Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ҲАМОИШ БАХШИДА БА “РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН” ВА “XVI-УМИН ШӮРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН” ТАҲТИ УНВОНИ “ЗИҲӢ – ЭЙ ПЕШВОИ МИЛЛАТ”

Санаи 16 – уми ноябри соли 2021 дар толори фарҳангии Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии Ҷумҳуриявӣ” ҳамоиш бахшида ба “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “XVI-умин Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҳти унвони “Зиҳӣ – эй Пешвои миллат” баргузор гардид. Дар аввал муовини директор оид ба таълим н.и.т. Одилзода И. Ё. баромад намуда, ба ҳамоиш ҳусни оғоз бахшида, сухани табрикотии директори Муассиса н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода бахшида ба “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро ба саҳми иштирокчиёни ин ҳамоиш расонда, чунин қайд намуданд:

Таърих иборат аз давраҳои гуногуни рушд буда, ҳар давлат равандҳои хоси сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии худро дорад. Охири садаи асри XX давлати пуриқтидор – Иттиҳоди Шӯравӣ пош хўрд ва таърих барои миллати тоҷик дигарбора, пас аз беш аз 1000 сол, тӯҳфаи беҳамто – Истиқлолияти давлатиро ато намуд. Истиқлолият давлату миллати тоҷиконро ба ҷаҳон шиносонд ва ба сифати Шиносномаи миллату давлати комилхуқуқ дониста шуд.

Ба даст омадани Истиқлолият чун волотарин ва пурарзиштарин неъмат баҳогузорӣ шуд ва ба миллат имкони эҳёи таърих, дину фарҳангашро фароҳам овард, аммо ин руйдоди таърихӣ пайомади дигари вазнин ба миён овард. Душманони хориҷӣ ва дохилӣ тафриқаву низоъ, хиёнату беномусӣ ва дигар фазилатҳои пастро дар байни миллати тоҷик ворид намуданд. Миллати тоҷик бо хеш ва бо дигар қавму миллатҳо бадбиниву душманӣ пеша гирифт ва ҷанги шаҳрвандӣ оғоз шуд. Дар беш аз 5 соли ҷанги бародаркушӣ, тибқи маълумоти оморӣ беш аз 150000 ҷавонону мардон, ки байнашон фарзандони фарзона низ буданд, ҷон бохтанд. Ҳазорҳо хонаҳо вайрон ва кӯдакону модарон бе саробону сарсон монданд ва мардуми зиёд гумном гашт. Хатари нестшавии давлату миллат хеле наздик расида буд.

Маҳз дар ҳамин давра, вақте ки мамлакат дар халқаи сиёҳ печидаву ҷомеаро ноумедиву руҳафтодагӣ форо гирифта буд ва ҳеҷ кас намедонист, ки фардо чи мешавад, ба хотири барқарор ва пойдории асосҳои давлатдорӣ, таҳкими шохаҳои ҳокимият ва таъмини қонуният, сулҳ ва ризоияти миллӣ 16-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи XVI-умин Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) баргузор гардид. Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми масъулиятро ба дӯш гирифта, вазъи сиёсиву иқтисодии кишварро бо дурнамои рушди ояндаи он дар Иҷлосияи XVI муайян намуд. Шӯрои Олӣ роҳбарияти нави мамлакатро таҳти сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон интихоб кард.

Аз ҳамон лаҳза ба саҳнаи сиёсат Эмомалӣ Раҳмон ворид шуда, чунин савганд баён намуда буд, ки “Ман маъсулияти бузурги худро дар назди Ватан ва манфиатҳои давлату миллат, имрўзу фардои он, ҳифзи истиқлолу якпорчагии кишвар, амният ва садоқати халқи азизам бо тамоми ҳасти дарк менамоям ва барои ба ҷо овардани боварии кули шаҳрвандони Точикистон нерӯ ва тавоноӣ, донишу таҷриба ва гузашта аз ин, ҳастии худро дареғ намедорам”.

Маҳз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон Сарвари давлат аз лаҳзаҳои нахустини фаъолияти хеш дар ин мақоми барои сарнавишти миллату давлат хеле пурмасъулияту ҳассос барномаи мукаммали аз буҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ раҳо бахшидани кишварро ба миён гузошт.

Пешвои муаззами миллат дар як муддати кўтоҳе миллату давлати моро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуда, таҳти роҳбарии хирадмандонаи ў ба ҷанги бародаркуши таҳмилӣ хотима дода шуда, оқибатҳои он бартараф гардонида шуд ва Тоҷикистони соҳибистиқлол аз нав обод гашт.

