коллеҷ беҳтару хубтар ба роҳ монда шавад. Кумита дар ин самт ҳама гуна дастгирӣ ва кӯмаки худро ба муассисаи таълимӣ дареғ нахоҳад дошт, иброз намуд Аҳтам Абдуллозода.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.