Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ВОХӮРӢ БО ЗАНОН ВА ДОНИШҶӮДУХТАРОНИ МДТ «КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ»

Санаи 22 октябри соли ҷорӣ

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар асоси дастуру супоришҳои Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ ва Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занону духтарон ва татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зуроварӣ дар оила», пешгирии пошхурии хонаводаҳо, тарбияи комили насли ҷадид, таблиғу ташвиқ ва амалигардонии Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» имрӯз дар МДТ Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ вохӯрӣ доир намуд.

Сараввал ҷамъомадро муовини директор оид ба таълими амалӣ Давлатзода А.Д. бо суханронии худ оид ба мақоми зан дар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон оғоз карда, сипас меҳмононро бо ҳозирин шинос намуданд.

Дар вохӯрӣ Қурбонзода У.М. – муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Каримова А.О. – муовини Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Ҳомидзода Н.Ҳ – мудири шуъбаи ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Шарифзода С. — Судяи Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва Раҳмон Г.Қ. – мудири бахши САҲШ-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар рафти ҷамъомад ҳозирин, ки аксарияти онҳоро донишҷӯдухтарон ташкил медоданд ба меҳмонон саволҳо пешниҳод карда посухҳои амиқ гирифтанд.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.