Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ҶАМЪБАСТИ ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ИЛМ – ФУРЎҒИ МАЪРИФАТ”

Санаи 26.10.2021с. дар Литсейи Президентии №3-и шаҳри Душанбе маросими бошукӯҳи ҳавасмандгардонии даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат”, ки дар доираи амалисозии барномаи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” бо ташаббусҳои навбатии беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳавасмандгардонии қишрҳои гуногуни ҷомеа ба омўзишу донишандӯзӣ, навҷӯиву навоварӣ ва истифодаи имкониятҳои илм дар амал маҳсуб ёфта, он тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 феврали соли 2021, таҳти № АП – 44 бори аввал роҳандозӣ мегардад, ба таври тантанавӣ баргузор гардид.

Дар маросими мазкур роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, аъзои комиссияи озмун, ҳайати ҳакамон, иштирокчиёни даври шаҳрии он аз ҳисоби хонандагону донишҷӯён, ходимони илмӣ ва дигар қишрҳои ҷомеа ширкат намуданд.

Дар маросими мазкур донишҷӯёни Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ аз рӯи

  • номинатсияи математика: Урокова Таманно – донишҷӯи бахши чоруми факултети “Кори момодоягӣ”, Саидов ҷонибек – донишҷӯи бахши дуюми факултети “Истифодабарии техника ва таҷҳизотҳои тиббӣ”, Меҳронаи Умедҷон – донишҷӯи бахши дуюми факултети “Кори ҳамширагӣ баъди хатми синфи 9”;

  • номинатсияи физика: Сафарова Сабрина – донишҷӯи бахши дуюми факултети “Кори ҳамширагӣ баъди хатми синфи 9”, Азизова Мавлуда – донишҷӯи бахши дуюми факултети “Кори ҳамширагӣ баъди хатми синфи 9”;

  • номинатсияи химия: Саидов Сиёвуш – донишҷӯи бахши сеюми факултети “Кори дандонсозӣ”;

  • номинатсияи биология: Манижаи Обидҷон – донишҷӯи бахши дуюми факултети “Кори табобатӣ”;

  • номинатсияи география: Муқимзода Тӯҳфа – донишҷӯи бахши дуюми факултети “Кори ҳамширагӣ баъди хатми синфи 9”

фаъолона иштирок намуда, бо Ифтихорномаи озмун сарфароз гардонида шуданд.

Маъмурияти коллеҷ

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.