Баъдан дар раванди ҳамоиш донишҷӯи факултети “Кори ҳамширагӣ баъди хатми синфи 9” Қосимова Ҳамида баромад намуда, чунин қайд намуд:

Тавре таърих гувоҳ аст, қадамҳои аввалини Истиқлолияти давлатии мо бо ҷанги хонумонсўз оғоз гардид, ки он аз ҷониби Ташкилоти экстремисти ва терористии Ҳизби Наҳзати Исломӣ роҳандозӣ шуда буд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳҳои расидан ба истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллиро ҷустуҷў мекард ва Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рўзҳои аввали зимоми давлатдориро ба дасти худ гирифтан пайваста талош варзиданд, то осудагию оромӣ дар саросари сарзамини азизамон ҳукмфармо гардад.

Бо талошу заҳмат, ҷонфидоиву ҷоннисориҳои Пешвои муаззами миллат 27 июни соли 1997 Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ байни Ҳукумати Тоҷикистон ва мухолифин имзо гардид ва он санаи муборак Рўзи Ваҳдати миллӣ эълон шуда, дар кишварамон ҳамасола ҷашн гирифта мешавад. Ҷомеаи ҷаҳони муосир таҷрибаи пешқадами «Сулҳи тоҷикон»-ро меомўзад ва барои насли имрўз чун намунаи беҳтарини гуфтушуниди созанда пешниҳод мекунад.

Пас аз нисбатан ором шудани вазъият Пешвои миллат баҳри пешрафти иқтисодиёт ва ба ҳам пайванд кардани минтақаҳои Тоҷикистон сохтмони роҳҳои замонавӣ ва бунёди нақбҳоро ба роҳ монданд. Сохтмони шоҳроҳи «Роҳи абрешим», бунёди нақбҳои «Анзоб», «Шаҳристон», «Шар-шар» ва «Чормағзак», сохтмонҳои қитъаҳои алоҳидаи роҳҳои мошингарди Душанбе – Хоруғ- Мурғоб, Душанбе – Рашт – Саритош, Душанбе – Хуҷанд – Чанак, Қулма-Қароқурум, роҳи оҳани Қўрғонтеппа-Кўлоб иқдомҳои Пешвои миллат буданд, ки боиси пешрафту тараққиёт гашта, мардум аз азияти ағбаҳои хатарнок растанд ва имконият фароҳам омад, то ҳаракати нақлиёт дар дохили мамлакат ва берун аз он тамоми фаслҳои сол имконпазир гардида, вазъи сафар ва боркашонӣ дар саросари кишвар беҳтар гардад.

Дастоварди бузургтарин барои ҷумҳурии мо дар тӯли 30 соли Истиқлолияти давлатӣ ин барқарор намудани сулҳу субот дар саросари кишвар, ваҳдати миллӣ, таъмини рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, болоравии ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ миёни тамоми табақаҳои ҷомеаи Тоҷикистон маҳсуб меёбад, ки маҳз ба шарофати мардуми соҳибмаърифату фарҳангдӯсти мо таҳти сарварии Пешвои муаззами миллатамон муяссарамон гардидааст.

Нақшаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз рўзҳои аввали ба ҳайси Сарвари давлат интихоб гардиданашон барои баланд бардоштани нуфузу эътибори байналмилалии Тоҷикистон ва ҳаллу фасли масълаҳои глобалии олам ниҳоят бузург ва саривақтӣ буданд. Аз ҷумла, Сарвари давлат муаллифи чор ташаббуси бузурганд, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид амалӣ шудаанд: «Соли байналмилалии оби тоза – 2003», «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об – 2013», «Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт- 2005-2015» ва «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор – 2018-2028».

Дар ин раванд қабули Қатъномаи Маҷмааи умумии СММ дар бораи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» (солҳои 2018 – 2028), ки аз ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад, аз боло рафтани эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ дарак медиҳад.

Имрӯз Тоҷикистон ба марҳалаи сифатан нави тараққиёти иқтисодиву иҷтимоии худ ворид гардидааст, ки пайгирона вусъат бахшидани ислоҳот, таъмин намудани самаранокии татбиқи он, рушди устувории қтисодӣ ва бо ҳамин васила зина ба зина беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии мардум, фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳаёти осоиштаи шаҳрвандони кишвар вазифаҳои аввалиндараҷаи ин давраи рушду нумўи мо мебошад.

Имконпазир гардидани ҳамаи ин неъматҳои зиндагӣ ва дастовардҳои дар боло зикргардида ба шарофати фазилат ва заковати Сарвари ғамхору дурандеш ва миллатдўст муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд.

Баъд аз маърузаҳо донишҷӯи бахши аввали факултети “Кори ҳамширагӣ (шабона)” қиссаеро дар бораи “Рӯзгори талхи духтари ятим дар солҳои ҷанг” пешкаши иштирокчиён намуд, ки дар қисса бисёр ваҳшониятҳову хунрезиҳои даврони ҷанги шарвандӣ ва қаҳрамониҳои Пешвои муаззами миллат низ  дарҷ ёфта буд.

Баъдан дар қисми фарҳангии ҳамоиш дастаи ҳаваскорони “Шифобахш” – и Муассиса бо шеъру сурудҳои дилнишин ва суханҳои неки худ  хотири иштирокчиёнро болида гардониданд.

Маъмурияти коллеҷ

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.