Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

Иштироки донишҷӯёни МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” дар Олимпиадаи байналмилалии давлатҳои ИДМ (СНГ)

Рузи 18.11.2021 тибқи нақша-чорабиниҳо аз тарафи кафедраи “Фанҳои морфологӣ” панҷ нафар донишҷӯёни ихтисосҳои гуногун дар Олимпиадаи байналмилалии донишҷӯёни давлатҳои ИДМ (СНГ) “Познай самого себя — Cognosce to ipsum” аз фанҳои анатомия ва физиологияи одам ки аз тарафи Департаменти нигоҳдории тандурустии  шаҳри Москваи Федератсияи Россия дар коллеҷи тиббии №7 доир гардид иштирок намуданд. Донишҷӯёни мо давоми 18 рӯз бо сарпарастии омӯзгорони кафедра Дустмухамедова Н.З, Шарипова В.В ва мудири кафедра Мирзоев М.Т бо тайёрӣ омода шуда буданд. Олимпиада бо тариқи онлайн  сурат гирифт. Дар рафти Олимпиада ҷонишини директор оид ба илм ва инноватсия Мунинзода Ҷ.С ва сармутахасиси шуъбаи илм ва инноватсия  Раҳимова Х. иштирок намуданд. Олимпиада 60 дақиқа давом ёфт ва дар равиши он саволҳои тестии пушида ва кушода, анаграммаҳо, тестҳо бо ҷавобҳои дуруст ё нодуруст, тестҳо бо ҷавобҳои мувовиқат омада, тестҳо бо роҳи як ҷавоби дуруст ва бо роҳи якчанд ҷавобҳои дуруст ҷойгузори шуда буданд. Аз тарафи ташкилкундагони Олимпиада ба ҳар як ҷавобҳои дуруст аз 2 то 5 хол дода мешуд, ки дар натиҷа донишҷӯёни мо соҳиби аз 70 то 80 холро сазовор шуданд ва аз тарафи ташкилкунандагони Олимпиадаи коллеҷи тиббии №7 шаҳри Москва ба донишҷӯёни зерин:

Дадажанова Фарангиз Сиддикжоновна донишҷӯи факултети “Кори дандонсозӣ”
Улфатшозода Сарвар
Шоҳрух донишҷӯи факултети “Кори дандонсозӣ”
Рисқдавлатзода Дилноза Уоуғбек   донишҷӯи факултети “Кори момодоягӣ”
Сулейманова Қизлархон Рустамовна донишҷӯи факултети “Кори ҳамширагӣ”
Ҳакимова Алина Айдаровна донишҷӯи факултети “Кори ҳамширагӣ” баъд аз хатми синфи 9

дипломҳои дараҷаи 3 дода шуд.  Гузаронидани чунин Олимпиадаҳо ба мо кафедраи “Фанҳои морфологӣ” таҷрибаи зиёдро ғанӣ мегардонад. Аҳли коллективи кафедра тасмим гирифтааст,ки дар якҷоягӣ бо Раёсати илм ва инноватсия ва робитаҳои байналмилалии коллеҷ барномаҳо ва нақшаҳои таълимии фанҳои морфологиро таҷдиди назар намуда дар ояндаи наздик чунин Олимпиадаҳоро дар байни коллеҷҳои тиббии ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар ба роҳ монад.Мо аҳли кормандони кафедра аз директори муассиса АШУРИЁН Ш.С. ва аҳли Раёсати коллеҷ барои дасгирӣ дар иштирок ва гузаронидани чунин озмуну Олимпиадаҳо миннатдории худро баён менамоем.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.